Ҷашни Конститутсияи Тоҷикистон: Тафсилоти баҳсу қабули санади тақдирсоз

© Sputnik / Амир ИсаевКонституция республики Таджикистан
Конституция республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2023
Обуна шудан
Рӯзи 6 ноябр дар тамоми Тоҷикистон 29-умин солгарди қабули Конститутсия таҷлил мешавад, рӯйдоде, ки рамзи пирӯзиҳои ҷумҳурӣ бар ҷангу гуруснагию харобиҳост
ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Кор барои таҳияи Конститутсияи Тоҷикистон, санади олии ҳуқуқии давлат моҳи августи соли 1990 оғоз гардид. Пас аз 2 сол, гурӯҳи дуюми корӣ таҳти роҳбарии Нурулло Ҳувайдуллоев, ки он замон додситони кулли ҷумҳурӣ буд, ба ин кор пардохт.
Моҳи апрели ҳамон сол лоиҳаи Конститутсия барои муҳокимаи умумихалқӣ дар матбуот чоп карда шуд. Аммо ҷанги дохилӣ сар заду, қабули қонуни асосии ҷумҳуриро ба таъхир андохт.
Моҳи ноябри соли 1993 таҳияи санад аз сар гирифта шуд, ки барои он гурӯҳи корӣ таҳти сарварии муовини аввали раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Абдулмаҷид Достиев таъсис ёфт. Ба ҷуз аз ӯ, ҳуқуқшиносони маъруф, ба мисли Раҳматилло Зоиров, Зариф Ализода, Халифабобо Ҳомидов, Ашӯрбой Имомов ва дигарон узви ин гуруҳ шуданд.
Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2023
Раҳмон тоҷикистониёнро бо Рӯзи Конститутсия шодбош гуфт
Дар маҷмуъ ду гузинаи қонуни асосӣ омода шуда, ҳардуи онҳо - яке ҷумҳурии президентию дигаре парлумониро дар бар мегирифт, барои баррасӣ ба Комиссияи конститутсионӣ таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, ки он замон раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон буд, пешниҳод карда шуд.
Аъзои комиссия баъди омӯзиш тарҳи аввалро интихоб намуда, онро ба баррасии омма пешниҳод намуданд. Лоиҳа бештар аз ду моҳ муҳокима шуд ва дар ин муддат ба Шурои Олии ҷумҳурӣ зиёда аз 8,5 хазор таклиф дохил шуд.
Бар асоси натоиҷи нахустин раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Тоҷикистон қабул шуд. Ҳудуди 95,7% ё 2,6 млн овоз) ба тарафдории Конститутсия ва наздики 4,3% ё беш аз 105 ҳазор овоз ба муқобили он раъй доданд.
Қонуни асосӣ аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, тайи солҳои мавҷудияташ 3 бор ба он тағйирот ворид гардид.
Заглушка к инфографике Праздничные и выходные дни в Таджикистане в ноябре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2023
Тоҷикистониён дар моҳи ноябр чанд рӯз истироҳат доранд
Дар тағйироти аввал, ки 26 сентябри соли 1999 ворид шуд, муҳлати президентӣ аз 5 то 7 сол вале танҳо барои як муҳлат муқаррар шуда, парлумони дупалатаӣ ва иҷозати сабти ҳизбҳои сиёсии динӣ роҳандозӣ гардид.
Бастаи дуюми тағйирот аз 22 июни соли 2003 лағви маҳдудияти интихоби якдафъаина ба мақоми сарвари давлатро фаро гирифт.
Ниҳоят дар бастаи сеюми ислоҳот аз 22 майи соли 2016 синни довталабон ба мақоми президентии Тоҷикистонро 5 сол аз 35 ба 30 поин бурда буд.
Дар Конститутсияи кишвар ҳамчунин институти “Пешвои миллат” сабт шуда, Эмомалӣ Раҳмонро аз салоҳиятҳои алоҳида, аз ҷумла ҳаққи пешниҳоди номаҳдуд ба мақоми сарвари давлат, бархӯрдор намуд.
Конститутсияи ҳар як давлат заминаест, ки тавоноӣ, некӯаҳволӣ ва ояндаи он бар ин санад асос меёбад.
Герб и флаг Таджикистана в Джабборском Расуловском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2022
Лоиҳаи ҷумҳурии парламентӣ низ таҳия шуда буд: тафсилоти қабули Конститутсияи Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон борҳо зарурати зиндагӣ бар асоси Конститутсия ва қонунҳоро таъкид карда, афзуд, ки дар ин замина бояд сӯи татбиқи ҳадафҳои стратегии ҳукумат ва тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи ватандӯстию эҳтироми қонун ҳаракат намуд.
Аз он, ки ҷумҳурӣ ба роҳи рушди устувони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баромадааст, бармеояд, ки қонуни асосӣ нақши муҳаррики ҷомеаро ба хубӣ иҷро карда истодаасту кишвар минбаъд низ сӯи тараққиёту таҳкими мавқеъ дар арсаи байналмилалӣ ҳаракат хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0