Лоиҳаи ҷумҳурии парламентӣ низ таҳия шуда буд: тафсилоти қабули Конститутсияи Тоҷикистон

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонГерб и флаг Таджикистана в Джабборском Расуловском районе
Герб и флаг Таджикистана в Джабборском Расуловском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2022
Обуна шудан
Таърихи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба замони нооромиҳои дохилӣ рост омада, борҳо лоиҳаи қонуни асосӣ дар шаклҳои мухталиф таҳияю пешниҳод шуда буд
ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Ноиби аввали раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода тафсилоти таърихи қабули Конститутсияи кишвари соҳибистиқлолро баён дошт.
Ватанзода зимни як ҳамоиш дар парлумон гуфт, солҳои навадуми асри гузашта дар бобати қабули Конститутсияи нав гуфтугузорҳо зиёд буданд.
Дар банди 19-уми Эъломия дар бораи соҳибихтиёрии Тоҷикис­тон аз 24 августи соли 1990 қайд гардида буд, ки "Эъломияи мазкур барои таҳияи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бастани шартномаи иттифоқӣ асос мебошад".
Дар асоси ин меъёр, бо қарори Совети Олии РСС Тоҷикистон Комиссияи тайёр намудани лоиҳаи Конститутсияи нави РСС Тоҷикис­тон дар ҳайати 53 нафар ташкил шуд, овардааст нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли Ватанзода.
Ӯ изҳор дошт, ки комиссияи мазкур шакли ибтидоии Конститутсияи ҷумҳуриро омода кард, ки он аз 150 модда иборат буд, аммо ба далели пошхӯрии шӯравӣ, комиссия корашро то охир нарасонд.
Конституция Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2022
Далелҳои муҳим дар бораи конститутсияи Тоҷикистон
Баъди пошхӯрии шӯравӣ, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми январи соли 1992 ҳайати Комиссияи конститутсиониро тасдиқ намуд, ки лоиҳаро 22 апрели соли 1992 ба муҳокимаи умумихалқӣ тавсия кард. Муҳлати ҷамъбасти муҳокимаи лоиҳаи зикршуда 1-уми июли соли 1992 муайян шуда буд, аммо оғози ҷанги шаҳрвандӣ, имкон надод, он қабул гардад, афзуд Ватанзода.
Вай илова намуд, ки дар Иҷлосияи ҳабдаҳуми Шӯрои Олӣ дар моҳи июли соли 1993 ба ҳайати Комиссияи конститутсионӣ тағйирот шуда, раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон раиси комиссия шуд.
Моҳи сентябри соли 1993 гурӯҳи корӣ дар ҳайати 13 нафар барои таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав таъсис ёфта, он моҳи апрели соли 1994 ба Комиссияи конститутсионӣ ду лоиҳа - яке лоиҳаи Конститут­сияи ҷумҳурии парламентӣ ва дигаре лоиҳаи Конститутсияи ҷумҳурии президентиро пешниҳод кард.
Конституция республики Таджикистан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2022
Маълум шуд, ки тоҷикистониён Рӯзи конститутсияро чигуна таҷлил мекунанд
Комиссияи конститутсионӣ лоиҳаи ҷумҳурии президентиро тасдиқ ва ба муҳокимаи умум гузошта, зиёда аз 8 ҳазор таклифу пешниҳодҳо ба комиссия ворид гардидаст.
Инчунин зикр шудаст, ки нахуст бо пешниҳоди раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон референдум моҳи июл ва интихоботи президенти ҷумҳурӣ 25-ум сентябри соли 1994 таъйин гардид.
"Баъдан, бо мақсади ҷалби васеи шаҳрвандон дар муҳокима ва қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз рӯзи раъйпурсӣ 6 ноябри соли 1994 муайян карда шуд", - изҳор дошт Ватанзода.
Вай таъкид намуд, ки маҳз 6 ноябри соли 1994 халқи Тоҷикистон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи ҷумҳуриро қабул намуд, ки он дар рушди давлатдории тоҷикон саҳифаи навро кушод.
Лентаи хабарҳо
0