https://sputnik.tj/20231030/teatri-mazhakavi-kamol-khujandi-peterburg-hamkori-1060214282.html
Театри мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо Петербург ҳамкорӣ мекунад
Театри мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо Петербург ҳамкорӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Тафоҳумномаи оид ба ҳамкорӣ дар шаҳри Хуҷанд бо Муассисаи давлатии фарҳангии Санкт-Петербург "Петербург-консерт" ба имзо расид
2023-10-30T09:48+0500
2023-10-30T09:48+0500
2023-10-30T10:03+0500
дар тоҷикистон
русия
фарҳанг
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102263/94/1022639431_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_edc5b5910b615a0d9489f72ce9c8a64f.jpg
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. "Петербург-консерт" ва Театри мазҳакавӣ- мусиқавии на номи Камоли Хуҷандӣ дар бораи ҳамкорӣ гуфтугӯ карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти "Хонаи Русия" дар Тоҷикистон хабар додааст. Рӯзи 29 октябр дар шаҳри Хуҷанд миёни Муассисаи давлатии фарҳангии шаҳри Санкт-Петербург "Петербург-консерт" ваТеатри мазҳакавӣ- мусиқавии на номи Камоли Хуҷандӣ ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид. Ба ҳуҷҷат мудири ансамбли казакии ба номи. А.М Краснопертс "Атаман" Даря Кутс ва коргардони театри Хуҷанд Эҳсон Ҳомидов имзо гузоштанд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар ташвиқ ва татбиқи чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ мусоидат кунанд. Тавре раиси намояндагии Россотрудничество Иван Иванов таъкид кард, пойтахти фарҳангии Тоҷикистон, Хуҷанд, аз ин пас бо пойтахти фарҳангии Русия, Санкт-Петербург ҳамкориҳои дарозмуддати фарҳангӣ хоҳад дошт. "Албатта, аз ин ҳарду ҷониб баҳра хоҳанд бурд", - афзуд ӯ. Қаблан хабар дода шуд, ки дар Театри мазҳакавӣ- мусиқавии на номи Камоли Хуҷандӣ намоиши нав омода кардааст. "Найрангҳои Майсара" чунин ном дорад спектакли нав, ки 24 октябр дар сахна намоиш дода шуд.
https://sputnik.tj/20231023/teatr-khujand-tamoshobinon-1060105525.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102263/94/1022639431_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_79ff1486cb890d0c78c255dab071a9fa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
театр камоли хуҷандӣ петербург ҳамкорӣ
театр камоли хуҷандӣ петербург ҳамкорӣ
Театри мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо Петербург ҳамкорӣ мекунад
09:48 30.10.2023 (Навсозишуда: 10:03 30.10.2023) Тафоҳумномаи оид ба ҳамкорӣ дар шаҳри Хуҷанд бо Муассисаи давлатии фарҳангии Санкт-Петербург "Петербург-консерт" ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. "Петербург-консерт" ва Театри мазҳакавӣ- мусиқавии на номи Камоли Хуҷандӣ дар бораи ҳамкорӣ гуфтугӯ карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти "Хонаи Русия" дар Тоҷикистон хабар додааст.
Рӯзи 29 октябр дар шаҳри Хуҷанд миёни Муассисаи давлатии фарҳангии шаҳри Санкт-Петербург "Петербург-консерт" ваТеатри мазҳакавӣ- мусиқавии на номи Камоли Хуҷандӣ ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ба ҳуҷҷат мудири ансамбли казакии ба номи. А.М Краснопертс "Атаман" Даря Кутс ва коргардони театри Хуҷанд Эҳсон Ҳомидов имзо гузоштанд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар ташвиқ ва татбиқи чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ мусоидат кунанд.
Тавре раиси намояндагии Россотрудничество Иван Иванов таъкид кард, пойтахти фарҳангии Тоҷикистон, Хуҷанд, аз ин пас бо пойтахти фарҳангии Русия, Санкт-Петербург ҳамкориҳои дарозмуддати фарҳангӣ хоҳад дошт.
"Албатта, аз ин ҳарду ҷониб баҳра хоҳанд бурд", - афзуд ӯ.
Қаблан хабар дода шуд, ки дар Театри мазҳакавӣ- мусиқавии на номи Камоли Хуҷандӣ намоиши нав омода кардааст.
"Найрангҳои Майсара" чунин ном дорад спектакли нав, ки 24 октябр дар сахна намоиш дода шуд.