https://sputnik.tj/20231016/iqtisod-kharobist-avrupo-muvaffaqiyat-rusiya-1059982297.html
"Иқтисоди мо дар ҳоли харобист": Аврупо аз муваффақиятҳои Русия хашмгин аст
"Иқтисоди мо дар ҳоли харобист": Аврупо аз муваффақиятҳои Русия хашмгин аст
Sputnik Тоҷикистон
Фаъолият дар бахши истеҳсолии Русия моҳи ҳафтум паиҳам афзоиш меёбад. Дар баробари ин иқтисоди Аврупо, ки сиёсати таҳримро пеш гирифтаст, рӯ ба таназзул аст
2023-10-16T19:29+0500
2023-10-16T19:29+0500
2023-10-16T19:33+0500
дар русия
иқтисод
пешгӯӣ
рушд
аврупо
таҳрим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0b/1045763349_0:276:3151:2048_1920x0_80_0_0_241633ef68863c06fa4eb8894b006b9e.jpg
ДУШАНБЕ, 16 окт— Sputnik, Наталя Дембинская. Тибқи пешгӯии СММ, Русия имсол аз ҷумлаи ками кишварҳои G20 хоҳад буд, ки динамикаи мусбати иқтисодӣ дорад. Дар Аврупо ҳисси ноумедӣ аён аст: пешоҳангҳои иқтисодӣ дар таназзуланд, нишондиҳандаҳои асосӣ ба ҳадди ақал афтоданд. Дар Фаронса аз фурӯпошии иқтисод эълон карданд, Олмонро бошад, "заъифтарин ҳалқа" дар Иттиҳоди Аврупо номиданд.Афзоиши максималӣТибқи маълумоти S&P Global, нишондиҳандаҳои фаъолияти корӣ дар сектори истеҳсолии PMI то 54,5 афзоиш ёфтааст. Дар моҳи август он 52,7 буд. Агар аз 50 зиёд бошад, саноат мустахкам мешавад, агар поёнтар суст мешавад. Дар Русия моҳи ҳафтум паиҳам афзоиш ба мушоҳида мерасад.Тавре таҳлилгарон қайд мекунанд, ин ҳол бештар ба афзоиши талаботи дохилӣ вобаста аст. Шуғл дар бахши воқеӣ бо суръати баландтарин дар 23 соли охир афзоиш меёбад. S&P Global инчунин беҳбудии якбораи имконоти амалиётиро ба қайд гирифт.Ин динамика натиҷаи мутобиқшавӣ ба маҳдудиятҳои беруна мебошад ва ин раванд нисбати интизорот босуръаттар идома дорад. Истехсолот, сохтмон, савдои яклухт ва чакана васеътар мегарданд.Ҳадди максималии фаъолиятМувофиқи маълумоти хадамоти омории Русия, дар моҳи август истеҳсоли маҳсулот 5,4 фоиз афзоиш ёфтааст. Аз моҳҳои апрел-май сар карда, нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ дар сатҳи 110 фоиз нисбат ба нишондиҳандаҳои соли 2020 боқӣ монд.Бонки Русия хабар медиҳад, ки дар семоҳаи дуюм иқтидорҳои истеҳсолӣ ба ҳадди таърихии 81 фоиз расид. Рекорди қаблӣ дар семоҳаи аввал ба андозаи 80,3 фоиз буд. Нишондиҳандаҳои беҳтарин дар корхонаҳои истихроҷи маъдан (82,6%), истеҳсолӣ (75,6%) ва сохтмон (77,7%) ба қайд гирифта шуданд.Мувофиқи нишондоди Бонки Марказии Русия, корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолиятро “дар заминаи тамаркузи диққат ба талаботи дохилӣ ва пурзӯр кардани барномаҳои ивазкунии маҳсулоти воридотӣ” афзоиш медиҳанд. Мутаносибан фаъолияти инвеститсионӣ тақвият меёбад.Рекорд инчунин дар Донишкадаи сиёсати иқтисодии ба номи Егор Гайдар (IEP) сабт шудааст. Аз рӯи ҷамъбасти ду семоҳа сарбории иқтидороти истеҳсолӣ 76,7 фоиз (соли гузашта 76,5 ) ташкил дод. Соҳаҳои истехсоли когаз ва махсулоти когазӣ — 83,6, бофандагй ва либос — 81,5% дар ин ҷода пешсафанд.Маҳсулоти воридотиро ширкатҳои ватанӣ фаъолона иваз мекунанд.Дар нимаи аввали соли ҷорй истеҳсоли компютерҳо, маснуоти электронй ва оптикӣ 71,6 фоиз, воситаҳои нақлиётӣ — 51,7, маҳсулоти тайёри металлӣ — 45,8, таҷҳизоти электрикӣ — 32,1, либос 44% афзоиш ёфтааст.