Кремл хостори раҳоии гаравгонҳо аз сӯи Ҳамос шуд

© Sputnik / Виталий БелоусовХрам Василия Блаженного в Москве, архивное фото
Храм Василия Блаженного в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2023
Обуна шудан
Маскав бо баёни ҷонибдорияш аз раҳоии гаравгонҳо дар навори Ғазза изҳори умед кард, ки ҳамаи онҳо сиҳату саломат ба назди хонаводаҳояшон бармегарданд
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Русия аз Ҳамос даъват мекунад, ки ҳама гаравгонҳоро фавран озод кунад, изҳор дошт котиби матбуотии президенти ФР, Дмитрий Песков.
Вай дар суҳбат бо хабарнигорон изҳор дошт, ки раҳоии гаравгонҳо мавқеи қатъии Маскав мебошад.
"Мо боварӣ дорем, ки ҳама гаравгонҳо бояд фавран озод карда шаванд. Ин мавқеи қатъии мост. Мо, албатта, аз Ҳамос даъват мекунем, ки ҳама гаравгонҳоро озод кунанд. Мо аз самими қалб ба ҳамаи хешовандон ва наздикони ин гаравгонҳо орзу дорем, ки онҳо баргарданд", - гуфт Песков.
Субҳи 7 октябр Исроил дар чаҳорчӯби амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо", ки аз ҷониби ҷиноҳи низомии ҷунбиши Ҳамос фаластинӣ эълон шуда буд, аз навори Ғазза мавриди ҳамлаи мушакии бесобиқа қарор гирифт.
Зампред Совбеза РФ Д. Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2023
Медведев: Силоҳҳои "афғон"-ӣ ва "Киев"-ии ИМА ба Фаластину Исроил зарба зада истодаанд
Дар посух, нерӯҳои Исроил амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғаззаро оғоз карданд. То ҳол шиддати даргириҳо аз ҳарду ҷониб ҳазорҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузоштааст.
Муноқишаи Фаластин ва Исроил даҳсолаҳо собиқа дошта, асосан дар заминаи қаламрав сар мезанад.
СММ бо нақши фаъоли Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1947 барои таъсиси ду давлат - Исроил ва Фаластин қарор карда буд, аммо танҳо давлати Исроил таъсис дода шуд.
Исроил дар баробари эълон кардани созиш бо меъёри дудавлатии муайянкардаи СММ, қаламрави Фаластинро пурра озод накарда истодааст. Маскав татбиқи низоми дудавлатиро яке аз омилҳои таъмини амният дар минтақа медонад.
Лентаи хабарҳо
0