https://sputnik.tj/20231031/ansambl-rusi-ataman-sokinon-khujand-maftun-video-1060248075.html
Ҷабҳаи фарҳангӣ: Ансамбли казакҳои Петербург хуҷандиёнро ба ҳайрат овард - видео
Ҷабҳаи фарҳангӣ: Ансамбли казакҳои Петербург хуҷандиёнро ба ҳайрат овард - видео
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи хабарнигор толори пур аз тамошобин ҳар як баромади ҳунармандонро бо садои кафкубӣ ва ҳаёҳуи истиқбол мегирифтанд 31.10.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-10-31T16:51+0500
2023-10-31T16:51+0500
2023-10-31T20:28+0500
дар тоҷикистон
русия
фарҳанг
театр
хуҷанд
видео
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/1f/1060247761_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_ff934b9d224331a0bc738078125807c3.jpg
Ансамбли казокҳои"Атаман" аз Санкт-Петербург дар нахустин сафари эҷодии худ дар Тоҷикистон садҳо сокини Хуҷандро дар ҳайрат гузошт. Ба гуфтаи хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, ки дар толор ҳузур дошт, барномаи ғайриинтизор иҷрои таронаи маъруфи “Ситораи ман” ба забони тоҷикӣ буд. Тамошобинон, ки ба толори театри ба номи Камоли Хуҷандӣ омада буданд, бо кафкӯбиҳои бардавом ба ҳунармандон миннатдорӣ баён карданд. Ансамбли “Атаман”-и Русия садҳо нафарро дар Хуҷанд ба ҳам овардХизматчиёни ҳарбии қисмҳои низомии Суғд низ барномаи рангини ҳунармандони ансамбли "Атаман"-ро бо завқи зиёд тамошо карда, истеъдоди баланди онҳоро бо кафкӯбиҳо қадр намуданд. Ин нахустин сафари ҳунармандони гурӯҳ ба Тоҷикистон аст.Ба гуфтаи раҳбари иттиҳодияи эҷодӣ Даря Кутс, ансамбл имсол 20-солагии худро қайд мекунад.Театри мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо Петербург ҳамкорӣ мекунадБа гуфтаи вай, созандаи ин гурӯҳ афсари нерӯҳои вижа аст, ки дар Афғонистон ва Ангола хидмат кардааст. Баъди ба нафақа баромадан қарор дод, ки хизмати Ватанро давом диҳад ва ҳамчун "ҷабҳаи фарҳангӣ" ансамбл ташкил кард.
русия
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/1f/1060247761_320:0:1280:720_1920x0_80_0_0_d2e049bcdb68b610560c6e04c391f9d1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ансамбл русӣ "атаман" сокинон хуҷанд мафтун видео
ансамбл русӣ "атаман" сокинон хуҷанд мафтун видео
Ҷабҳаи фарҳангӣ: Ансамбли казакҳои Петербург хуҷандиёнро ба ҳайрат овард - видео
16:51 31.10.2023 (Навсозишуда: 20:28 31.10.2023) Ба гуфтаи хабарнигор толори пур аз тамошобин ҳар як баромади ҳунармандонро бо садои кафкубӣ ва ҳаёҳуи истиқбол мегирифтанд
Ансамбли казокҳои"Атаман" аз Санкт-Петербург дар нахустин сафари эҷодии худ дар Тоҷикистон садҳо сокини Хуҷандро дар ҳайрат гузошт.
Ба гуфтаи хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, ки дар толор ҳузур дошт, барномаи ғайриинтизор иҷрои таронаи маъруфи “Ситораи ман” ба забони тоҷикӣ буд.
Тамошобинон, ки ба толори театри ба номи Камоли Хуҷандӣ омада буданд, бо кафкӯбиҳои бардавом ба ҳунармандон миннатдорӣ баён карданд.
Хизматчиёни ҳарбии қисмҳои низомии Суғд низ барномаи рангини ҳунармандони ансамбли "Атаман"-ро бо завқи зиёд тамошо карда, истеъдоди баланди онҳоро бо кафкӯбиҳо қадр намуданд.
Ин нахустин сафари ҳунармандони гурӯҳ ба Тоҷикистон аст.
Ба гуфтаи раҳбари иттиҳодияи эҷодӣ Даря Кутс, ансамбл имсол 20-солагии худро қайд мекунад.
Ба гуфтаи вай, созандаи ин гурӯҳ афсари нерӯҳои вижа аст, ки дар Афғонистон ва Ангола хидмат кардааст.
Баъди ба нафақа баромадан қарор дод, ки хизмати Ватанро давом диҳад ва ҳамчун "ҷабҳаи фарҳангӣ" ансамбл ташкил кард.