ИМА намедонад, ки бо Чин чӣ кор кунад. Ва бо Русия. Ва бо тамоми ҷаҳон

© AFP 2023 / SAUL LOEBПрезидент США Джо Байден (справа) и председатель Китая Си Цзиньпин (слева) встречаются на полях саммита G20
Президент США Джо Байден (справа) и председатель Китая Си Цзиньпин (слева) встречаются на полях саммита G20  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2023
Обуна шудан
Дар ИМА дарк мекунанд, ки дигар наметавонанд бархӯрдро бо Хитой ва дигар мамолик идома диҳанд. Аммо то ҳол аз сиёсати таҳримҳо ва ҳаракатҳои доимии низомӣ даст намекашанд.
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik, Дмитрий Косирев.Чаро вазири дифои Русия Сергей Шойгу на чун меҳмон, балки меҳмони гиромии Анҷумани амниятии Сианшан дар Чин буд? Чаро ин дафъа намояндагони сохторҳои низомии 90 кишвари ҷаҳон (рекорд) ҷамъ омаданд ва ниятҳои хеле ҷиддӣ доранд?
Зеро вазъият дар ҷаҳон ба авҷи аълояш расидааст ва ҳал бояд кард, ки ба куҷо минбаъд равонем, ба муқовимати минбаъдаи беназорати бисёриҳо бо бисёриҳо ё ба калимаи кӯҳна ва маъмули "паст кардани шиддат".
Ва маҳз соҳиби форум Хитой ҳоло роҳ ба сӯи ҳамон пастшавии шиддат бо Иёлоти Муттахидаи Амрико пеш мебарад. Маълумоти пурарзиш дар бораи мавзӯъҳои стратегӣ ва муҳимтарин баромадкунандагон дар Пекин ҳастанд.
Рӯзҳои истироҳати гузашта вазири корҳои хориҷии Хитой Ван И ба Иёлоти Муттаҳида сафар кард ва дар он ҷо на танҳо бо бобо Ҷо Байден, балки бо ҳама шахсоне, ки дар маъмурияти ин кишвар муҳиманд, сӯҳбатҳо кард. Вай ҳадди аққал дар ду ҷаласаи коршиносони сатҳи олӣ суханронӣ кард ва мусоҳибаҳо дошт. Хулосаи умумии ӯ: муваф-фақиятҳо то ҳол кофӣ нестанд.
Принсипҳои муносибатҳои оянда бо давлати абарқудрати дуюм, ки барои Пекин қобили қабул мебошанд, ҳанӯз пайдо нашудаанд. Ҳарчанде онҳоро як сол боз ҷустуҷӯ доранд, дар ин муддат ҳамаи роҳбарони олимартабаи маъмурияти ИМА ба Пекин сафар карда, нуқтаҳои тамосро дарёфтан мехостанд.
4 февраля 2022. Президент РФ Владимир Путин и председатель КНР Си Цзиньпин (справа) во время встречи в государственной резиденции Дяоюйтай в Пекине. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2023
Путин ҳаҷми тиҷорати Русия бо Чинро эълон кард
Ҳоло маълум аст, ки Иёлоти Муттаҳида мушаххасан дарк намудаанд, ки дигар наметавонанд бархӯрдро бо рақиби стратегии худ, ки дар давраи Доналд Трамп оғоз ёфт, дар ҳамон сатҳ идома диҳанд, дар ин самт ба бохт рӯ ба рӯянд. Ду ҷанг бо ду давлати яроқи ҳастаӣ дошта, дар Украина ва атрофи Тайван ғайриимкон аст. Дар се ҷанг (бо назардошти алангаи Шарқи Наздик) эҳтимоли бохт боз ҳам бештар. Иттифоқчиён ба ҳарос афтодаанд. Аммо маълум нест, ки чӣ кор кардан лозим аст.
Формулаи Пекин ин чо хеле оддӣ аст. Эхтироми хамдигарӣ, ҳамзистии осоишта, ҳамкории судманди дуҷониба (дар самтҳои имконпазир). Барои Иёлоти Муттаҳида зарурати ҳал кардани вазъият бо таҳримҳои беохир алайҳи Чин, ҳаракатҳои доимии низомӣ дар баҳрҳои атрофи ин кишвар, маъракаҳои нафрат нисбат ба ҳама чизи чиноӣ пеш меояд. Таслим шудан? Танаффус?
Аз рӯи натиҷаи сафари Ван И ба Иёлоти Муттаҳида, тасмим гирифта шуд, ки ба самти мулоқоти шахсии Си Ҷинпин ва Ҷо Байден дар нишасти APEC дар моҳи оянда дар Калифорния бояд роҳ гирифт. Аммо ин кофӣ нест. Чунин мулоқот як сол қабл дар Индонезия баргузор шуда буд ва пас аз он Иёлоти Муттаҳида дубора ба мавқеъҳои қаблии худ баргашт. Ҳоло бошад, боз омили интихоботӣ ва номуайянӣ аст, ки баъди якуним сол сари ҳокимият дар Вашингтон кӣ меояд.
