Мишустин мегӯяд, Русия метавонад гардиши колоро дар кишварҳои ИИАО ва ИДМ афзоиш диҳад

© Sputnik / Александр Астафьев / Гузариш ба медиабонкПредседатель правительства РФ М. Мишустин выступил с отчетом в Госдуме
Председатель правительства РФ М. Мишустин выступил с отчетом в Госдуме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2023
Обуна шудан
Сарвари ҳукумати Русия гуфт, Девони вазирон вазифаҳои ба миён гузоштаи Владимир Путинро, ки ҳадаф аз он густариши тиҷорат бо кишварҳои дӯст аст, ҳал мекунад
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Русия имкон дорад, ки гардиши боркашониро дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАО) ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) афзоиш диҳад.
Дар ин бора Михаил Мишустин, раиси ҳукумати Федератсияи Русия, дар як паёми видеоӣ ба иштирокчиёни Форуми байналмилалии гумрук изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дастур додааст, ки тиҷорати хориҷӣ бо кишварҳои дӯсти Осиё, Ховари Миёна, Африқо ва Амрикои Лотиниро густариш диҳанд.
Ӯ қайд намуд, ки Девони Вазирон барои ҳалли вазифаҳои ба миёнгузоштаи сарвари давлат аллакай як қатор тадбирҳо андешид. Аз ҷумла, тартиботи гумрукӣ содда карда шуд.
Премьер-министр РФ Михаил Мишустин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2023
Мишустин: ИИАО ба яке аз марказҳои ҷаҳони нави бисёрқутбӣ табдил меёбад
"Хизматрасонии рақамӣ низ такмил дода мешавад. Ҳоло қариб ҳама эъломияҳо ба таври электронӣ - тавассути интернет пешниҳод мешаванд ва тақрибан 80% онҳо ба таври худкор сабти ном мешаванд, ки соҳибкоронро аз коғазбозӣ наҷот медиҳад. Чунин тасмимҳо имкон дод, ки ба натиҷаҳои чашмрас ноил гардем", - қайд кард Мишустин.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Мишустин зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё дар доираи маҳдуд гуфта буд, ки ИИАО ба яке аз марказҳои ҷаҳони нави бисёрқутбӣ табдил меёбад.
Вай таъкид кард, ки дар тӯли мавҷудияти ин созмон додугирифти мутақобилаи панҷ кишвар тақрибан ду баробар ва тавлидоти саноатӣ 20% афзоиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0