https://sputnik.tj/20231103/shinosnoma-khoriji-tojik-rusiya-1060316672.html
Таҳияи шиносномаи хориҷии тоҷикӣ дар Русия мутаваққиф шуд: То кай?
Таҳияи шиносномаи хориҷии тоҷикӣ дар Русия мутаваққиф шуд: То кай?
Sputnik Тоҷикистон
Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расондааст, ки маҳдудиятҳо дар кори хадамоти консулӣ се рӯз давом хоҳанд кард
2023-11-03T17:02+0500
2023-11-03T17:02+0500
2023-11-03T17:02+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
меҳнат
шиноснома
хориҷӣ
сафорат
техникӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101381/19/1013811936_0:0:2412:1358_1920x0_80_0_0_2334a5e80c93d922a32421bb448c05e0.jpg
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Ҳуҷҷатҳо барои барасмиятдарории шиносномаи хориҷӣ дар хадамоти консулии сафорати Тоҷикистон дар Русия қабул карда намешаванд.Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Русия бо нашри як эълон хабар дод. Сафорат ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расондааст, ки маҳдудиятҳо дар кори хадамоти консулӣ се рӯз давом хоҳанд кард ва онро ба сабабҳои техникӣ рабт додаст. "Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон расонда мешавад, ки бинобар сабабҳои техникӣ аз 3 ноябр то 6 ноябри соли 2023 дар Хадамоти консулии сафорат таҳияи шиносномаи хориҷӣ маҳдуд карда шуда, ҳуҷҷатҳо барои барасмиятдарории шиносномаи хориҷӣ қабул карда намешаванд", - омадааст дар эълон. Маврид ба зикр аст, ки дар Русия садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон кору иқомат доранд, ки таҳияи шиноснома яке аз хадамоти серталаб ба шумор меравад. Теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ тоҷик дар Русия ҳудуди 1 млн нафар арзёбӣ мешавад, ки қабулкунандаи калонтарини муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба шумор меравад.
https://sputnik.tj/20231025/mushiston-khostor-nazorat-beshtar-muhojiron-1060141306.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101381/19/1013811936_176:0:2412:1677_1920x0_80_0_0_e3c08e9948f212f031580d17348f5182.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шиноснома, таҳия, хориҷӣ, русия, дигарбора
шиноснома, таҳия, хориҷӣ, русия, дигарбора
Таҳияи шиносномаи хориҷии тоҷикӣ дар Русия мутаваққиф шуд: То кай?
Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расондааст, ки маҳдудиятҳо дар кори хадамоти консулӣ се рӯз давом хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Ҳуҷҷатҳо барои барасмиятдарории шиносномаи хориҷӣ дар хадамоти консулии сафорати Тоҷикистон дар Русия қабул карда намешаванд.
Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Русия бо нашри як эълон хабар дод.
Сафорат ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расондааст, ки маҳдудиятҳо дар кори хадамоти консулӣ се рӯз давом хоҳанд кард ва онро ба сабабҳои техникӣ рабт додаст.
"Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон расонда мешавад, ки бинобар сабабҳои техникӣ аз 3 ноябр то 6 ноябри соли 2023 дар Хадамоти консулии сафорат таҳияи шиносномаи хориҷӣ маҳдуд карда шуда, ҳуҷҷатҳо барои барасмиятдарории шиносномаи хориҷӣ қабул карда намешаванд", - омадааст дар эълон.
Маврид ба зикр аст, ки дар Русия садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон кору иқомат доранд, ки таҳияи шиноснома яке аз хадамоти серталаб ба шумор меравад.
Теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ тоҷик дар Русия ҳудуди 1 млн нафар арзёбӣ мешавад, ки қабулкунандаи калонтарини муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба шумор меравад.