Бозорро тарк кардани истеҳсолкунандаҳои ғарбӣ барои рушди саноати сабук имкони хуб фароҳам овард. Истехсолкунандагони воситахои шустушуӣ, либос, хурокворӣ ва хӯроки чорво нишондиҳандаҳои истеҳсолиро беҳтар карданд.Самти боркашонӣ низ дар ҳоли рушд аст. Пас аз он, ки нафтрасонҳои хориҷӣ аз тарси таҳримҳои дуввум аз интиқоли нафти Русия худдорӣ карданд, фармоишҳои ширкатҳои боркашонӣ ба таври назаррас афзоиш ёфт.Таназзули назаррасДар Аврупо вазъият дигар аст. Фаъолияти иқтисодӣ дар Британияи Кабир дар моҳи сентябр ба 46,8 коҳиш ёфт (дар моҳи август 48,6). Ва ин ҳам дар дар дуюним сол аст. Сохаи хизматрасонй суст шуда, истехсоли махсулот кам гардид.Фаъолияти иқтисодӣ коҳиш меёбад, изҳор дошт S&P Global. Эҳтимолияти таназзул афзоянда аст. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар семоҳа 0,4 фоиз паст гардида, коҳиш танҳо суръат мегирад.Дар Олмон, бино ба гузориши Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти иқтисодии Донишгоҳи Мюнхен, кохишёбӣ аз моҳи апрел то инҷониб дида мешавад, дар бахши сохтмон бошад, аз моҳи январи соли 2009. Ширкатҳо эътироф мекунанд, ки вазъ бадтар шудааст ва рӯҳафтодагӣ бештар шудааст.Иқтисодиёти Олмон дар ҳоли таназзул аст. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбати семоҳаи охири соли 2022 0,3% коҳиш ёфт (он замон сатҳи коҳиш 0,5 % буд).Дар ҳисоботи сентябрии Бундесбонк иттилоъ дода шуд, ки дар семохаи чорум низ вазъ беҳбудӣ намеёбад, зеро саноат рушд намекунад ва истеъмоли хусусӣ бошад, он қадар таъсиргузор нест.Нашрияи бритонии The Telegraph изҳор медорад, ки Олмон ба “заъифтарин ҳалқаи” Иттиҳоди Аврупо мубаддал гаштааст. Нишондиҳандаи якҷояи минтақаи Аврупо ба 43,3 нуқта баробар шуд. Сабабҳои таназули иқтисодӣ баланд шудани нархи захираҳои энергетикӣ, болоравии таваррум ва меъёрҳои фоизии бонки марказии аврупоӣ унвон мешаванд.Дар Фаронса бошад, дар умум аз “фурӯпошии иқтисод” эълон дошта, мақомоти аврупоиро дар ин кор айбор медонанд. Ба қавли сарвари ҳизби "Ватандӯстон” (Les Patriotes) Флориан Филиппо, ба наздикӣ, вазири молия Бруно Ле Мэйр "фурӯпошии иқтисодиёти Русияро " ваъда дод, аммо ба ҷояш иқтисоди Фаронса шикаст хӯрд. Ӯ бо норозигӣ изҳор дошт, ки “дар Русия маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,5 % зиёд шуд, дар минтақаи аврупоӣ бошад фақат 0,8%”.Афзоиш суръат мегирадДар моҳи сентябр ниҳодҳои байналмилалӣ боз пешгӯиҳои худро дар бораи Русия ислоҳ карданд. Дар гузориши Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (OECD) афзоиши иқтисодиёти Русияро дар соли 2023 0,8 дарсад ва дар соли 2024 0,9 дарсад пешбинӣ кардаанд. Бунёди байналмиллалии асъор имсол се бор пешгӯиҳояшро дигаргун сохт, дар моҳи онҳо ба изофаи 0,3 фоиз тахмин зада буданд, ҳоло бошад якуним фоиз ва дар соли 2024 - 1,3% пешгӯӣ мекунанд.Тибқи пешгӯии СММ, дар соли 2023 Русия аз ҷумлаи ками кишварҳои G20 хоҳад буд, ки рушди иқтисодияш беҳтар мегардад. Дар ин бора дар конфоронс оид ба рушд ва савдо хабар дода шуд. Таҳлилгарони ин созмони асосии байналмилалӣ афзоиши маҷмӯи махсулоти дохилии кишварро ба андозаи 2,2% дар соли ҷорӣ ва 2 фоиз соли оянда пешгӯӣ мекунанд.