Президент США Джо Байден обращается к журналистам после прибытия в международный аэропорт Чикаго О'Хара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2023
Пулиси ҷаҳонӣ девона шудаст ва гунаҳкор Путин аст
Набошад, шиддат паст мешавад ё не? Вазъияти хеле монанд дар ибтидои солҳои 1970-ум рух дод ва боиси уабули эъломияи москвагии машҳури Брежнев ва Никсон аз 30 майи соли 1972 гардид. Ёдрас мекунем, ки он "Асосҳои муносибатҳои ИҶШС ва ИМА" ном дошт, яъне мисли имрӯза сухан дар бораи принсипҳо байни Хитой ва ИМА меравад.
Яъне кадом принсипҳо? Маҳз ҳамонҳо, ки дар асри ядроӣ бидуни ҳамзистии осоишта роҳе нест, манфиатҳои амнияти ҳар ду мамлакат ба принсипҳои баробарӣ (яъне эҳтиром) ва ғайра асос меёбанд. Пас аз он раванде оғоз шуд, ки комилан паст кардани шиддат номида шуд, на чизи дигар. Дустӣ не, балки фақат паст намудани шиддати муқобилият то дараҷаи қобили қабули якҷоя.
Пас чаро ин тавр шуд? Маҳз бо ҳамин сабабҳое, ки имрӯз байни Хитой ва Америко мавҷуданд. ИМА он вақт дар ҷанги Ҳиндухитой дар ҳоли бохт қарор дошт, пошхӯрии ҷамъият ва давлати Америка аён буд. Биёед ба ёд орем, ки ҳавопаймоҳои амрикоиро дар ҳавои Ветнам бо ҳамроҳии сенатор Маккейн кӣ сарнагун месохт. Хатари ҷанги ядроӣ байни ду давлати абарқудрат реалӣ буд ва ба куҷо ҳаракат кардан лозим буд, ба сӯи ҷанг ё муқобили он.
Ин ҳолат ба таҳияи ҳамон принсипҳо овард, яъне мо рақобат мекунем, аммо ба таври осоишта, ҳол он, ки иттифоқчиёни бадбахти Вашингтон низ инро мехостанд.
Инак, намуна ва моделе вуҷуд дорад. Пас чаро паст кардани шиддати № 2. — ин дафъа байни Вашингтон ва Пекин ин қадар душвор аст? Бо якчанд сабаб. Иттиҳоди Шӯравӣ таҳти роҳбарии Брежнев аз рӯи иқтидори ядроӣ бо ИМА баробар буд, вале аз рӯи савдои ҷаҳонӣ ва андозаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бо Амрико баробар набуд. Иттиҳоди Шӯравии ондавраина нисбат ба Хитои имрӯза камтар иттифоқчиён ва шарикон дошт.
Государственные флаги России и Китая - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2023
Пекин гуфт, ки омода аст бо Маскав дар бахши амният ҳамкорӣ кунад
Рубл дар молияи ҷаҳонӣ бо доллар рақобат надошт (дар омади гап, юан имрӯз танҳо панҷумин арзи ҷаҳонӣ аст, аммо суръати тавсеаи гардиши он бениҳоят аҷиб аст). Иқтисодиёти ИМА ва ИҶШС дар оғӯши марговар бо ҳам пайваст набуданд (аз далелҳои охирин: байни Хитой ва ИМА аллакай 35 хатсайри доимии хавоӣ дар як ҳафта мавҷуд аст). Хулоса, имрӯз вазъ барои амрикоиҳо мураккабтар ва ҷиддитар аст.
Ва чанд эроде дар охир. Пастшавии шиддати ҷаҳонии № 2 барои Русия бешубҳа аз бисёр сабабҳо фоидаовар аст, мисол барои он, ки тамоми авзои ҷаҳонро беҳтар мекунад, ҳадди аққал онро пешгӯишавандатар мекунад. Минбаъд паст кардани шиддати навбатии мо бо Иёлоти Муттахида маҳз аз рӯи ҳамин усул, яъне инкишофи дуру дарози принсипҳои муносибатҳо пеш бурда мешавад.
Ва ниҳоят: солҳои 70-ум дар фазои интизориҳои баланд ва умумибашарӣ дар бораи зиндагӣ дар рӯҳияи ҳамкорӣ ва эҳтиром гузашт, аммо фаромӯш накунем, ки баъди чанде Амрико боз сар бардошту фикр кард, оё вақти он нарасидаст, ки ба танафус хотима диҳем ва ба роҳи маъмулӣ - ҳукмронии мутлақ баргардем..
Лентаи хабарҳо
0