Нақшаи бунёди беш аз 100 иншоот дар ноҳияи Носири Хусрав

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкПредприятия по пошиву одежды
Предприятия по пошиву одежды - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2023
Обуна шудан
Қариб нисфи иншооте, ки бунёдашон дар доираи таҷлил аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав ба нақша гирифта шуда буд, анҷом ёфтанд
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Таъмиру бунёди 52 иншоот дар ноҳияи Носири Хусрав ба маблағи 5,2 млн сомонӣ ба истифода дода шудааст.
Дар ин бора мақомоти ноҳия хабар дода, афзудааст, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъмиру бунёди 112 иншоот ба нақша гирифта шудаст.
Танҳо дар соли 2022 33 иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, афзуд манбаъ.
Швея на производстве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2023
Дар Душанбе 7 корхонаи нави саноатӣ кушода шуд
Таъкид шудааст, ки аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо ба пешвози ин ҷашни миллӣ корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшидаанд.
Аз ҷумла беш аз 17 ҳазор ниҳол ва зиёда аз 47 ҳазор гулҳои навъи мухталиф шинондаанд.
Дар ин миён беш аз 8 ҳазор ниҳоли дарахти сояафкан, 5 ҳазор ҳамешасабз, зиёда аз 4 ҳазор ороишӣ мебошанд.
Дар феҳрасти иншооти фаъолгардида, аз ҷумла фермаи мурғпарварии дорои 10 ҳазор сар мурғи гӯштӣ, тарабхонаю меҳмонхона ва нуқтаҳои хизматрасонӣ зикр гардидаанд.
Лентаи хабарҳо
0