Медведев: Силоҳҳои "афғон"-ӣ ва "Киев"-ии ИМА ба Фаластину Исроил зарба зада истодаанд

© Sputnik / Екатерина Штукина / Гузариш ба медиабонкЗампред Совбеза РФ Д. Медведев
Зампред Совбеза РФ Д. Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2023
Обуна шудан
Муовини раиси Шӯрои Амнияти Русия изҳор дошт, ки Конгресси ИМА тақозо дорад, ки "таҳқиқи фаврӣ" дар бораи чӣ гуна ба дасти Ҳамос афтодани силоҳҳо гузаронда шавад
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Силоҳҳои амрикоие, ки ба Афғонистон ва Украина фиристода шудаанд, дар низои Фаластин ва Исроил истифода мешаванд.
Дар ин бора муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев хабар дод.
Қайд карда мешавад, ки аслиҳаи Иёлоти Муттаҳида ва НАТО, ки "барои кӯмак ба режими нозӣ дар Киев" дода буданд ва инчунин "ҳангоми фирори нангин аз Афғонистон" партофташуда, дар Ховари Миёна истифода мешаванд.
Ба қавли ӯ, таҷҳизоти низомии кишварҳои ғарбӣ “бомуваффақият дуздида мешуд ва тавассути роҳҳои қочоқӣ ба дасти ифротгароён ва террористҳои мухталиф медаромад”.

"Чунон ки интизор мерафт, имрӯз як далели возеҳ вуҷуд дорад: аслиҳаи сохти амрикоии Киев ва Афғонистон дар Исроил низ одамонро мекушад", - қайд кард Медведев.

Илова бар ин, муовини раиси Шӯрои Амнияти Русия таъкид кард, ки Конгресси ИМА "бо хашми ошкор" талаб мекунад, ки "таҳқиқи фаврӣ" дар бораи аз куҷо дастрас шудани ин силоҳҳо ба Ҳамос таҳқиқ шавад.
Дмитрий Медведев ҳамчунин дар як матлабе, ки дар вебсайти "Известия" нашр шудааст, ишора кард, ки Иёлоти Муттаҳида "шитоб мекунад, ки ё Эрон, Сурия ё Русияро дар интиқоли ғайриқонунӣ айбдор кунад - ба ҷуз аз худ".
Қаблан Мария Захарова, намояндаи расмии вазорати умури хориҷии Русия, дар бораи пайдо шудани силоҳҳои НАТО дар ҷабҳаи Исроилу Фаластин ҳарф зада буд.
Официальный представитель Министерства иностранных дел России Мария Захарова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2023
Захарова: Амрико муноқишаи Ховари Миёнаро ба нуқтаи бебозгашт расонидааст
Ба гуфтаи вай, силоҳҳои Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ ва Иёлоти Муттаҳида аз Украина дар саросари ҷаҳон "паҳн мешаванд".
Илова бар ин, Мария Захарова дар брифингҳо мисолҳо овард, ки дар онҳо далелҳои мушаххас муайян карда шуданд, ки силоҳҳои ғарбӣ барои Украина дар минтақаҳои гуногуни сайёра муайян карда шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0