https://sputnik.tj/20231028/peshgui-putin-ukraina-1060198949.html
Олмон мегӯяд, "пешгӯии" Путин дар бораи Украина амалӣ шуда истодааст
Олмон мегӯяд, "пешгӯии" Путин дар бораи Украина амалӣ шуда истодааст
Sputnik Тоҷикистон
Коршиноси олмонӣ мегӯяд, пешгӯии кишвардори Русия дар бораи он ки Ғарб аз Украина хаста мешавад ва рӯзи мегӯяд, ки "сер шудем", дар ҳоли амалишавӣ қарор дорад 28.10.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-10-28T13:08+0500
2023-10-28T13:08+0500
2023-10-28T13:14+0500
олмон
русия
владимир путин
украина
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/1a/1060164839_0:0:3108:1748_1920x0_80_0_0_3d507da2ebef5a88684bc2e4dd6feb52.jpg
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар бораи хастагии афзояндаи Ғарб аз хароҷоти беандоза барои Украина пешгӯии дуруст кард.Дар ин бора Густав Грессел, таҳлилгари низомии Шӯрои Аврупо оид ба равобити хориҷӣ дар мусоҳиба бо телевизиони ZDF изҳор дошт.Ба гуфтаи Грессел, мавқеъи Русия бар таҷрибаи шахсии Путин дар мавриди хуруҷи нирӯҳои Амрико аз Афғонистон асос ёфтааст - ӯ ба хулосае омадааст, ки агар хароҷоти Украина хеле гарон шавад, Ғарб аз он рӯй мегардонад.Гузашта аз ин, ба гуфтаи коршинос, Русия Украинаро водор мекунад, ки беш аз пеш ба Ғарб такя кунад, то иқтидори саноати дифоъии онҳо кам шавад.Ҳамчунин Грессел таъкид мекунад, эҳтимоли пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2024 ва ихтилофоти мавҷуд дар Конгресси Амрико вобаста ба интихоби раисиҷумҳур ва баррасии буҷаи кишвар низ ба нафъи Киев бозӣ намекунанд. Ҳамин тариқ, ӯ хулоса мекунад, ки стратегияи Путин дар ҳоли ҳозир натиҷа медиҳад — бо назардошти тақсимот дар Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида, розӣ шудан ба гузаштҳо ба Украина маъное надорад. Ғарб пайваста Русияро ба музокира даъват мекунад, ки Маскав омодагии худро ба он нишон медиҳад, аммо ҳамзамон радди пайвастаи Киев аз гуфтугӯро нодида мегирад. Қаблан Кремл изҳор дошт, ки дар ҳоли ҳозир барои гузаштани вазъ дар Украина ба самти сулҳомез ҳеҷ гуна замина вуҷуд надорад, авлавияти мутлақ барои Русия расидан ба ҳадафҳои амалиёти вижа аст ва дар ҳоли ҳозир ин танҳо бо роҳи низомӣ имконпазир аст. Тавре Кремл изҳор дошт, вазъ дар Украина метавонад ба самти сулҳомез равад, ба шарте, ки вазъи воқеӣ ва воқеияти нав ба инобат гирифта шавад, ҳама талабҳои Маскав ба ҳама маълум аст.
https://sputnik.tj/20231027/orban-ia-jurat-etirof-shikast-ukraina-jang-1060191421.html
олмон
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/1a/1060164839_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_169bd5e501f74d495e05a47f5f7fec97.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
олмон, русия, владимир путин, украина, сиёсат
олмон, русия, владимир путин, украина, сиёсат
Олмон мегӯяд, "пешгӯии" Путин дар бораи Украина амалӣ шуда истодааст
13:08 28.10.2023 (Навсозишуда: 13:14 28.10.2023) Коршиноси олмонӣ мегӯяд, пешгӯии кишвардори Русия дар бораи он ки Ғарб аз Украина хаста мешавад ва рӯзи мегӯяд, ки "сер шудем", дар ҳоли амалишавӣ қарор дорад
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар бораи хастагии афзояндаи Ғарб аз хароҷоти беандоза барои Украина пешгӯии дуруст кард.
Дар ин бора Густав Грессел, таҳлилгари низомии Шӯрои Аврупо оид ба равобити хориҷӣ дар мусоҳиба бо телевизиони ZDF изҳор дошт.
"Дар Русия медонанд, ки Украина аз пуштибонии байналмилалӣ вобаста аст. Агар артиши Украинаро ба зудӣ мағлуб карда натавонанд <...>, пас дар тӯли чанд сол арзиши ин амалиёти низомӣ метавонад ба ҳадде афзоиш ёбад, ки Ғарб мегӯяд, сер шудем", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Грессел, мавқеъи Русия бар таҷрибаи шахсии Путин дар мавриди хуруҷи нирӯҳои Амрико аз Афғонистон асос ёфтааст - ӯ ба хулосае омадааст, ки агар хароҷоти Украина хеле гарон шавад, Ғарб аз он рӯй мегардонад.
Гузашта аз ин, ба гуфтаи коршинос, Русия Украинаро водор мекунад, ки беш аз пеш ба Ғарб такя кунад, то иқтидори саноати дифоъии онҳо кам шавад.
Ҳамчунин Грессел таъкид мекунад, эҳтимоли пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2024 ва ихтилофоти мавҷуд дар Конгресси Амрико вобаста ба интихоби раисиҷумҳур ва баррасии буҷаи кишвар низ ба нафъи Киев бозӣ намекунанд.
Ҳамин тариқ, ӯ хулоса мекунад, ки стратегияи Путин дар ҳоли ҳозир натиҷа медиҳад — бо назардошти тақсимот дар Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида, розӣ шудан ба гузаштҳо ба Украина маъное надорад.
Ғарб пайваста Русияро ба музокира даъват мекунад, ки Маскав омодагии худро ба он нишон медиҳад, аммо ҳамзамон радди пайвастаи Киев аз гуфтугӯро нодида мегирад.
Қаблан Кремл изҳор дошт, ки дар ҳоли ҳозир барои гузаштани вазъ дар Украина ба самти сулҳомез ҳеҷ гуна замина вуҷуд надорад, авлавияти мутлақ барои Русия расидан ба ҳадафҳои амалиёти вижа аст ва дар ҳоли ҳозир ин танҳо бо роҳи низомӣ имконпазир аст.
Тавре Кремл изҳор дошт, вазъ дар Украина метавонад ба самти сулҳомез равад, ба шарте, ки вазъи воқеӣ ва воқеияти нав ба инобат гирифта шавад, ҳама талабҳои Маскав ба ҳама маълум аст.