https://sputnik.tj/20231103/halqai--quvvahoi-musallahi-ukraina-nato-fishor-1060313396.html
"Ҳалқаи Авдеевка" барои Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ба гардани НАТО фишор меорад
"Ҳалқаи Авдеевка" барои Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ба гардани НАТО фишор меорад
Sputnik Тоҷикистон
Режими муфтхӯри Киев наметавонад бе дастгирии ИМАва НАТО мустақилона ва мухторона вуҷуд дошта бошад. Гуфтугӯ дар бораи "мағлубияти Русия дар майдони ҷанг" торафт аз байн меравад.
2023-11-03T15:35+0500
2023-11-03T15:35+0500
2023-11-03T17:43+0500
украина
русия
ҷанг
има
яроқпартоӣ
амалиёти вижа
сутуннигор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/14/1047806169_0:0:2944:1657_1920x0_80_0_0_59764e3964871db84f065caf04aa7962.jpg
Аз нигоҳи геополитикӣ, "ҳалқаи Авдеевка", ки артиши Русия барои Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ташкил кардааст, як ҷузъи амалиёти мураккабест, ки Вашингтон ва Брюсселро ба сулҳ бо шартҳои Маскав водор мекунад.Артиши Русия дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ дар як ҷабҳаи васеъ ба ҳамлаи ҷавобӣ гузашта, мавқеи гурӯҳи низомиёни Авдеевкаи Украинаро торафт танг мекунад. Фарогирии амалиётии минтақаи мустаҳкамшудаи Авдеевкаи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ва нобудсозии захираҳое, ки Ситоди генералии Украина аз дигар бахшҳои фронт интиқол додааст, идома дорад.Нерӯҳои Русия дар охири моҳи октябр мавқеяшро ба шимол ва ҷануби Авдеевка васеъ карданд, "чанголҳо" дар майдони ҷанг ва дар харита ситод ва марказҳои назоратии Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро маҷбур мекунанд, ки аз минтақаи мустаҳками Авдеевка ба шахри Краматорск, ки 60 километр дур аст, ҳаракат кунанд.Масофаи байни нуқтаҳои ҳадди "чангол"-ҳои рус қариб 9 километр аст. Майдони ғарбӣ ва шимолии Авдеевка аз ҷиҳати муҳандисӣ барои мудофиаи Кувваҳои Мусаллаҳи Украина таъмин карда нашудааст.Нерӯҳои мусаллаҳи Русия барои оғози ҳамлаи ҷавобӣ зимистонро интизор нашуданд. Дар самти Авдеевка талафоти ҷонӣ ва таҷҳизоти низомии нерӯҳои украинӣ афзоиш ёфта, тонкҳои немисӣ Леопард 2А6 ҳамоно торумор мегарданд.Мавқеъҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар Новомихайловка, Победа, Георгиевка, Нетайловка, Яснобродовка, Ласточкино ва Керамика таҳти оташи артилерияи Русия қарор доранд.Дар ин замина, Сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украина Валерий Залужний, ба гуфтаи манобеъи кушода, аз президент Владимир Зеленский дархост кардааст, ки "қиссаи Бахмут"-ро такрор накунад ва нерӯҳоро аз минтақаи мустаҳками Авдеевский (дар ин ҷо низ ба хотир овардани амалиёти Русия барои озод кардани Лисичанск ва Северодонецк мувофиқ аст) берун барорад.Сарфи назар аз таҳдиди муҳосира, Зеленский талаб мекунад, ки захираҳои дучанд барои гарнизони Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ба Авдеевка то 30 ҳазор сарбоз (ба ҳалокат маҳкумшуда) фиристода шаванд. Ҳамзамон Киев аз ИМА ва НАТО дар бораи фиристодани аслиҳа ва муҳимоти ҷангии навбатӣ дархост мекунад.Ғарб интизори "суқути Авдеевка"-ро бо коҳиш ва қатъи кумакҳои низомӣ ба Украина рабт медиҳад. Сарвари Пентагон Ллойд Остин дирӯз дар Конгресс бо нигаронӣ гуфт, ки агар Иёлоти Муттаҳида аз пуштибонии режими Киев даст кашад, Путин пирӯз хоҳад шуд.