https://sputnik.tj/20231022/maqomi-eroni-osebpazirtarin-qoraro-nom-girift-1060078735.html
Мақоми эронӣ осебпазиртарин қораро ном гирифт
Мақоми эронӣ осебпазиртарин қораро ном гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Душанбе як мақоми эронӣ ахиран Осиё ва Уқёнусияро осебпазиртарин қораи ҷаҳон аз нуқтаи назари офатҳои табиӣ унвон кард
2023-10-22T09:28+0500
2023-10-22T09:28+0500
2023-10-23T12:00+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
муҳити зист
экология
обу ҳаво
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101571/05/1015710563_0:184:1600:1084_1920x0_80_0_0_27206747f63b13713019c964b84f869d.jpg
ДУШАНБЕ, 22 октябр — Sputnik. Вай дар ин бора дар як нишасти байнулмилалӣ, ки дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, баргузор шуд, изҳори назар кард.Муҳаммад Ҳасани Номӣ, муовини вазири корҳои дохилӣ ва раиси Созмони мухотироти табиӣ ва савонеъи инсонсохти Эрон, дар шарҳи ин матлаб ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, минтақаи Осиёи ва Уқёнусия осебпазиртарин қораи ҷаҳон аз нуқтаи назари мухотироти табиӣ ва ҳолоти фавқулодда табдил ёфтааст.Вай афзуд, аз ин хотир, ба таври табиӣ интизор меравад, ки минтақаи Осиё ва Уқёнусия дар эҷоди сомонаҳои ҳамоҳанг, фаромарзӣ ва фарогир ҳушдори аввалия дар ҷаҳон пешгом шаванд ва истиқрори ин муҳимро дар дастури кори худ қарор диҳанд.Муҳаммад Ҳасани Номӣ дар як ҳамоиши ниҳодҳои ҷилавгирӣ аз офатҳои табиӣ дар Душанбе бо таваҷҷуҳ ба аҳдоф ва маъмурияти Маркази осиёиии коҳиши балоё, аз ҷумла иртиқову тобоварии кишварҳои узв омодагии мизбонии ҶИЭ-ро ҷиҳати баргузории давраҳои омӯзишии минтақаӣ ба манзури зарфиятсозӣ, истифода аз равияҳои бартари минтақаӣ ва иртиқои ҳамкории минтақаӣ барои посух бар рискҳои фаромарзӣ, аз ҷумла гарду ғубор ва мудирияти обро эълом дошт.Вай бо ишора ба таҷрибаи Эрон гуфт, дар ин росто иқдомоти мутааддиде дар Эрон анҷом шуда, ки метавон ба мудирияти риски оташсӯзии ҷангалҳо ва маротиб бо истифода аз технологияи санҷиш аз дур ишора кард, ки дар сурати ниёз метавон таҷрибиётро барои кишварҳое, ки дучори мушкилоти оташсӯзии мутааддид ҳастанд, ба иштирок бигузорем.“Ҳамчунин пардозиши заминҳои кишоварзӣ дар ҳавзаи кишт, сармозадагӣ ва хушксолӣ, ки ба сурати ҳушманд аз тариқи телефони ҳамроҳи кишоварзон ва боғдорон аз шароити пеши рӯ огоҳ шуда ва иқдомоти мавриди ниёзе, ки мебоистӣ анҷом шавад, ба онҳо эълон мегардад”, - гуфт Муҳаммад Ҳасани Номӣ.Вай афзуд, соли гузашта Ҷумҳурии исломии Эрон бо баргузории рӯйдоди Эрони қадим зимни фароҳамсозии зерсохтӣ бо меҳварияти рушд ва тавсеаи донишбунёни эронии мудирияти буҳрон ифтихори мизбонӣ аз ҳазор маҳсули фанноварона аз 30 кишвари ҷаҳонро дошт.“Ба ҳамин манзур имсол ман ва ҳамкоронам дар Созмони мудирияти буҳрони Эрон дар назар дорем рӯйдоди фаннии мазкурро барои эҷоди пули иртиботии беҳтар байни ширкатҳои донишбунёни эронӣ ва сиёсатгузорони ҳавзаи мудирияти буҳрон баргузор намоем”, гуфт Муҳаммад Ҳасани Номӣ.Вай ба намояндагӣ аз ҶИЭ аз шумо ҳозирин ҷиҳати ширкат дар ин нишаст ва ҳузур дар намоишгоҳҳои ҷонибии он даъват кард.Конфронси осиёии “Паст кардани офатҳо – 2023: татбиқи самараноки тадбирҳо” дар Душанбе бо ширкати ниҳодҳои мубориза бо офоти табии 30 кишвари Осиё ва Уқёнусия аз сӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон ва Маркази осиёии коҳиши хатари офатҳои табиӣ (ADRC) баргузор шуд.Дар ин конфронс, бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, нахуст, бештар бар пешрафт дар таҳкими системаҳои идоракунии хатари офатҳои табиӣ тавассути табодули таҷрибаҳои хоси мухотироти табиӣ дар кишварҳое, ки роҳи баромад ба баҳр ва обҳои озод надоранд, дуввум, таҷриба ва дарсҳои омӯхташуда аз офатҳои калонтарини охир дар кишварҳои узв, сеюм, ибтикороти нав ва равишҳои ҷадиди кишварҳои узв ва созмонҳои шарик дар робита ба омодагӣ офатҳои мураккаб ва офоте, ки ба ҳам иротибот надоранд, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.Тоҷикистон як кишвари кӯҳистонӣ ва маҳрум аз дастрасӣ ба обҳои озод буда, ҳамасола бо офоти мухталифи табиӣ, назири барфкӯчу тарма, обхезиву сел ва заминлағжишу ярчу ғайра мувоҷеҳ мешавад.
