Тоҷикистониён дар моҳи ноябр чанд рӯз истироҳат доранд

Обуна шудан
Дар авоили моҳи ноябр шаҳрвандони Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Конститутсия ҳафтаи кӯтоҳи корӣ хоҳанд дошт.Тибқи қонун ин рӯз рӯзи истироҳат аст
Дар моҳи ноябр тоҷикистониён ба хотири Рӯзи Конститутсия таътили тӯлонӣ хоҳанд дошт.
Ид, ки 6 ноябр таҷлил мешавад, имсол ба рӯзи душанбе рост меояд, аз ин рӯ рӯзҳои истироҳатро як рӯзи дигар тамдид мекунад.
Илова бар ин, дар Тоҷикистон дар моҳи ноябр боз ду ид - Рӯзи Президент, ки ба 16-ум рост меояд ва Рӯзи Парчами давлатӣ аст, ки онро рӯзи 24-ум таҷлил мекунанд.
Маълум шуд, тоҷикистониён дар Соли нав чанд рӯз истироҳат мекунанд
Аммо дар ин ду рӯзи ид ба шаҳрвандни истироҳат дода намешавад.
Маврид ба зикр аст, ки 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ба ифтихори он дар кишвар ҷашни давлатӣ - Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон эълон гардид, ки соли 1998 расман ба феҳристи санаҳои давлатии Тоҷикистон шомил шуд.
Лентаи хабарҳо
0