Бо вуҷуди ин, Русия, ки дорои иқтидори бартарии комплекси ҳарбӣ-саноатӣ ва логистикаи бенуқсон аст, мувофиқи дилхоҳ сенарияҳо пирӯз хоҳад шуд. Бесабаб нест, ки дар раддабандии маҷаллаи америкоӣ U.S. News & World Report Артиши Русия дар ҷои аввал дар ҷаҳон аст.Тирамоҳи гарми 2023Бар хилофи "қалъаи Бахмут", мавзеъҳои мустаҳками Авдеевский воқеан аҳамияти стратегӣ доранд. Бо талафоти Авдеевка, фронти Қувваҳои Мусаллаҳи Украина метавонад ба соҳили рости Днепр афтад. Аз ин рӯ, дар самти Авдеевка режими Киев охирин захираҳои кадрӣ ва техникаи низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро беҳаёёна оташ мезанад.Ба ин чо Бригадаи механиконидашудаи 47-уми алохида, ки дар наздикии Работино хеле зарар дида буд, гузаронда шуд, ки бо танкхои "Леопард 2" (А4/А6) ва мошинҳои ҷангии М2 Брэдли муҷаҳҳаз гардидааст.Дар Украина сафарбаркунии куллӣ эълон шудааст, ки он ба Қувваҳои Мусаллаҳи Украина камбуди шадиди мутахассисони омодашуда, захираҳои аслиҳа, муҳимот, сӯзишворӣ ва дигар воситаҳои моддиро барои гузаронидани амалиёти ҷангӣ ҷуброн намекунад.Захираҳои НАТО ва Қувваҳои Мусаллаҳи Украина тамом мешаванд. Хазинаи яроқ ва иқтидорҳои комплекси ҳарбию саноатии якҷояи Ғарб барои қонеъ гардондани эҳтиёҷоти ҳарбии Киев қодир нестанд. Бар хилофи чопи пул, ИМА ва НАТО аз ҷиҳати технологӣ дар як сол як миллион снарядро "чоп" карда наметавонанд.Ёдовар мешавам, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Украина дар як сол зиёда аз 2 миллион снарядро сарф мекунанд. Дар ҳамин ҳол мушкили кӯмаки низомӣ ба Исроил дар ҷанг бо ҳаракати Ҳамоси фаластинӣ комилан барои Ғарб номуносиб ба миён омад.Шабакаи телевизионии CNN қаблан изҳор дошт, ки Русия дар рақобати силоҳ, ки "аз Ғарб 7 маротиба арзонтар ва ҳашт маротиба тезтар лавозимоти ҷангӣ тавлид мекунад" ба таври боварибахш пирӯз мешавад. Нашрияи амрикоии "The National Interest" илова кард: "Украина ва кишварҳои ғарбӣ дар якҷоягӣ дигар наметавонанд ба комплекси ҳарбии саноатии Русия баробар шаванд."Хоҷагони ғарбии режими Киев аз он метарсанд, ки Маскав метавонад ҷавобан ба қаламрави онҳо низ барои кӯмак ба Қувваҳои Мусаллаҳи Украина зарба занад.Маҷаллаи бритониёии Spectator менависад: "Амрикоиҳо аз он нигаронанд, ки Маскав кӯмаки Ғарб ба хадамоти иктишофии Украинаро ҳамчун истифодаи силоҳи ғарбӣ алайҳи қаламрави Русия ҳисоб кунад ва ин боиси посухи мустақим мешавад."Нашрияи ҷопонии JB Press дирӯз ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина нақшаи ҷасуронаеро барои убур аз Днепр пешниҳод кард ва ҳамзамон ҳамлаи тактикии ҳастаии Русия ба Киев ва НАТО-ро пешгӯӣ кард. Воқеан ҳам, дар он ҷое, ки ҳисси беҷазоӣ аз байн меравад, ҳисси масъулият ҳамеша ба вуҷуд меояд.Нашрияи "Мысль Польска" чунин менависад: "Дар охири моҳи сентябр маълум гардид, ки ҳуҷуми калони бахорӣ-тобистонӣ, ки ҳам Украина ва ҳам мамлакатҳои НАТО бо душвории зиёд омода карда буданд, бебарор анҷом ёфт.Ҳамин тариқ, ҳамлаи ҷавобии Русия аз вақт вобастагӣ дошт... Генерал Валерий Герасимов боз ба услуби худаш стратегҳои Ғарбро ба ҳайрат овард, чунон ки дар ҷараёни ҳаводиси Қрим, ошӯб дар Донбасс ё амалиёти Сурия карда буд".