https://sputnik.tj/20231030/shoygu-rusiya-omoda-guftugu-ukraina-1060216781.html
Шойгу: Русия ҳамчунон омодаи гуфтугӯ дар бораи Украина аст
Шойгу: Русия ҳамчунон омодаи гуфтугӯ дар бораи Украина аст
Sputnik Тоҷикистон
Вазири дифои Русия зимни суханронӣ дар Пекин гуфт, Маскав ҳамчунин омода аст принсипҳои ҳамзистии минбаъда бо Ғарбро баррасӣ кунад
2023-10-30T11:12+0500
2023-10-30T11:12+0500
2023-10-30T11:12+0500
русия
сергей шойгу
украина
ғарб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/1c/1056748738_0:0:3080:1733_1920x0_80_0_0_cc0e9243e88240d58c0e3ede22152f98.jpg
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Русия ҳамчунон омодаи баҳсҳои сиёсӣ оид ба ҳалли бӯҳрон дар Украина аст. Дар ин бора Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, зимни суханронӣ дар Анҷумани 10-уми амниятии Пекин Сяншан изҳор дошт. Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, Маскав омода аст, дар бораи принсипҳои ҳамзистии минбаъда бо Ғарб баҳс кунад. Раҳбари вазорати дифои Русия таъкид кард, ки таъмини равобити баробари ҳамаи қудратҳои ҳастаӣ - аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ муҳим аст. Онҳо барои муҳофизати сулҳу осоиши тамоми ҷаҳон масъулияти махсус доранд. Тартиби одилонаи бисёрқутбӣ ба вуҷуд овардан лозим аст. Барои ин "тарҳи амнияти байналхалқиро нав кардан ва ба он устувории бештар додан лозим аст". Вазири дифои Русия Сергей Шойгу бо як сафари корӣ дар Пекин қарор дорад. Вай барои иштирок дар форуми 10-уми Пекин Сяншан омад. Чорабинӣ аз соли 2006 баргузор мешавад. Бори охир иштирокчиён ҳузурӣ дар соли 2019 вохӯрда буданд.
https://sputnik.tj/20231005/putin-gharb-dushman-onro-metaroshand-1059809402.html
русия
украина
ғарб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/1c/1056748738_227:0:2956:2047_1920x0_80_0_0_8e3bd88774d1243d65dff22514003fd5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шойгу русия омода гуфтугӯ украина
шойгу русия омода гуфтугӯ украина
Шойгу: Русия ҳамчунон омодаи гуфтугӯ дар бораи Украина аст
Вазири дифои Русия зимни суханронӣ дар Пекин гуфт, Маскав ҳамчунин омода аст принсипҳои ҳамзистии минбаъда бо Ғарбро баррасӣ кунад
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Русия ҳамчунон омодаи баҳсҳои сиёсӣ оид ба ҳалли бӯҳрон дар Украина аст.
Дар ин бора Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, зимни суханронӣ дар Анҷумани 10-уми амниятии Пекин Сяншан изҳор дошт.
Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, Маскав омода аст, дар бораи принсипҳои ҳамзистии минбаъда бо Ғарб баҳс кунад.
"Дар сурати фароҳам овардани шароити зарурӣ, мо омода ҳастем, ки ба баҳсҳои сиёсӣ дар заминаи воқеӣ - ҳам дар бораи ҳалли пасазҷангии бӯҳрони Украина ва ҳам дар бораи ҳамзистии минбаъда бо Ғарб дар маҷмӯъ ширкат кунем", - гуфт вай.
Раҳбари вазорати дифои Русия таъкид кард, ки таъмини равобити баробари ҳамаи қудратҳои ҳастаӣ - аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ муҳим аст.
Онҳо барои муҳофизати сулҳу осоиши тамоми ҷаҳон масъулияти махсус доранд. Тартиби одилонаи бисёрқутбӣ ба вуҷуд овардан лозим аст.
Барои ин "тарҳи амнияти байналхалқиро нав кардан ва ба он устувории бештар додан лозим аст".
Вазири дифои Русия Сергей Шойгу бо як сафари корӣ дар Пекин қарор дорад.
Вай барои иштирок дар форуми 10-уми Пекин Сяншан омад. Чорабинӣ аз соли 2006 баргузор мешавад. Бори охир иштирокчиён ҳузурӣ дар соли 2019 вохӯрда буданд.