Дар ИМА сабаби саркашии Зеленский аз гуфтушунидро ошкор карданд

© AFP 2023 / ARIS MESSINISПрезидент Украины Владимир Зеленский
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2023
Обуна шудан
Як капитани мустаъфии Сипоҳи баҳрии Амрико мегӯяд, тасмими раҳбари режими Киев дар бораи музокира бо ҷониби Русия аз ҷониби Ғарб таъсир кардааст
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Президенти Украина Владимир Зеленский таҳти фишори Ғарб ва миллатгароёни украинӣ аз раванди музокира бо Русия даст кашид.
Ин ақидаро капитани мустаъфии Сипоҳи баҳрии ИМА Мэтю Ҳо ҳангоми мусоҳиба бо канали YouTube Judging Freedom иброз дошт.
Низомӣ таъкид кард, ки Зеленский дар замони осоишта кишварро раҳбарӣ мекард.
"Вай мегӯфт, ки бо Владимир Путин ба музокироти сулҳ хоҳад рафт, онҳо мушкилотро бо роҳи дипломатӣ ҳал хоҳанд кард, низоъ дар шарқи Украинаро баррасӣ хоҳанд кард. Баробари ба қудрат расиданаш - ва дар ин бора ба таври васеъ гузориш шуд - ифротгароён, миллатгароёг, фашистҳо ба мегӯянд: "Он дарахтро мебинӣ? Овехта мешавӣ агар сулҳ кунӣ", - мегӯяд коршинос.
Немецкий танк Leopard 2 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
"Ҳама чиз аз даст рафт": дар ИМА аз нотавонии артиши Украина гуфтанд
Қайд мешавад, ки ба тасмими Зеленский намояндагони Ғарб низ таъсир гузошта ва ӯро бовар кунонданд, ки аз ҳама гуна созишномаҳои сулҳ бо Кремл даст кашад.
"Он бошад шефта шуд. Вай бо ҳама чиз розӣ шуд. Ҳоло акнун мардуми худро боз ҳам бештар ба ин ҷанги баръало бохта ғарқ мекунад,"- хулоса кард Ҳо.
Қаблан Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, омодагии ин кишварро ба баҳсҳои сиёсӣ дар бораи ҳалли бӯҳрони Украина пас аз низоъ таъйид карда буд.
Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, Маскав омода аст, дар бораи принсипҳои ҳамзистии минбаъда бо Ғарб баҳс кунад.
Раисҷумҳури Русия низ борҳо таъкид кард, ки Маскав омодаи музокира аст, аммо ин Киев аст, ки қонунан музокираро манъ кардааст.
 Министр обороны РФ Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2023
Шойгу: Русия ҳамчунон омодаи гуфтугӯ дар бораи Украина аст
Тибқи маълумот дар аввали моҳи октябр, дар натиҷаи "ҳамлаҳо" Киев беш аз 90 ҳазор нафар низомиёнро талаф додааст - онҳо ё кушта ё захмӣ шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро оғоз кард.
Раисҷумҳури Федератсияи Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Лентаи хабарҳо
0