Тоҷикистон аз барномаи барқарорсозии партовгоҳҳои уран дар ИДМ пуштибонӣ кард

© SputnikЗакрытие проекта Табошар в Истиклоле
Закрытие проекта Табошар в Истиклоле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2023
Обуна шудан
Ба бовари сарвазири Тоҷикистон, анҷоми бомуваффақияти ин тарҳ аҳолӣ ва қаламравҳои атрофро аз таъсири зараровари партовҳои заҳролуд ҳифз хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон аз иҷрои барномаи эҳёи манотиқи дар кишварҳои ИДМ, ки зери таъсири уран ва дигар партовҳои заҳролуд қарор доранд, пуштибонӣ мекунанд.
Дар ин бора Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ, ки дар Бишкек баргузор шуд, хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, анҷоми бомуваффақияти ин нақша аҳолӣ ва манотиқи атрофро аз таъсири зараровари партовҳои заҳролуд эмин нигоҳ дошта, хатари сар задани ҳолатҳои фавқулоддаро низ коҳиш медиҳад.
Расулзода ба афзоиши бесобиқаи офатҳои табиӣ дар минтақа ва ҷаҳонро тайи 2 соли ахир таъкид кард.
"Заминҷунбӣ, обхезӣ, хушксолӣ, камшавии хок - ин танҳо як рӯйхати хурди он чизест, ки мо ба наздикӣ дучор шудем",- гуфт ӯ.
Сарвазири Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки ин падидаҳо махсусан барои кишварҳое хатарнок аст, ки дар қаламрави онҳо корхонаҳои истихроҷ ва коркарди урани партофташуда ҷойгиранд.
Дар ҳолати фавқулодда, зарари онҳо метавонад ба таври назаррас афзоиш ёбад, гуфт вайт.
Тоҷикистон макони конҳои қаблан истифодашудаи уран ва ҳамчунин як қатор корхонаҳои истихроҷи маъдан ва кимиёи коркарди маъдан аст. Мавзеи Табошар дар шаҳри Истиқлол яке аз калонтарин конҳои урани СССР буд.
Ҳамин тариқ, дар солҳои 1944-1965 дар он ҷо маъдани уран фаъолона истихроҷ карда мешуд. Ширкат дар солҳои 1970 баста шуд.
Закрытие проекта Табошар в Истиклоле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2023
Партовгоҳи радиоактивиро дар Суғд чӣ гуна безарар карданд - аксҳо
Моҳи октябри соли 2023 кормандони Росатом бо ширкати мутахассисони тоҷик тарҳи безараргардонии партовгоҳҳоро оғоз карданд, ки ҳоло идома дорад.
Партовгоҳҳои радиоактивӣ, ки онҳоро "гуристонҳои уран" ном мебаранд, замони коркарди маводи уран дар собиқ "Восторкредмед", ки айни ҳол "Фулузоти нодири Тоҷикистон"-и шаҳри Бӯстон (Чкалови пештара) , дар қарни гузашта ба вуҷуд омада дар шаҳру ноҳияҳои Адрасмон, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон ва Истиқлол ҷойгир шудаанд.
Аҳмадзода: дар ҳамкорӣ бо "Росатом" ҳамаи “гуристонҳои уран“ дар Суғд безарар мегарданд
Тибқи иттилои расмӣ алҳол чунин партовгоҳҳо дар шаҳру ноҳияҳои Адрасмон, Истиқлол ва Бобоҷон Ғафуров мавҷуданд. Дар умум замини чунин партовгоҳҳо 200 га буда, дар онҳо кам ё беш аз 50 млн тон пасмондаҳои радиоактивӣ ҷойгир шудаанд. Қарор аст корҳои безараргардонии ин партовгоҳҳо низ шурӯъ шавад.
Лентаи хабарҳо
0