Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Путин аз "бохт" дар Украина, зарурати музокирот ва дахолати мустақими ИМА гуфт

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия дар ҷамъбасти сафараш ба Чин дар мавриди ҳаводиси атрофи Украина, аз ҷумла таъмини мушакҳои ҷадиду эҳтимоли музокирот изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Агар ИМА бар ин аст, ки Русия дар амалиёти вижа дар Украина бохтаст, бигузор аслиҳаашонро бозпас гиранд.
Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар посух ба суол дар мавриди иддаои ИМА дар бораи "бохт"-и Маскав баён дошт.
Вай инчунин аз натиҷа надодани ҳамлаҳои ҷавобии Украина зикр намуда, афзуд, ки дар дар ин кишвар тамоюлҳое сӯи музокирот ба мушоҳида мешаванд, ки ин хуб аст, аммо кофӣ нест.
"Агар Украина гуфтушунид хоҳад бигузор амалҳои намоишкориро хотима диҳаду санади манъи гуфтушунидро бекор намояд", - гуфт Путин.
Ба иттилои раисҷумҳури Русия, таъмини мушакҳои нави нисбатан дурпарвози ATACMS танҳо саргармии Украинаро тамдид мекунад, аммо натиҷа намедиҳад. Путин таъкид кард, ки низоми мудофиаи ҳавоии Русия қодир аст, ки мушакҳои мазкурро сарнагун созаду ин иқдом иштибоҳи навбатии ИМА мебошад.
Украинские военнослужащие на учениях - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
"На аз рӯи нақша". Дар ИМА аз вазъи артиши Украина ба даҳшат афтоданд
Ӯ дар идома зикр намуд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар низоъ дар Украина ҳарчи бештар бевосита дахл карда истодааст.
"Онҳо ҷалб мешаванд, ин як чизи ошкор аст. Ва бигзор касе нагӯяд, ки онҳо ба ин кор иртибот надоранд. Мо бовар дорем, ки онҳо доранд", - гуфт ӯ.
Амалиёти вижа ба ҳимояи Донбасс моҳи феврали соли 2022 оғоз гардида, ҳадафи он ҳимояи одамоне гуфта шуд, ки таҳти таъқибу наслкушӣ қарор доштанд.
Лентаи хабарҳо
0