https://sputnik.tj/20231102/zakharova-naqsha-parizh-tasis-etilof-muboriza-hamos-intiqod-1060288749.html
Захарова аз нақшаи Париж барои таъсиси эътилоф барои мубориза бо Ҳамос интиқод кард
Захарова аз нақшаи Париж барои таъсиси эътилоф барои мубориза бо Ҳамос интиқод кард
Sputnik Тоҷикистон
Агар Фаронса воқеан мехоҳад дар кори оташбас ва қатъи хунрезӣ дар минтақаи низоъ саҳм гузорад, он гоҳ метавонад мавқеъи Русияро дастгирӣ кунад
2023-11-02T11:54+0500
2023-11-02T11:54+0500
2023-11-02T11:57+0500
русия
мария захарова
фаластин
исроил
фаронса
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/0c/1054860994_41:0:3682:2048_1920x0_80_0_0_a7290ba1dde48d8a2e65708368497001.jpg
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Идеяи Париж дар бораи таъсиси эътилофи мубориза бо Ҳамос бо авҷ гирифтани муқовимати мусаллаҳона дар Ховари Миёна мунҷар мешавад, на ҷилавгирӣ аз он.Дар ин бора Мария Захарова, сухангӯӣ вазорати умури хориҷии Русия, дар шарҳи пешниҳоди Париж ба РИА "Новости" изҳор дошт.Рӯзи 24 октябр раисиҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон зимни сафараш ба Исроил дар нишасти хабарии муштарак бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу пешниҳод кард, ки эътилофи байналмилалӣ ва минтақавӣ барои мубориза бо Ҳамос таъсис шавад."Ба назар чунин мерасад, ки идеяи фаронсавӣ ва изҳороти ҷангҷӯёнаи як қатор бозигарони дигари байналмиллалӣ, ки бо афзоиши нерӯҳои ғайриминтақавӣ дар ҳузури низомии онҳо дар баҳри Миёназамини Шарқӣ дастгирӣ карда мешаванд, боиси афзоиши минбаъдаи рӯёрӯйии мусаллаҳона дар Ховари Миёна ва дахолати ширкаткунандагони нав дар он мешавад", — гуфт Захарова.Ба гуфтаи вай, "амалиёти аз ҷиҳати идеологӣ ангезаи Париж аксаран таъсири баръакс доранд ва танҳо ба ноором шудани вазъ дар кишварҳои алоҳида ва тамоми минтақаҳои ҷаҳон оварда мерасонанд."Захарова қайд кард, ки "агар Фаронса воқеан мехоҳад дар кори оташбас ва қатъи хунрезӣ дар минтақаи низоъ саҳм гузорад, он гоҳ метавонад мавқеъи моро дар мавриди зарурати тамаркуз ба воситаҳои сиёсӣ ва дипломатии ҳалли муноқишаи Фаластину Исроил ва Ховари Миёна дастгирӣ кунад". Вай ёдовар шуд, ки “Русия тарафдори таъсиси давлати мустақили Фаластин дар марзҳои соли 1967 бо пойтахти худ дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ аст, ки он дар ҳама асноди олии байналмилалӣ расман сабт шудааст."Чунин ташаббусҳоро аз Фаронса, баро чӣ бошад, намебинем", - гуфт Захарова.
https://sputnik.tj/20231031/putin-roh-hal-nizo-khovar-miyona-guft-1060241374.html
русия
фаластин
исроил
фаронса
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/0c/1054860994_496:0:3227:2048_1920x0_80_0_0_88ff75bbb8517bd0ad982d65776438b5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
захарова нақша париж эътилоф мубориза ҳамос интиқод
захарова нақша париж эътилоф мубориза ҳамос интиқод
Захарова аз нақшаи Париж барои таъсиси эътилоф барои мубориза бо Ҳамос интиқод кард
11:54 02.11.2023 (Навсозишуда: 11:57 02.11.2023) Агар Фаронса воқеан мехоҳад дар кори оташбас ва қатъи хунрезӣ дар минтақаи низоъ саҳм гузорад, он гоҳ метавонад мавқеъи Русияро дастгирӣ кунад
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Идеяи Париж дар бораи таъсиси эътилофи мубориза бо Ҳамос бо авҷ гирифтани муқовимати мусаллаҳона дар Ховари Миёна мунҷар мешавад, на ҷилавгирӣ аз он.
Дар ин бора Мария Захарова, сухангӯӣ вазорати умури хориҷии Русия, дар шарҳи пешниҳоди Париж ба РИА "Новости" изҳор дошт.
Рӯзи 24 октябр раисиҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон зимни сафараш ба Исроил дар нишасти хабарии муштарак бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу пешниҳод кард, ки эътилофи байналмилалӣ ва минтақавӣ барои мубориза бо Ҳамос таъсис шавад.
"Ба назар чунин мерасад, ки идеяи фаронсавӣ ва изҳороти ҷангҷӯёнаи як қатор бозигарони дигари байналмиллалӣ, ки бо афзоиши нерӯҳои ғайриминтақавӣ дар ҳузури низомии онҳо дар баҳри Миёназамини Шарқӣ дастгирӣ карда мешаванд, боиси афзоиши минбаъдаи рӯёрӯйии мусаллаҳона дар Ховари Миёна ва дахолати ширкаткунандагони нав дар он мешавад", — гуфт Захарова.
Ба гуфтаи вай, "амалиёти аз ҷиҳати идеологӣ ангезаи Париж аксаран таъсири баръакс доранд ва танҳо ба ноором шудани вазъ дар кишварҳои алоҳида ва тамоми минтақаҳои ҷаҳон оварда мерасонанд."
Захарова қайд кард, ки "агар Фаронса воқеан мехоҳад дар кори оташбас ва қатъи хунрезӣ дар минтақаи низоъ саҳм гузорад, он гоҳ метавонад мавқеъи моро дар мавриди зарурати тамаркуз ба воситаҳои сиёсӣ ва дипломатии ҳалли муноқишаи Фаластину Исроил ва Ховари Миёна дастгирӣ кунад".
"Бинобар ин мо аз исроилиён ва фаластиниҳо даъват мекунем, ки барои баррасии ҳама масъалаҳои баҳсбарангез ба зудӣ музокироти мустақимро оғоз кунанд",ғ гуфт намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия.
Вай ёдовар шуд, ки “Русия тарафдори таъсиси давлати мустақили Фаластин дар марзҳои соли 1967 бо пойтахти худ дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ аст, ки он дар ҳама асноди олии байналмилалӣ расман сабт шудааст.
"Чунин ташаббусҳоро аз Фаронса, баро чӣ бошад, намебинем", - гуфт Захарова.