Рубл дар Тоҷикистон гарон шуд

© ShutterstockДеньги в руках
Деньги в руках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2023
Обуна шудан
Қурби пули русӣ дар қиболи сомонӣ тайи чанд муддат буд, ки дар ҳоли коҳишёбӣ карор дошт, аммо тайи рӯзҳои истироҳатӣ то ду сомонӣ гарон шуд
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод арзиши пули русӣ дар бозори арзи кишвар каме боло рафта, ҳоло 1000 рубл 114,8 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар 1000 рубл 112,9 сомонӣ арзиш дошт.
Асъори русӣ тайи моҳҳои ахир мизони ноустуворро касб кардааст ва танҳо дар пайи амалкардҳои Бонки марказии Русия каме беҳбуд пайдо мекунад.
Дар баробари рубл евро ва доллар низ боз гаронтар шудаанд.
Агар ду рӯз қабл бар ивази ҳар доллар 10.9599 сомонӣ медоданд, ҳоло 10.9635 сомонӣ медиҳанд.
Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як евро 11.6147 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки дар охири ҳафтаи гузашта қурби ҳар евро 11.5693 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Председатель Национального банка Таджикистана Холикзода Хоким - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2023
Раиси БМТ аз рушди иқтисоду ММД-и Тоҷикистон ва доллар гуфт
БМТ, ҳамчунин, нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА аз 10.9 то 11 сомонӣ, 1 евро аз 11.6 то 11.8 сомонӣ, 1000 рубли русӣ аз 114, 8 то 117 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
Лентаи хабарҳо
0