Воқеият ин аст, ки артиши хуб омодашуда ва муҷаҳҳазшудаи Русия, новобаста аз нақшаҳо, эъломияҳо ва арзишҳои Вашингтон ва Брюссел, дар хоки худ нерӯҳои боэътимоди НАТО-и Украинаро мағлуб мекунад.Гузашта аз ин, дар қисмати аз тарафи Нерӯҳои мусаллаҳи Украина ишғолкардаи Донбасс, низомиёни украинӣ ба хабарнигори нашрияи амрикоии The Daily Beast шикоят карданд, ки мардуми маҳаллӣ арзишҳои ғарбро намепазиранд: "Инҷо мардуми зиёде интизори русҳо ҳастанд."Қаблан, иқтисодшиноси амрикоӣ Дэвид Сакс бо шартҳои Русия поёни ёфтани муноқишаро бо пешниҳоди кафолатҳои амниятии ғарбӣ ба Украина ва аз даст додани минтақаҳои русзабон пешгӯӣ карда буд.Дар ҷараёни аксулҳуҷуми номуваффақи нерӯҳои мусаллаҳи Украина суханронии стратегҳо ва таҳлилгарони ғарбӣ ба таври куллӣ тағйир ёфт. Давраи (то аввали ноябр) ба Киев барои ноил шудан ба муваффақияти низомӣ, ки аз тарафи генерали амрикоӣ Марк Миллӣ ҷудо шуда буд, ба охир расид.Гуфтугӯ дар бораи "мағлубияти Русия дар майдони ҷанг" бе ному нишон аз байн рафт. Имрӯз Иёлоти Муттаҳида ва НАТО танҳо кӯшиш мекунанд, ки "чеҳраи худро ҳифз кунанд" ва "ба зинда мондани Украина ҳамчун як давлат ноил шаванд". Мақсад ва вазифаҳои Амалиёти вижаи низомии Русия бетағйир мемонанд.
https://sputnik.tj/20231031/ima-notavoni-artish-ukraina-guftand-1060247093.html
https://sputnik.tj/20231028/peshgui-putin-ukraina-1060198949.html
https://sputnik.tj/20231102/amriko-marz-ukraina-taghyir-1060301373.html
https://sputnik.tj/20231027/orban-ia-jurat-etirof-shikast-ukraina-jang-1060191421.html
украина
русия
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/14/1047806169_213:0:2944:2048_1920x0_80_0_0_8da40725de7972c1dabf9a6b2975d30b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
амалиёт, украина, русия, ҷанг, има
амалиёт, украина, русия, ҷанг, има
"Ҳалқаи Авдеевка" барои Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ба гардани НАТО фишор меорад
15:35 03.11.2023 (Навсозишуда: 17:43 03.11.2023) Александр Хроленко
шореҳи низомӣ
Режими муфтхӯри Киев наметавонад бе дастгирии ИМА ва НАТО мустақилона ва мухторона вуҷуд дошта бошад. Гуфтугӯ дар бораи "мағлубияти Русия дар майдони ҷанг" торафт аз байн меравад.
Аз нигоҳи геополитикӣ, "ҳалқаи Авдеевка", ки артиши Русия барои Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ташкил кардааст, як ҷузъи амалиёти мураккабест, ки Вашингтон ва Брюсселро ба сулҳ бо шартҳои Маскав водор мекунад.
Артиши Русия дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ дар як ҷабҳаи васеъ ба ҳамлаи ҷавобӣ гузашта, мавқеи гурӯҳи низомиёни Авдеевкаи Украинаро торафт танг мекунад. Фарогирии амалиётии минтақаи мустаҳкамшудаи Авдеевкаи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ва нобудсозии захираҳое, ки Ситоди генералии Украина аз дигар бахшҳои фронт интиқол додааст, идома дорад.
Нерӯҳои Русия дар охири моҳи октябр мавқеяшро ба шимол ва ҷануби Авдеевка васеъ карданд, "чанголҳо" дар майдони ҷанг ва дар харита ситод ва марказҳои назоратии Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро маҷбур мекунанд, ки аз минтақаи мустаҳками Авдеевка ба шахри Краматорск, ки 60 километр дур аст, ҳаракат кунанд.
