https://sputnik.tj/20231018/putin-hajm-tijorat-chin-elon-1060009036.html
Путин ҳаҷми тиҷорати Русия бо Чинро эълон кард
Путин ҳаҷми тиҷорати Русия бо Чинро эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Президентҳои Русия ва Чин изҳор доштанд, ки ҳаҷми тиҷорати ду кишвар ба сатҳи рекордӣ расида, миёни роҳбарон муносибатҳои хуби корӣ ва дӯстӣ ҷой дорад
2023-10-18T14:25+0500
2023-10-18T14:25+0500
2023-10-23T18:17+0500
дар русия
владимир путин
муваффақият
президент
чин
сиёсат
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/05/1045530132_0:150:3111:1900_1920x0_80_0_0_5c09d53dbd86f1e36298ef77ff82d8fe.jpg
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Владимир Путин дар музокирот бо Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин дар Пекин гуфт, гардиши мол миёни Русия ва Чин дар охири сол беш аз 200 миллиард доллар мешавад."Шумо ҳоло ҳадафи мо дар бораи расидан ба 200 млрд доллар гардиши молро дар соли ҷорӣ зикр кардед. Агар сол ба сол нигоҳ кунед, мо таҳлил кардем, аз имрӯзи як сол пеш то ҳол аллакай 200 млрд вуҷуд дорад. Дар ҷамъбасти соли тақвимӣ, ин сатҳ бештар хоҳад буд", - гуфт Путин. Роҳбари Чин тасдиқ кард, ки ҳаҷми тиҷорати дуҷониба бо Русия ба рекордҳои таърихӣ мерасад ва эътимоди сиёсӣ амиқтар мешавад."Ҳамкории наздик ва муассири стратегӣ нигоҳ дошта мешавад. Дар тӯли даҳ сол - аз соли 2013 сар карда, ман ва шумо, ҷаноби президент, 42 вохӯрӣ баргузор кардем, муносибатҳои хуби корӣ ва дӯстии мустаҳками шахсӣ барқарор кардем", - қайд кард Си Ҷинпин.Путин дар бораи муваффақиятҳои иқтисодии Чин изҳор дошт, ки ҳеҷ як раҳбари ҷаҳон 100 дарсад намедонад, ки чӣ гуна нақшаҳояш амалӣ мешаванд, аммо Чин дар ин масъала хуб кор мекунад"Мо аз шумо ва барои ҳамаи онҳое, ки дар ин ҳамкориҳои васеъ иштирок доранд, хеле шодем, зеро аз ин ҳама манфиат мегиранд", - гуфт президенти Русия. Путин ба Чин дар татбиқи барномаҳои бузургаш, аз ҷумла ғояи як роҳ як сарнавишт барои тамоми инсоният муваффақият орзу кард.
https://sputnik.tj/20231016/putin-afzoish-shumor-loihaho-sudmand-iiao-chin-1059970877.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/05/1045530132_190:0:2921:2048_1920x0_80_0_0_97cc68baaab6a4bc362e6c7e3ca636ef.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рекорд, тиҷорат, русия, чин, дӯстӣ, муносибат
рекорд, тиҷорат, русия, чин, дӯстӣ, муносибат
Путин ҳаҷми тиҷорати Русия бо Чинро эълон кард
14:25 18.10.2023 (Навсозишуда: 18:17 23.10.2023) Президентҳои Русия ва Чин изҳор доштанд, ки ҳаҷми тиҷорати ду кишвар ба сатҳи рекордӣ расида, миёни роҳбарон муносибатҳои хуби корӣ ва дӯстӣ ҷой дорад
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Владимир Путин дар музокирот бо Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин дар Пекин гуфт, гардиши мол миёни Русия ва Чин дар охири сол беш аз 200 миллиард доллар мешавад.
"Шумо ҳоло ҳадафи мо дар бораи расидан ба 200 млрд доллар гардиши молро дар соли ҷорӣ зикр кардед. Агар сол ба сол нигоҳ кунед, мо таҳлил кардем, аз имрӯзи як сол пеш то ҳол аллакай 200 млрд вуҷуд дорад. Дар ҷамъбасти соли тақвимӣ, ин сатҳ бештар хоҳад буд", - гуфт Путин.
Роҳбари Чин тасдиқ кард, ки ҳаҷми тиҷорати дуҷониба бо Русия ба рекордҳои таърихӣ мерасад ва эътимоди сиёсӣ амиқтар мешавад.
"Ҳамкории наздик ва муассири стратегӣ нигоҳ дошта мешавад. Дар тӯли даҳ сол - аз соли 2013 сар карда, ман ва шумо, ҷаноби президент, 42 вохӯрӣ баргузор кардем, муносибатҳои хуби корӣ ва дӯстии мустаҳками шахсӣ барқарор кардем", - қайд кард Си Ҷинпин.
Путин дар бораи муваффақиятҳои иқтисодии Чин изҳор дошт, ки ҳеҷ як раҳбари ҷаҳон 100 дарсад намедонад, ки чӣ гуна нақшаҳояш амалӣ мешаванд, аммо Чин дар ин масъала хуб кор мекунад
"Мо аз шумо ва барои ҳамаи онҳое, ки дар ин ҳамкориҳои васеъ иштирок доранд, хеле шодем, зеро аз ин ҳама манфиат мегиранд", - гуфт президенти Русия.
Путин ба Чин дар татбиқи барномаҳои бузургаш, аз ҷумла ғояи як роҳ як сарнавишт барои тамоми инсоният муваффақият орзу кард.