https://sputnik.tj/20231004/partovgoh-radioaktiv-sughd-bezarar-aks-1059785852.html
Партовгоҳи радиоактивиро дар Суғд чӣ гуна безарар карданд - аксҳо
Партовгоҳи радиоактивиро дар Суғд чӣ гуна безарар карданд - аксҳо
Sputnik Тоҷикистон
Қаблан ин партовгоҳи хатарнок дар шаҳри Истиқлол боз буда, сокинони минтақа аз ин ҷо қуму шағал барои сохтмонҳо мебурданду чорво мечаронданд
2023-10-04T19:15+0500
2023-10-04T19:15+0500
2023-10-04T19:15+0500
акс
амният ва мудофиа
росатом
суғд
истиқлол
табошар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/04/1059783727_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_6bd441d7653140ac4ed6fde083bae34b.jpg
суғд
табошар
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/04/1059783727_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_0487528ddf4a2dba1f801c186b3ed8a0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
радиатсия, табошар, партовгоҳ, радиоактивӣ, сохтмон, росатом
радиатсия, табошар, партовгоҳ, радиоактивӣ, сохтмон, росатом
Партовгоҳи радиоактивиро дар Суғд чӣ гуна безарар карданд - аксҳо
Қаблан ин партовгоҳи хатарнок дар шаҳри Истиқлол боз буда, сокинони минтақа аз ин ҷо қуму шағал барои сохтмонҳо мебурданду чорво мечаронданд

Тарҳи рӯйпӯшгардонии партовгоҳи Табошар аз ҷониби "Росатом" 5 моҳ қабл аз муҳлат анҷом дода шуд.

Тамоми партовҳои бузургҳаҷми партовгоҳи радиоактивӣ дар Табошар ба зарфҳои оҳану бетонӣ ҷой дода шуда, пасмондаҳо низ бо қабати ғафсиаш то 1,5-метрӣ рӯйпӯш гардонда шудаанд.

Дар маросими ҷамъбасти тарҳ, дар баробари вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, Шералӣ Кабир инчунин намояндаи корпоратсияи "Росатом" Николай Спасский иштирок кард.

Тарҳ дар дар доираи барномаи байнидавлатии "Барқарорсозии ҳудудҳои давлатҳои аз истихроҷи уран зарардида" аз ҷониби "Росатом" амалӣ шуд.

Баландии партовҳо дар пайи корҳои безараргардонӣ аз 65 метри қаблӣ то 35 метр поин оварда шуда, вазъи радиатсионӣ то ҳадди поинтарин тибқи меъёрҳои байналмилалӣ коҳиш дода шудаст.

Корҳои анҷомёфта монеа мешаванд, ки боду борон партову чанги радиоактивиро ба гирду атроф паҳн созанд.

Раиси Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода интизор дорад, ки бо ҷалби "Росатом" партовгоҳҳои радиоактивии минтақа безарар гардонда мешаванд.

Дар маросими ҷамъбасти тарҳ дар Табошар таъкид шуд, ки таҷрибаи андӯхтаи мутахассисони ҳам рус ҳам тоҷик дар дигар иншооту партовгоҳҳои урании Тоҷикистон истифода хоҳад шуд.