Масофаи байни нуқтаҳои ҳадди "чангол"-ҳои рус қариб 9 километр аст. Майдони ғарбӣ ва шимолии Авдеевка аз ҷиҳати муҳандисӣ барои мудофиаи Кувваҳои Мусаллаҳи Украина таъмин карда нашудааст.
Нерӯҳои мусаллаҳи Русия барои оғози ҳамлаи ҷавобӣ зимистонро интизор нашуданд. Дар самти Авдеевка талафоти ҷонӣ ва таҷҳизоти низомии нерӯҳои украинӣ афзоиш ёфта, тонкҳои немисӣ Леопард 2А6 ҳамоно торумор мегарданд.
Мавқеъҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар Новомихайловка, Победа, Георгиевка, Нетайловка, Яснобродовка, Ласточкино ва Керамика таҳти оташи артилерияи Русия қарор доранд.
Дар ин замина, Сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украина Валерий Залужний, ба гуфтаи манобеъи кушода, аз президент Владимир Зеленский дархост кардааст, ки "қиссаи Бахмут"-ро такрор накунад ва нерӯҳоро аз минтақаи мустаҳками Авдеевский (дар ин ҷо низ ба хотир овардани амалиёти Русия барои озод кардани Лисичанск ва Северодонецк мувофиқ аст) берун барорад.
Сарфи назар аз таҳдиди муҳосира, Зеленский талаб мекунад, ки захираҳои дучанд барои гарнизони Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ба Авдеевка то 30 ҳазор сарбоз (ба ҳалокат маҳкумшуда) фиристода шаванд. Ҳамзамон Киев аз ИМА ва НАТО дар бораи фиристодани аслиҳа ва муҳимоти ҷангии навбатӣ дархост мекунад.
Ғарб интизори "суқути Авдеевка"-ро бо коҳиш ва қатъи кумакҳои низомӣ ба Украина рабт медиҳад. Сарвари Пентагон Ллойд Остин дирӯз дар Конгресс бо нигаронӣ гуфт, ки агар Иёлоти Муттаҳида аз пуштибонии режими Киев даст кашад, Путин пирӯз хоҳад шуд.
Бо вуҷуди ин, Русия, ки дорои иқтидори бартарии комплекси ҳарбӣ-саноатӣ ва логистикаи бенуқсон аст, мувофиқи дилхоҳ сенарияҳо пирӯз хоҳад шуд. Бесабаб нест, ки дар раддабандии маҷаллаи америкоӣ U.S. News & World Report Артиши Русия дар ҷои аввал дар ҷаҳон аст.
Бар хилофи "қалъаи Бахмут", мавзеъҳои мустаҳками Авдеевский воқеан аҳамияти стратегӣ доранд. Бо талафоти Авдеевка, фронти Қувваҳои Мусаллаҳи Украина метавонад ба соҳили рости Днепр афтад. Аз ин рӯ, дар самти Авдеевка режими Киев охирин захираҳои кадрӣ ва техникаи низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро беҳаёёна оташ мезанад.
Ба ин чо Бригадаи механиконидашудаи 47-уми алохида, ки дар наздикии Работино хеле зарар дида буд, гузаронда шуд, ки бо танкхои "Леопард 2" (А4/А6) ва мошинҳои ҷангии М2 Брэдли муҷаҳҳаз гардидааст.
Дар Украина сафарбаркунии куллӣ эълон шудааст, ки он ба Қувваҳои Мусаллаҳи Украина камбуди шадиди мутахассисони омодашуда, захираҳои аслиҳа, муҳимот, сӯзишворӣ ва дигар воситаҳои моддиро барои гузаронидани амалиёти ҷангӣ ҷуброн намекунад.
Захираҳои НАТО ва Қувваҳои Мусаллаҳи Украина тамом мешаванд. Хазинаи яроқ ва иқтидорҳои комплекси ҳарбию саноатии якҷояи Ғарб барои қонеъ гардондани эҳтиёҷоти ҳарбии Киев қодир нестанд. Бар хилофи чопи пул, ИМА ва НАТО аз ҷиҳати технологӣ дар як сол як миллион снарядро "чоп" карда наметавонанд.
Ёдовар мешавам, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Украина дар як сол зиёда аз 2 миллион снарядро сарф мекунанд. Дар ҳамин ҳол мушкили кӯмаки низомӣ ба Исроил дар ҷанг бо ҳаракати Ҳамоси фаластинӣ комилан барои Ғарб номуносиб ба миён омад.
