https://sputnik.tj/20231031/dushanbe-korkhona-navi-sanoat-kushoda-1060243227.html
Дар Душанбе 7 корхонаи нави саноатӣ кушода шуд
Дар Душанбе 7 корхонаи нави саноатӣ кушода шуд
Sputnik Тоҷикистон
Иншоотҳо дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода шуданд, ки 4000 ҷойи нави кориро фароҳам сохт
2023-10-31T12:52+0500
2023-10-31T12:52+0500
2023-10-31T13:07+0500
дар тоҷикистон
душанбе
эмомалӣ раҳмон
корхонаи либосбарорӣ
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/19/1033071242_0:285:3076:2015_1920x0_80_0_0_ebf5bf31e052965cf364e28eb063613e.jpg
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон якбора ҳафт корхонаи нави саноатӣ ифтитоҳ гардид. Дар ин маросим раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ширкат доштанд. Гуфта мешавад, ки дар ин корхонаҳо беш аз 4 ҳазор нафар метавонанд бо кор таъмин шаванд. Иншооти мазкур дар чаҳорчӯби Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва ба ифтихори 35-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат. Гуфта мешавад, ки корхонаҳо ҷавобгӯ ба низоми ҷаҳонӣ бунёд шуда, таҷҳизоти онҳо аз Русия, Чин ва Туркия ворид шудааст.Ҳамин тариқ, пас аз таъмир дар ҶСК "Гулистони Душанбе" ба истифода додани 3 хатти нави технологии замонавӣ роҳандозӣ гардид, ки дар онҳо истеҳсоли шиму костюми мардонаву занона бо истифода аз технологияи ҳозиразамони ширкатҳои бонуфӯзи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуд.Гуфта мешавад, ки корхона имкон дорад дар як сол то 2 миллион либосҳои махсуси корӣ барои фасли тобистону зимистон, шиму костюм, либоси мактабӣ, варзишӣ, курта ва рахти хоб, дар маҷмуъ 250 номгӯйи маҳсулот истеҳсол намояд.Ин имкон медиҳад, ки истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот суръат бахшад ва ба таъмини шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва бахши иҷтимоӣ мусоидат намояд. Инчунин дар пойтахт корхонаи нассоҷии ҶДММ "Арвис" ва корхонаи қаннодии ҶДММ "Амирӣ" кушода шуданд. Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар шаҳр корхонаву коргоҳҳо бунёд ва азнавсозӣ шуда, ба ин васила афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва шумораи ҷойҳои корӣ таъмин мегардад.
https://sputnik.tj/20230623/shirkatho-rusiya-moi-i-tojikiston-korkhona-mesozand-1057875054.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/19/1033071242_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_d0ff2e5b44c4024a07b9e9e08a88045b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе корхона нави саноатӣ кушод
душанбе корхона нави саноатӣ кушод
Дар Душанбе 7 корхонаи нави саноатӣ кушода шуд
12:52 31.10.2023 (Навсозишуда: 13:07 31.10.2023) Иншоотҳо дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода шуданд, ки 4000 ҷойи нави кориро фароҳам сохт
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон якбора ҳафт корхонаи нави саноатӣ ифтитоҳ гардид.
Дар ин маросим раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ширкат доштанд.
Гуфта мешавад, ки дар ин корхонаҳо беш аз 4 ҳазор нафар метавонанд бо кор таъмин шаванд.
Иншооти мазкур дар чаҳорчӯби Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва ба ифтихори 35-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Гуфта мешавад, ки корхонаҳо ҷавобгӯ ба низоми ҷаҳонӣ бунёд шуда, таҷҳизоти онҳо аз Русия, Чин ва Туркия ворид шудааст.
Ҳамин тариқ, пас аз таъмир дар ҶСК "Гулистони Душанбе" ба истифода додани 3 хатти нави технологии замонавӣ роҳандозӣ гардид, ки дар онҳо истеҳсоли шиму костюми мардонаву занона бо истифода аз технологияи ҳозиразамони ширкатҳои бонуфӯзи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуд.
Гуфта мешавад, ки корхона имкон дорад дар як сол то 2 миллион либосҳои махсуси корӣ барои фасли тобистону зимистон, шиму костюм, либоси мактабӣ, варзишӣ, курта ва рахти хоб, дар маҷмуъ 250 номгӯйи маҳсулот истеҳсол намояд.
Ин имкон медиҳад, ки истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот суръат бахшад ва ба таъмини шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва бахши иҷтимоӣ мусоидат намояд.
Инчунин дар пойтахт корхонаи нассоҷии ҶДММ "Арвис" ва корхонаи қаннодии ҶДММ "Амирӣ" кушода шуданд.
Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар шаҳр корхонаву коргоҳҳо бунёд ва азнавсозӣ шуда, ба ин васила афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва шумораи ҷойҳои корӣ таъмин мегардад.