https://sputnik.tj/20231023/ima-mushkilot-nave-ukraina-peshgui-1060092443.html
Дар ИМА мушкилоти наверо барои Украина пешгӯӣ карданд
Дар ИМА мушкилоти наверо барои Украина пешгӯӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Украина воқеан аз тағир додани рӯҳия ва овозҳо дар Вашингтон барои идомаи кӯмакҳо вобаста аст, мегуяд сиёсатшиноси америкой Стивен Вертгейм
2023-10-23T11:41+0500
2023-10-23T11:41+0500
2023-10-23T12:37+0500
украина
има
дар ҷаҳон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/07/1046598521_0:121:1280:841_1920x0_80_0_0_c68bc2e0df369e3e4ac0e9cea71d30bb.jpg
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Ҳатто агар бастаи умумии кӯмаки Байден ба Украина ва Исроил дар Конгресс қабул шавад, президент дафъаи оянда бояд қонунгузоронро бори дигар бовар кунонад. Дар ин бора сиёсатшиноси амрикоӣ Стивен Вертхайм дар подкасти рӯзноманигор Ян Мастерс изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, маблағи пешбинишуда 61 миллиард долларро ташкил медиҳад. Коршинос қайд кард, ки онҳо барои тақрибан як сол кофӣ хоҳанд буд. Аммо, баъд аз он Украина боз ба пул ниёз хоҳад дошт ва бояд бори дигар ба Конгресс муроҷиат кунад.Вертхайм қайд кард, ки ҷумҳурихоҳоне, ки ба маблағгузории Киев шубҳа доранд, набояд "аҳмақ" ҳисобида шаванд. Вай иддао дорад, ки нуқтаи назари конгрессменҳои ҷумҳурихоҳ эҳсоси интихобкунандагони амрикоиро дар мавриди кумак ба Украина инъикос мекунад.Сиёсатшинос ҳамчунин таъкид кард, ки дафъаи оянда маъмурияти Байден ба эҳтимоли зиёд бояд усули наверо таҳия кунад, то Конгрессро бовар кунонад, ки ба тарафдории кумаки молии иловагӣ ба Украина раъй диҳад. Вертхайм ба хулосае омад, ки Украина воқеан аз тағйири рӯҳия ва раъйҳо дар Вашингтон вобаста аст. Қаблан дар Амрико ақидае вуҷуд дошт, ки раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден ба хотири заъиф ва кам кардани захираҳои низомии Русия аз Украина пуштибонӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20231018/putin-bokht-ukraina-muzokirot-mushak-ima-1060016874.html
украина
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/07/1046598521_0:1:1280:961_1920x0_80_0_0_4374fa4fa973c99e6096035c908c806b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
има мушкилот наве украина пешгӯӣ
има мушкилот наве украина пешгӯӣ
Дар ИМА мушкилоти наверо барои Украина пешгӯӣ карданд
11:41 23.10.2023 (Навсозишуда: 12:37 23.10.2023) Украина воқеан аз тағйир додани рӯҳия ва овозҳо дар Вашингтон барои идомаи кӯмакҳо вобаста аст, мегӯяд сиёсатшиноси амрикой Стивен Вертгейм
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Ҳатто агар бастаи умумии кӯмаки Байден ба Украина ва Исроил дар Конгресс қабул шавад, президент дафъаи оянда бояд қонунгузоронро бори дигар бовар кунонад.
Дар ин бора сиёсатшиноси амрикоӣ Стивен Вертхайм дар подкасти рӯзноманигор Ян Мастерс изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, маблағи пешбинишуда 61 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Коршинос қайд кард, ки онҳо барои тақрибан як сол кофӣ хоҳанд буд. Аммо, баъд аз он Украина боз ба пул ниёз хоҳад дошт ва бояд бори дигар ба Конгресс муроҷиат кунад.
Вертхайм қайд кард, ки ҷумҳурихоҳоне, ки ба маблағгузории Киев шубҳа доранд, набояд "аҳмақ" ҳисобида шаванд.
Вай иддао дорад, ки нуқтаи назари конгрессменҳои ҷумҳурихоҳ эҳсоси интихобкунандагони амрикоиро дар мавриди кумак ба Украина инъикос мекунад.
Сиёсатшинос ҳамчунин таъкид кард, ки дафъаи оянда маъмурияти Байден ба эҳтимоли зиёд бояд усули наверо таҳия кунад, то Конгрессро бовар кунонад, ки ба тарафдории кумаки молии иловагӣ ба Украина раъй диҳад.
Вертхайм ба хулосае омад, ки Украина воқеан аз тағйири рӯҳия ва раъйҳо дар Вашингтон вобаста аст.
Қаблан дар Амрико ақидае вуҷуд дошт, ки раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден ба хотири заъиф ва кам кардани захираҳои низомии Русия аз Украина пуштибонӣ мекунад.