Иттиҳодияи Аврупо ҷӯёи иттифоқчиён дар ҷанг алайҳи Русия мебошад

© Foto / Официальный сайт Президента Республики КазахстанПрезидент Казахстана Касым-Жомарт Токаев и президент Франции Эммануэль Макрон во время встречи в Астане
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев и президент Франции Эммануэль Макрон во время встречи в Астане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2023
Обуна шудан
Аврупоиён то ҳол кӯшиш доранд, ки ҳамсоягони Русияро чун иттифоқчёни худ истифода намояд, аммо бештари вақт талошҳо бенатиҷа мемонанд
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Пас аз фурӯпошии лоиҳаи зиддирусӣ дар Украина, ки холо метавонем дар бораи он ошкоро гӯем, пас аз суқути сиёсати неоколониалӣ дар Африқои Ғарбӣ, пас аз нокомии ошкори маҳдуд кардани Русия ва иқтисоди он бо ҷорӣ кардани таҳримҳо, пас аз кӯшиши дар инзиво гузоштани мамлакати моро аз чихати сиёсӣ, аврупоиҳои “камзули ақибнадошта” (яъне бесалоҳият) карор доданд, ки маҳз бо ҳамин мақсадҳо ба Осиёи Миёна дохил шаванд.
Макронро, ки дар кишвари худаш дигар ба беш аз 70 дарсади интихобкунандагон ба ӯ бовар надоранд, барои бурдани корҳои иктишофӣ, яъне ба разведка фиристоданд. Барояш аз Париж дуртар рафтан айни муддаост, то ҳадди аққал дар саҳифаи рӯзномаҳо аз ҷиҳати мусбӣ боқӣ мемонад. Ҷое, ки дар он таваррум нест, хучуми кайкҳо, камбагалӣ ва ҳамаи он чизе, ки мандати дуюми президенти интихобшуда ба фаронсавиҳо овард.
Соҳиби Қасри Елисей рӯзҳои чаҳоршанбе ва панҷшанберо дар сафар ба Қазоқистон ва Узбекистон гузаронд. Дар он ҷо вай чеҳраи нек дар бозии бад вонамуд мекард, чунки чанде пеш матбуоти Фаронса хар ду давлатро "автократӣ" номида, онҳоро дар "вайрон кардани ҳуқуқҳо", инчунин "набудани озодиҳои асосӣ" маломат мекард. Аммо ҳолат дигар шудааст, дурусттараш онро дигар карданд ва акнун табассуми доимӣ мавриди истифода қарор дошт.
Монета номиналом один рубль. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2023
"Иқтисоди мо дар ҳоли харобист": Аврупо аз муваффақиятҳои Русия хашмгин аст
Чӣ рӯх дод, ки Макронро маҷбур кард, ки ҳазорҳо километр парвоз кунад ва вақтро дар гуфтушунидҳо гузаронад?
Он чӣ рух дод, ки Париж дар Африқо зарбае хӯрд, ки дар он ҷо дастрасиро ба захираҳои соҳаҳои калидӣ маҳдуд карданд, соҳаҳое, ки бе ин ҳам дар ҳоли зор мондаанд. Ва ҳамчунин таҳримҳо рӯи кор омаданд, ки Фаронсаро ҳам аз захираҳои энергетикӣ ва ҳам аз таъминоти металлҳои нодир маҳрум карданд. Ҳамаи ин бошад, барои саноат, ки ҳоло гӯё зери дастгоҳи нафаси сунъӣ қарор дорад, хеле зарур аст. Ва на дар вақти номуаян, балки фардо.
Қазоқистон, ки дар онҷо ҳам конҳои уран ва ҳам конҳои металҳои нодир вуҷуд дорад, ба фикри онҳое, ки ин сафарро омода кардаанд, дар ин замина бояд Русияро иваз кунад. Матбуот шарҳ додааст, ки шояд Фаронса ва Иттиҳодияи Аврупо чӣ гуна якҷоя амал мекунанд ва ҳамзамон таърифи Остонаи расмиро аз ҳар ҷиҳат фаромӯш намекарданд.
Аз афти кор, шӯъбахои дахлдори вазорати корҳои хориҷии Фаронса матолиби Оҷонсии Иттилоотии Русияро намехонанд. Зеро каме бештар аз шаш моҳ пеш ҳамкорам Савчук шарҳ дода буд, ки чӣ гуна муносибатҳо дар соҳаи энергетикаи атомӣ кишвари моро ва Қазоқистон мепайвандад.
