Ансамбли “Атаман”-и Русия садҳо нафарро дар Хуҷанд ба ҳам овард

© SputnikАнсамбль "Атаман"
Ансамбль Атаман - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2023
Обуна шудан
Барномаи рангини фарҳангию фароғатӣ бо дастгирии “Хонаи русӣ” дар шаҳри Хуҷанд ва Раёсати фарҳанги вилояти Суғд баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 30 окт – Sputnik. Ҳунармандони Ансамбли казакҳои “Атаман” аз шаҳри Санкт – Петербург дар театри мусиқии мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилояти Суғд бо барномаи рангини фарҳангӣ ҳунару истеъдоди худро намоиш доданд.
Ин сафари аввалини ҳунармандони ансабли казакҳои “Атаман” ба Тоҷикистон гуфта мешавад.
Намоишномаи мазкур бо дастгирии “Хонаи русӣ” дар Хуҷанд ва раёсати фарҳанги вилояти Суғд роҳандоҳзӣ шудааст.
© SputnikАнсамбль "Атаман"
Ансамбль Атаман - Sputnik Тоҷикистон
1/4
Ансамбль "Атаман"
© SputnikАнсамбль "Атаман"
Ансамбль Атаман - Sputnik Тоҷикистон
2/4
Ансамбль "Атаман"
© SputnikАнсамбль "Атаман"
Ансамбль Атаман - Sputnik Тоҷикистон
3/4
Ансамбль "Атаман"
© SputnikАнсамбль "Атаман"
Ансамбль Атаман - Sputnik Тоҷикистон
4/4
Ансамбль "Атаман"
1/4
Ансамбль "Атаман"
2/4
Ансамбль "Атаман"
3/4
Ансамбль "Атаман"
4/4
Ансамбль "Атаман"
Дар намоишнома садҳо нафар сокинони шаҳру навоҳии Суғд иштирок доштанд, ки дар байни онҳо рустаборони муқими Тоҷикистон низ буданд.
Ҳамчунин сарбозони қисмҳои низомии Суғд низ барномаи рангини ҳунармандони ансамбли казакҳои “Атаман”-ро бо шавқу завқи зиёд тамошо карда, шодию сурури хешро аз истеъдоди баланди онҳо баён доштанд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар чорабинии вижа иштирок дошт ва лаҳзаҳои ҷолиби онро аккосӣ намуд.
Ба гуфтаи хабарнигор толори пур аз тамошобин ҳар як баромади ҳунармандонро бо садои кафкубӣ ва ҳаё - ҳуйи ҷавонӣ истиқбол мегирифтанд.
Худжандский музыкально-драматический театр им. Камола Худжанди, бывший им. А.С. Пушкина, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2023
Бо “Найрангҳои Майсара”: Театри Хуҷанд дарро ба рӯи тамошобинон боз мекунад
“Лаҳзаи ҷолибе, ки ҳамаи ҳозиринро ба ҳайрат овард, сароидани суруди машҳури “Ситораи ман” бо забони сифр тоҷикӣ буд. Ҳунармандон инро туҳфаи хотиравӣ барои мухлисони тоҷикашон унвон карданд” - афзуд хабарнигори Sputnik.
Ансамбли “Атаман” соли 2003 таъсис ёфта, асосгузори он Александр Михайлович Красноперетс мебошад.
Ансамбли мазкур баҳри болида гардонидани таъби сарбозон, дар рӯҳияи ватандустӣ тарбия намудани онҳо ва муаррифии маданияти казакҳо таъсис ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0