https://sputnik.tj/20231108/prezident-rusiya-iiao-naqshi-kalidi-1060373197.html
Президенти Русия: ИИАО дар суботи иқтисодӣ нақши калидӣ хоҳад дошт
Президенти Русия: ИИАО дар суботи иқтисодӣ нақши калидӣ хоҳад дошт
Sputnik Тоҷикистон
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё суботи иқтисодии кишварҳои узвро таъмин карда, барои боло рафтани ҷойгоҳашон дар ҷаҳон мусоидат мекунад, бовар дорад Владимир Путин
2023-11-08T16:16+0500
2023-11-08T16:16+0500
2023-11-09T11:59+0500
иттиҳоди иқтисодии уросиё
авруосиё
владимир путин
иқтисод
рушд
ииао
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0e/1058819372_0:0:3261:1834_1920x0_80_0_0_0984205f4e7a2e31f77e684e918297a2.jpg
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Дар чаҳорчӯби Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) барои рушди устувори иқтисоди кишварҳои узв шароит фароҳам оварда мешавад. Ин нуктаро президенти Русия Владимир Путин дар мусоҳиба бо "Казахстанская правда" баён дошт. Ба андешаи ӯ, модернизатсия ва афзоиши рақобатпазирии кишварҳо дар миқёси ҷаҳонӣ низ ҷараён дорад. Раҳбари Русия илова намуд, ки аз нигоҳи суботи иқтисодӣ нақши калидӣ ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дода мешавад. "Дар шароити кунунии душвори геополитикӣ ба таъмини истиқлолияти технологӣ, эҷоди инфрасохтори мустақили молиявӣ ва афзоиши ҳиссаи пули миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мешавад", - гуфт Путин.Пештар намояндаи расмии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Ия Малкина гуфта буд, ки ИИАО бояд як платформаи ҷалби бозигарони ҷаҳонӣ гардад. Ба андешаи вай, иттиҳод дар оянда бояд шукуфоии иқтисоди кишварҳои узвро таъмин кунад.
https://sputnik.tj/20231105/overchuk-mustaqil-hamkori-iiao-rushd-1060342692.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0e/1058819372_266:0:2997:2048_1920x0_80_0_0_296b9a14dd6f3cd55ab4a70bdc75046e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президенти русия, кишвар, узв, иттиҳоди иқтисодии авруосиё, рушд
президенти русия, кишвар, узв, иттиҳоди иқтисодии авруосиё, рушд
Президенти Русия: ИИАО дар суботи иқтисодӣ нақши калидӣ хоҳад дошт
16:16 08.11.2023 (Навсозишуда: 11:59 09.11.2023) Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё суботи иқтисодии кишварҳои узвро таъмин карда, барои боло рафтани ҷойгоҳашон дар ҷаҳон мусоидат мекунад, бовар дорад Владимир Путин
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Дар чаҳорчӯби Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) барои рушди устувори иқтисоди кишварҳои узв шароит фароҳам оварда мешавад.
Ин нуктаро президенти Русия Владимир Путин дар мусоҳиба бо "Казахстанская правда" баён дошт.
Ба андешаи ӯ, модернизатсия ва афзоиши рақобатпазирии кишварҳо дар миқёси ҷаҳонӣ низ ҷараён дорад.
Раҳбари Русия илова намуд, ки аз нигоҳи суботи иқтисодӣ нақши калидӣ ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дода мешавад.
"Дар шароити кунунии душвори геополитикӣ ба таъмини истиқлолияти технологӣ, эҷоди инфрасохтори мустақили молиявӣ ва афзоиши ҳиссаи пули миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мешавад", - гуфт Путин.
Пештар намояндаи расмии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Ия Малкина гуфта буд, ки ИИАО бояд як платформаи ҷалби бозигарони ҷаҳонӣ гардад. Ба андешаи вай, иттиҳод дар оянда бояд шукуфоии иқтисоди кишварҳои узвро таъмин кунад.