https://sputnik.tj/20231005/avrupo-mutaqidand-ukraina-ittihodi-avrupo-1059808869.html
https://sputnik.tj/20231002/olmon-pushtibon-ukraina-hama-chiz-az-dast-medihad-1059717651.html
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0b/1045763349_297:0:3028:2048_1920x0_80_0_0_e57093adbe5ee412f73a5a7b593b0677.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иттиҳоди аврупо, рушд, русия, хашм, иқтисод, таназзул
иттиҳоди аврупо, рушд, русия, хашм, иқтисод, таназзул
"Иқтисоди мо дар ҳоли харобист": Аврупо аз муваффақиятҳои Русия хашмгин аст
19:29 16.10.2023 (Навсозишуда: 19:33 16.10.2023) Фаъолият дар бахши истеҳсолии Русия моҳи ҳафтум паиҳам афзоиш меёбад. Дар баробари ин иқтисоди Аврупо, ки сиёсати таҳримро пеш гирифтаст, рӯ ба таназзул аст
ДУШАНБЕ, 16 окт— Sputnik, Наталя Дембинская. Тибқи пешгӯии СММ, Русия имсол аз ҷумлаи ками кишварҳои G20 хоҳад буд, ки динамикаи мусбати иқтисодӣ дорад.
Дар Аврупо ҳисси ноумедӣ аён аст: пешоҳангҳои иқтисодӣ дар таназзуланд, нишондиҳандаҳои асосӣ ба ҳадди ақал афтоданд. Дар Фаронса аз фурӯпошии иқтисод эълон карданд, Олмонро бошад, "заъифтарин ҳалқа" дар Иттиҳоди Аврупо номиданд.
Тибқи маълумоти S&P Global, нишондиҳандаҳои фаъолияти корӣ дар сектори истеҳсолии PMI то 54,5 афзоиш ёфтааст. Дар моҳи август он 52,7 буд. Агар аз 50 зиёд бошад, саноат мустахкам мешавад, агар поёнтар суст мешавад. Дар Русия моҳи ҳафтум паиҳам афзоиш ба мушоҳида мерасад.
Тавре таҳлилгарон қайд мекунанд, ин ҳол бештар ба афзоиши талаботи дохилӣ вобаста аст. Шуғл дар бахши воқеӣ бо суръати баландтарин дар 23 соли охир афзоиш меёбад. S&P Global инчунин беҳбудии якбораи имконоти амалиётиро ба қайд гирифт.
Ин динамика натиҷаи мутобиқшавӣ ба маҳдудиятҳои беруна мебошад ва ин раванд нисбати интизорот босуръаттар идома дорад. Истехсолот, сохтмон, савдои яклухт ва чакана васеътар мегарданд.
Ҳадди максималии фаъолият
Мувофиқи маълумоти хадамоти омории Русия, дар моҳи август истеҳсоли маҳсулот 5,4 фоиз афзоиш ёфтааст. Аз моҳҳои апрел-май сар карда, нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ дар сатҳи 110 фоиз нисбат ба нишондиҳандаҳои соли 2020 боқӣ монд.
Бонки Русия хабар медиҳад, ки дар семоҳаи дуюм иқтидорҳои истеҳсолӣ ба ҳадди таърихии 81 фоиз расид. Рекорди қаблӣ дар семоҳаи аввал ба андозаи 80,3 фоиз буд. Нишондиҳандаҳои беҳтарин дар корхонаҳои истихроҷи маъдан (82,6%), истеҳсолӣ (75,6%) ва сохтмон (77,7%) ба қайд гирифта шуданд.
Мувофиқи нишондоди Бонки Марказии Русия, корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолиятро “дар заминаи тамаркузи диққат ба талаботи дохилӣ ва пурзӯр кардани барномаҳои ивазкунии маҳсулоти воридотӣ” афзоиш медиҳанд. Мутаносибан фаъолияти инвеститсионӣ тақвият меёбад.
Рекорд инчунин дар Донишкадаи сиёсати иқтисодии ба номи Егор Гайдар (IEP) сабт шудааст. Аз рӯи ҷамъбасти ду семоҳа сарбории иқтидороти истеҳсолӣ 76,7 фоиз (соли гузашта 76,5 ) ташкил дод. Соҳаҳои истехсоли когаз ва махсулоти когазӣ — 83,6, бофандагй ва либос — 81,5% дар ин ҷода пешсафанд.
Маҳсулоти воридотиро ширкатҳои ватанӣ фаъолона иваз мекунанд.
