Раиси БМТ аз рушди иқтисоду ММД-и Тоҷикистон ва доллар гуфт

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонПредседатель Национального банка Таджикистана Холикзода Хоким
Председатель Национального банка Таджикистана Холикзода Хоким - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2023
Обуна шудан
Сатҳи таваррум дар ним соли ҷорӣ 2,3 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 банди фоизӣ кам мебошад
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои берунӣ корҳо рушди иқтисоди миллӣ дар Тоҷикистон зарфи ним соли равон таъмин гардидааст.
Дар ин бора раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода зимни ҳисоботи шашмоҳааш иттилоъ додааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти ин ниҳод
Аз ҷумла, дар шаш моҳи соли 2023 Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии (ММД) кишвар ба 54,2 млрд. сомонӣ расида, рушди воқеии он ба 8,3 фоиз баробар гардид.
Сатҳи таваррум бошад, дар давраи ҳисоботӣ 2,3 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 банди фоизӣ кам мебошад.
Денежные купюры, пластиковые карты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2023
Қимати рубл дар Тоҷикистон боз паст шуд: қурби асъор
Ба иттилои манбаъ, меъёри бозтамвил, ки фишанги калидии сиёсати пулию қарзӣ барои анҷом додани амалиётҳои монетарӣ ба ҳисоб меравад, то ба 10,0 фоизи солона паст карда шуд.
Ба гуфтаи Холиқзода БМТ бо мақсади таъмини муътадилии вазъи бозори дохилии асъор сиёсати қурбиро дар реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” ҷиҳати татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ ва афзун намудани ҳаҷми захираҳои байналмилалӣ амалӣ карда истодааст.
“Қурби расмии миёнадавраи доллари ИМА нисбати сомонӣ дар ин давра ба 10,7 сомонӣ баробар гардида, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2022 ба андозаи 9,0 фоиз паст мебошад”, - афзудааст манбаъ.
Ҳамзамон зикр карда шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба рушди низоми пардохтӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ба фаъолияти устувору мунтазами низоми молиявии кишвар, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва фискалӣ ҷиҳати гузаронидани пардохтҳои саривақтӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои бехатарро таъмин намуда истодааст.
Лентаи хабарҳо
0