Назорати қабули хориҷиҳо ба шаҳрвандии Русия пурзӯр мешавад

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкРоссийский паспорт
Российский паспорт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2023
Обуна шудан
Зимни додани шиносномаи Русия ба хориҷиҳо бояд масъалаи тағйири маълумоти аввалияашон ва ҳамчунин мавҷудияти мамнӯияти вуруд санҷида шавад
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Вазири корҳои дохилии Русия, Владимир Колоколтсев дастур дод, ки назорат аз болои қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба шаҳрвандӣ пурзӯр карда шавад.
Ин нуктаро вазири корҳои дохилӣ зимни муаррифии роҳбарони сохторҳои ин ниҳод дар Чеченистон ва вилояти Оренбург баён дошт.
"Назорат ҳангоми қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба шаҳрвандии Русия, инчунин ҳангоми додани санади иқомати муваққатӣ ва иҷозатномаи будубош, дар робита ба тағйири маълумоти аввалия ва мавҷудияти мамнӯъияти вуруд ба кишвар бояд пурзӯр карда шавад", - гуфт вазир.
Ба гуфтаи Колоколтсев, барои муайян кардани шахсоне, ки аз сабти изи ангушт ва аксбардорӣ саркашӣ мекунанд, чораҳои иловагӣ бояд андешида шаванд.
Заграничный биометрический паспорт гражданина РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2023
Таҳияи шиносномаи хориҷии тоҷикӣ дар Русия мутаваққиф шуд: То кай?
Афроде, ки ба амнияти ҷамъиятӣ таҳдид мекунанд, қатъиян аз қаламрави кишвар хориҷ карда шуда, вазъи ҳуқуқии онҳо бекор карда мешавад, таъкид намуд вазир.
Дар Русия 26 октябр қонун дар бораи шаҳрвандии Русия эътибор пайдо кард. Он ба татбиқи мунтазами консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷират барои солҳои 2019-2025 нигаронида шуда, принсипҳои асосии шаҳрвандии Русияро муайян мекунад.
Ҳамин тариқ, шаҳрвандии Русия яксон ва баробар аст, новобаста аз асосҳои ба даст овардани он, шаҳрванд наметавонад аз ҳуқуқи тағйир додани он маҳрум карда шавад, зиндагӣ дар хориҷа шаҳрвандиро қатъ намекунад, шаҳрванди Русия наметавонад аз қаламрави кишвар хориҷ ё ба давлати хориҷӣ истирдод гардад.
Лентаи хабарҳо
0