Дар нимаи аввали соли ҷорй истеҳсоли компютерҳо, маснуоти электронй ва оптикӣ 71,6 фоиз, воситаҳои нақлиётӣ — 51,7, маҳсулоти тайёри металлӣ — 45,8, таҷҳизоти электрикӣ — 32,1, либос 44% афзоиш ёфтааст.
Бозорро тарк кардани истеҳсолкунандаҳои ғарбӣ барои рушди саноати сабук имкони хуб фароҳам овард. Истехсолкунандагони воситахои шустушуӣ, либос, хурокворӣ ва хӯроки чорво нишондиҳандаҳои истеҳсолиро беҳтар карданд.
Самти боркашонӣ низ дар ҳоли рушд аст. Пас аз он, ки нафтрасонҳои хориҷӣ аз тарси таҳримҳои дуввум аз интиқоли нафти Русия худдорӣ карданд, фармоишҳои ширкатҳои боркашонӣ ба таври назаррас афзоиш ёфт.
Дар Аврупо вазъият дигар аст. Фаъолияти иқтисодӣ дар Британияи Кабир дар моҳи сентябр ба 46,8 коҳиш ёфт (дар моҳи август 48,6). Ва ин ҳам дар дар дуюним сол аст. Сохаи хизматрасонй суст шуда, истехсоли махсулот кам гардид.
Фаъолияти иқтисодӣ коҳиш меёбад, изҳор дошт S&P Global. Эҳтимолияти таназзул афзоянда аст. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар семоҳа 0,4 фоиз паст гардида, коҳиш танҳо суръат мегирад.
Дар Олмон, бино ба гузориши Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти иқтисодии Донишгоҳи Мюнхен, кохишёбӣ аз моҳи апрел то инҷониб дида мешавад, дар бахши сохтмон бошад, аз моҳи январи соли 2009. Ширкатҳо эътироф мекунанд, ки вазъ бадтар шудааст ва рӯҳафтодагӣ бештар шудааст.
Иқтисодиёти Олмон дар ҳоли таназзул аст. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбати семоҳаи охири соли 2022 0,3% коҳиш ёфт (он замон сатҳи коҳиш 0,5 % буд).
Дар ҳисоботи сентябрии Бундесбонк иттилоъ дода шуд, ки дар семохаи чорум низ вазъ беҳбудӣ намеёбад, зеро саноат рушд намекунад ва истеъмоли хусусӣ бошад, он қадар таъсиргузор нест.
Нашрияи бритонии The Telegraph изҳор медорад, ки Олмон ба “заъифтарин ҳалқаи” Иттиҳоди Аврупо мубаддал гаштааст. Нишондиҳандаи якҷояи минтақаи Аврупо ба 43,3 нуқта баробар шуд. Сабабҳои таназули иқтисодӣ баланд шудани нархи захираҳои энергетикӣ, болоравии таваррум ва меъёрҳои фоизии бонки марказии аврупоӣ унвон мешаванд.
Дар Фаронса бошад, дар умум аз “фурӯпошии иқтисод” эълон дошта, мақомоти аврупоиро дар ин кор айбор медонанд. Ба қавли сарвари ҳизби "Ватандӯстон” (Les Patriotes) Флориан Филиппо, ба наздикӣ, вазири молия Бруно Ле Мэйр "фурӯпошии иқтисодиёти Русияро " ваъда дод, аммо ба ҷояш иқтисоди Фаронса шикаст хӯрд. Ӯ бо норозигӣ изҳор дошт, ки “дар Русия маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,5 % зиёд шуд, дар минтақаи аврупоӣ бошад фақат 0,8%”.
Дар моҳи сентябр ниҳодҳои байналмилалӣ боз пешгӯиҳои худро дар бораи Русия ислоҳ карданд. Дар гузориши Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (OECD) афзоиши иқтисодиёти Русияро дар соли 2023 0,8 дарсад ва дар соли 2024 0,9 дарсад пешбинӣ кардаанд.
Бунёди байналмиллалии асъор имсол се бор пешгӯиҳояшро дигаргун сохт, дар моҳи онҳо ба изофаи 0,3 фоиз тахмин зада буданд, ҳоло бошад якуним фоиз ва дар соли 2024 - 1,3% пешгӯӣ мекунанд.
Тибқи пешгӯии СММ, дар соли 2023 Русия аз ҷумлаи ками кишварҳои G20 хоҳад буд, ки рушди иқтисодияш беҳтар мегардад. Дар ин бора дар конфоронс оид ба рушд ва савдо хабар дода шуд. Таҳлилгарони ин созмони асосии байналмилалӣ афзоиши маҷмӯи махсулоти дохилии кишварро ба андозаи 2,2% дар соли ҷорӣ ва 2 фоиз соли оянда пешгӯӣ мекунанд.