Фаронса, чун дар он шӯхӣ, дар чунин вазъ метавонад танҳо "руҳан бо Маскаву Остона" боқӣ монад, зеро дилрабоӣ ҷаззоб аст, вале шартномаҳо, ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва кори муштарак саҳнаи дигар аст. Ва ҳеҷ як сиёсатмадори оқил мушаххасиятро ба хотири хушмуомилагии дурӯя қурбон намекунад.
Председатель правительства РФ М. Мишустин выступил с отчетом в Госдуме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2023
Мишустин мегӯяд, Русия метавонад гардиши колоро дар кишварҳои ИИАО ва ИДМ афзоиш диҳад
Бо Узбекистон ҳам аҳвол чунин буд. Ва маҳз ҳамон хатти рафтори интихобкардаи Макрон. Аммо дар ин ҷо хам ниятҳои Париж баҳри вайрон кардани муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва кори якҷоя, ки манфиатҳои тарафайнро ба назар мегирад, бо шикасти комили пешбинишаванда анҷом ёфт.
Метавонед, албатта, ҳарфҳои дуруст бигӯед, хайрхоҳона табассум кунед ва дар бораи пешрафту демократия ҳарф занед, аммо пас аз нокомиҳои сершумор дар ҳама ҷо, таваҷҷӯҳ ба сухан кам ва ҳатто хеле кам мегардад.
Инчунин ҳеҷ гуна қартаҳои бақувват вуҷуд надоранд - қартоҳои воқеан муҳим ва боварибахш. Пас чаро Аврупо маҳз имрӯз ба Осиёи Марказӣ ниёз дорад?
Ҷавобро як маводи нашрияи Politico пешниҳод кардааст. Воситаи ахбори омма, ки ба соддадилии он гумон кардан душвор аст, дар сарлавҳа ҳама чизро дар ҷои худ мегузорад. Дар он омадааст: "Макрон дар ҷустуҷӯи дӯстони нав ва уран дар “ҳавлии қафои” Путин фурӯд меояд."
Аз афташ, дар Politico на он қадар одамони босалоҳият кор мекунанд. Дар акси ҳол, онҳо на танҳо бояд мақолеро медонистанд, ки "забони ман душмани ман аст", балки суханҳои тобиши ошкори неоколониализм доштаро кам мекарданд. На Қазоқистон, ки бо Русия бо бузургтарин марзи хушкӣ пайваст аст ва на Узбекистон, ки кишвари мо бо он равобити самимӣ дошт ва ҳоло ҳам дорад, "ҳавлии қафои" касе шуда наметавонад.
Гоблин о поездке Макрона в Казахстан и Узбекистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2023
Коршинос дар бораи ҳадафҳои сафари Макрон ба Осиёи Марказӣ: видео
Инҳо давлатҳои соҳибихтиёр ва мустақил мебошанд, ки ҳам дар дохили мамлакат ва ҳам дар берун аз он сиёсати мустақилона доранд. Ва Русия дар тӯли сӣ соли мавҷудияти ИДМ ҳеҷ гоҳ ба онҳо ҳамчун зертобеъ муносибат намекард.
Ин маҳз модели сирф аврупоии муносибатҳост, ки дар он баробарҳуқуқҳо ва онҳое, ки бештар баробаранд, шарикони калон ва шарикони хурд вуҷуд доранд.
Бо паҳн кардани чунин фикрҳо, чӣ воситахои ахбори омма, чӣ худи сиёсатмадорон намефахманд, ки онҳо сирри худро фош мекунад ва “мӯйҳои сурхи навмустамликавии” онҳо на танҳо ба ҳамаи сиёсатмадорони боакл маълуманд, балки аз шалғами талх ҳам дилбазантар шудаанд. Макрон метавонад бо худ ҳама гуна ҳайатҳои соҳибкорони калонро биёрад, ӯ метавонад ваъдаҳои бешумор диҳад, аммо ба суханони ӯ, ки худи фаронсавиён ба онҳо бовар надоранд, кӣ гӯш мекунад?
Аз ин рӯ, мо кафолат дода метавонем, ки ин кӯшиши пайдо кардани иттифоқчиёни нав дар ҷанге, ки Аврупо алайҳи Русия мебарад, барбод рафт. Бебозгашт ва дар пеши назари хама.
Лентаи хабарҳо
0