Шабакаи телевизионии CNN қаблан изҳор дошт, ки Русия дар рақобати силоҳ, ки "аз Ғарб 7 маротиба арзонтар ва ҳашт маротиба тезтар лавозимоти ҷангӣ тавлид мекунад" ба таври боварибахш пирӯз мешавад. Нашрияи амрикоии "The National Interest" илова кард: "Украина ва кишварҳои ғарбӣ дар якҷоягӣ дигар наметавонанд ба комплекси ҳарбии саноатии Русия баробар шаванд."
Хоҷагони ғарбии режими Киев аз он метарсанд, ки Маскав метавонад ҷавобан ба қаламрави онҳо низ барои кӯмак ба Қувваҳои Мусаллаҳи Украина зарба занад.
Маҷаллаи бритониёии Spectator менависад: "Амрикоиҳо аз он нигаронанд, ки Маскав кӯмаки Ғарб ба хадамоти иктишофии Украинаро ҳамчун истифодаи силоҳи ғарбӣ алайҳи қаламрави Русия ҳисоб кунад ва ин боиси посухи мустақим мешавад."
Нашрияи ҷопонии JB Press дирӯз ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина нақшаи ҷасуронаеро барои убур аз Днепр пешниҳод кард ва ҳамзамон ҳамлаи тактикии ҳастаии Русия ба Киев ва НАТО-ро пешгӯӣ кард. Воқеан ҳам, дар он ҷое, ки ҳисси беҷазоӣ аз байн меравад, ҳисси масъулият ҳамеша ба вуҷуд меояд.
Нашрияи "Мысль Польска" чунин менависад: "Дар охири моҳи сентябр маълум гардид, ки ҳуҷуми калони бахорӣ-тобистонӣ, ки ҳам Украина ва ҳам мамлакатҳои НАТО бо душвории зиёд омода карда буданд, бебарор анҷом ёфт.
Ҳамин тариқ, ҳамлаи ҷавобии Русия аз вақт вобастагӣ дошт... Генерал Валерий Герасимов боз ба услуби худаш стратегҳои Ғарбро ба ҳайрат овард, чунон ки дар ҷараёни ҳаводиси Қрим, ошӯб дар Донбасс ё амалиёти Сурия карда буд".
Воқеият ин аст, ки артиши хуб омодашуда ва муҷаҳҳазшудаи Русия, новобаста аз нақшаҳо, эъломияҳо ва арзишҳои Вашингтон ва Брюссел, дар хоки худ нерӯҳои боэътимоди НАТО-и Украинаро мағлуб мекунад.
Гузашта аз ин, дар қисмати аз тарафи Нерӯҳои мусаллаҳи Украина ишғолкардаи Донбасс, низомиёни украинӣ ба хабарнигори нашрияи амрикоии The Daily Beast шикоят карданд, ки мардуми маҳаллӣ арзишҳои ғарбро намепазиранд: "Инҷо мардуми зиёде интизори русҳо ҳастанд."
Қаблан, иқтисодшиноси амрикоӣ Дэвид Сакс бо шартҳои Русия поёни ёфтани муноқишаро бо пешниҳоди кафолатҳои амниятии ғарбӣ ба Украина ва аз даст додани минтақаҳои русзабон пешгӯӣ карда буд.
Дар ҷараёни аксулҳуҷуми номуваффақи нерӯҳои мусаллаҳи Украина суханронии стратегҳо ва таҳлилгарони ғарбӣ ба таври куллӣ тағйир ёфт. Давраи (то аввали ноябр) ба Киев барои ноил шудан ба муваффақияти низомӣ, ки аз тарафи генерали амрикоӣ Марк Миллӣ ҷудо шуда буд, ба охир расид.
Гуфтугӯ дар бораи "мағлубияти Русия дар майдони ҷанг" бе ному нишон аз байн рафт. Имрӯз Иёлоти Муттаҳида ва НАТО танҳо кӯшиш мекунанд, ки "чеҳраи худро ҳифз кунанд" ва "ба зинда мондани Украина ҳамчун як давлат ноил шаванд". Мақсад ва вазифаҳои Амалиёти вижаи низомии Русия бетағйир мемонанд.