https://sputnik.tj/20231004/ahmadzoda-rosatom-guriston-uran-sughd-bezarar-1059786087.html
Аҳмадзода: дар ҳамкорӣ бо "Росатом" ҳамаи “гуристонҳои уран“ дар Суғд безарар мегарданд
Аҳмадзода: дар ҳамкорӣ бо "Росатом" ҳамаи “гуристонҳои уран“ дар Суғд безарар мегарданд
Sputnik Тоҷикистон
" Росатом" -и Русия лоиҳаи безараргардонии чанде аз партовгоҳҳои уран, ки дар шаҳри Истиқлол дар вазъи боз қарор доштанд муваффақона ба иҷро расонид
2023-10-04T17:26+0500
2023-10-04T17:26+0500
2023-10-07T16:42+0500
дар тоҷикистон
русия
росатом
суғд
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/04/1059783705_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_dbc9a190eb696b1c9621021e2f981bf5.jpg
ДУШАНБЕ, 4 окт – Sputnik. Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими тантавии ба анҷом расидани корҳои безараргардонии мавзеъи саноатии “Табошар” ба шаҳри Истиқлол рафт ва барои қабл аз муҳлат хубу босифат ба иҷро расонидани барнома сипосгузорӣ намуд. Аҳмадзода зикр кард, ки дар оянда низ дар самти безарагардонии партовгоҳҳои радиоактивии ҳудуди вилояти Суғд бо ширкати "Росатом" ҳамкорӣ ба роҳ мемонем.Ширкати "Росатом" лоиҳаи байнидавлатии "Барқарорсозии ҳудудҳои давлатҳои аз истихроҷи уран зарардида" -ро панҷ моҳ қабл аз муҳлат муваффақона ба анҷом расонид. Николай Спасский, муовини директори генералии Корпоратсияи давлатии "Росатом" дар маросими анҷомёии лоиҳаи мазкур дар шаҳри Истиқлол ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки даҳҳо гектор “гуристонҳои уран” то якуним метр хокпӯш гардида, ба ин тартиб фонди радиатсия дар майдони корҳои иҷрошуда то ба 0,2 мкЗв/соат коҳиш дода шудааст, ки ин баробар ба меъёрҳои ҷаҳонӣ гуфта мешавад. Дар муаррифии корҳои тибқи барнома анҷомдода шуда ба ҳисоби масъулони Суғд, Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияи нав ҳам иштирок кард ва азму талошҳои ширкати "Росатом" дар самти безаргардонии партовгоҳҳои радиоактивӣ бесобиқа арзёбӣ намуд. Партовгоҳҳои радиоактивӣ, ки онҳоро "гуристонҳои уран" ном мебаранд, замони коркарди маводи уран дар собиқ "Восторкредмед", ки айни ҳол "Фулузоти нодири Тоҷикистон"-и шаҳри Бӯстон (Чкалови пештара) , дар қарни гузашта ба вуҷуд омада дар шаҳру ноҳияҳои Адрасмон, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон ва Истиқлол ҷойгир шудаанд. Тибқи иттилои расмӣ алҳол чунин партовгоҳҳо дар шаҳру ноҳияҳои Адрасмон, Истиқлол ва Бобоҷон Ғафуров мавҷуданд. Дар умум замини чунин партовгоҳҳо 200 га буда, дар онҳо кам ё беш аз 50 млн тон пасмондаҳои радиоактивӣ ҷойгир шудаанд. Қарор аст корҳои безараргардонии ин партовгоҳҳо низ шурӯъ шавад.
https://sputnik.tj/20231004/rosatom-partovgoh-radioaktivi-taboshar-video-1059777890.html
русия
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/04/1059783705_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_1d17acd5533d63c91936dbb42ec08f4b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд "гуристон уран" "росатом" безарар
суғд "гуристон уран" "росатом" безарар
Аҳмадзода: дар ҳамкорӣ бо "Росатом" ҳамаи “гуристонҳои уран“ дар Суғд безарар мегарданд
17:26 04.10.2023 (Навсозишуда: 16:42 07.10.2023) Эксклюзив
" Росатом" -и Русия лоиҳаи безараргардонии чанде аз партовгоҳҳои уран, ки дар шаҳри Истиқлол дар вазъи боз қарор доштанд муваффақона ба иҷро расонид
ДУШАНБЕ, 4 окт – Sputnik. Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими тантавии ба анҷом расидани корҳои безараргардонии мавзеъи саноатии “Табошар” ба шаҳри Истиқлол рафт ва барои қабл аз муҳлат хубу босифат ба иҷро расонидани барнома сипосгузорӣ намуд.
Аҳмадзода зикр кард, ки дар оянда низ дар самти безарагардонии партовгоҳҳои радиоактивии ҳудуди вилояти Суғд бо ширкати "Росатом" ҳамкорӣ ба роҳ мемонем.
“Дар мо лоиҳаҳо (партовгоҳҳо) -и “Табашар 3”, “Деҳмой” ва “Адрасмон” мавҷуданд. Изҳори умедворӣ мекунам, ки бо дастгирии сарвари давлат ва академияи илмҳо, бо дастгирии ширкати "Росатом" ва Вазорати саноат ва технологияи на ин лоиҳаҳоро амалӣ хоҳем кард", - гуфт раиси вилояти Суғд.
Ширкати "Росатом" лоиҳаи байнидавлатии "Барқарорсозии ҳудудҳои давлатҳои аз истихроҷи уран зарардида" -ро панҷ моҳ қабл аз муҳлат муваффақона ба анҷом расонид.
Николай Спасский, муовини директори генералии Корпоратсияи давлатии "Росатом" дар маросими анҷомёии лоиҳаи мазкур дар шаҳри Истиқлол ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки даҳҳо гектор “гуристонҳои уран” то якуним метр хокпӯш гардида, ба ин тартиб фонди радиатсия дар майдони корҳои иҷрошуда то ба 0,2 мкЗв/соат коҳиш дода шудааст, ки ин баробар ба меъёрҳои ҷаҳонӣ гуфта мешавад.
Дар муаррифии корҳои тибқи барнома анҷомдода шуда ба ҳисоби масъулони Суғд, Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияи нав ҳам иштирок кард ва азму талошҳои ширкати "Росатом" дар самти безаргардонии партовгоҳҳои радиоактивӣ бесобиқа арзёбӣ намуд.
Партовгоҳҳои радиоактивӣ, ки онҳоро "гуристонҳои уран" ном мебаранд, замони коркарди маводи уран дар собиқ "Восторкредмед", ки айни ҳол "Фулузоти нодири Тоҷикистон"-и шаҳри Бӯстон (Чкалови пештара) , дар қарни гузашта ба вуҷуд омада дар шаҳру ноҳияҳои Адрасмон, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон ва Истиқлол ҷойгир шудаанд.
Тибқи иттилои расмӣ алҳол чунин партовгоҳҳо дар шаҳру ноҳияҳои Адрасмон, Истиқлол ва Бобоҷон Ғафуров мавҷуданд. Дар умум замини чунин партовгоҳҳо 200 га буда, дар онҳо кам ё беш аз 50 млн тон пасмондаҳои радиоактивӣ ҷойгир шудаанд. Қарор аст корҳои безараргардонии ин партовгоҳҳо низ шурӯъ шавад.