https://sputnik.tj/20220506/hamkoriho-ekologi-hifzi-muhiti-zist-tojikistonu-uzbekiston-1048234061.html
https://sputnik.tj/20211117/vmkb-ozhonsi-oqokhon-loihaho-peshnihod-1043597471.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101571/05/1015710563_0:0:1446:1084_1920x0_80_0_0_ba37c96fdfdd14b22a1ab65dbf18e3f8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, осебпазир, экологӣ, муҳити зист, офати табиӣ
тоҷикистон, эрон, осебпазир, экологӣ, муҳити зист, офати табиӣ
Мақоми эронӣ осебпазиртарин қораро ном гирифт
09:28 22.10.2023 (Навсозишуда: 12:00 23.10.2023) Дар шаҳри Душанбе як мақоми эронӣ Осиё ва Уқёнусияро осебпазиртарин қораи ҷаҳон аз нуқтаи назари офатҳои табиӣ унвон кард
ДУШАНБЕ, 22 октябр — Sputnik. Вай дар ин бора дар як нишасти байнулмилалӣ, ки дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, баргузор шуд, изҳори назар кард.
Муҳаммад Ҳасани Номӣ, муовини вазири корҳои дохилӣ ва раиси Созмони мухотироти табиӣ ва савонеъи инсонсохти Эрон, дар шарҳи ин матлаб ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, минтақаи Осиёи ва Уқёнусия осебпазиртарин қораи ҷаҳон аз нуқтаи назари мухотироти табиӣ ва ҳолоти фавқулодда табдил ёфтааст.
“Мо се баробар аз дигарон дар Урупо ва ду баробар бештар аз афроде, ки дар Африқо зиндагӣ мекунанд, дар маърази осеби мухотироти табиӣ ҳастем”, - гуфт Муҳаммад Ҳасани Номӣ.
Вай афзуд, аз ин хотир, ба таври табиӣ интизор меравад, ки минтақаи Осиё ва Уқёнусия дар эҷоди сомонаҳои ҳамоҳанг, фаромарзӣ ва фарогир ҳушдори аввалия дар ҷаҳон пешгом шаванд ва истиқрори ин муҳимро дар дастури кори худ қарор диҳанд.
Муҳаммад Ҳасани Номӣ дар як ҳамоиши ниҳодҳои ҷилавгирӣ аз офатҳои табиӣ дар Душанбе бо таваҷҷуҳ ба аҳдоф ва маъмурияти Маркази осиёиии коҳиши балоё, аз ҷумла иртиқову тобоварии кишварҳои узв омодагии мизбонии ҶИЭ-ро ҷиҳати баргузории давраҳои омӯзишии минтақаӣ ба манзури зарфиятсозӣ, истифода аз равияҳои бартари минтақаӣ ва иртиқои ҳамкории минтақаӣ барои посух бар рискҳои фаромарзӣ, аз ҷумла гарду ғубор ва мудирияти обро эълом дошт.
“Мудирияти буҳронҳои ношӣ аз савонеъи табиӣ ниёзмандӣ баҳрагирӣ аз ҳамаи зарфиятҳо ва абзорҳои махсус, бахусус, истифода аз фанновариҳои навин ва мудирияти ҳушманд мебошад”, - гуфт раиси Созмони мухотироти табиӣ ва савонеъи инсонсохти Эрон.
Вай бо ишора ба таҷрибаи Эрон гуфт, дар ин росто иқдомоти мутааддиде дар Эрон анҷом шуда, ки метавон ба мудирияти риски оташсӯзии ҷангалҳо ва маротиб бо истифода аз технологияи санҷиш аз дур ишора кард, ки дар сурати ниёз метавон таҷрибиётро барои кишварҳое, ки дучори мушкилоти оташсӯзии мутааддид ҳастанд, ба иштирок бигузорем.
“Ҳамчунин пардозиши заминҳои кишоварзӣ дар ҳавзаи кишт, сармозадагӣ ва хушксолӣ, ки ба сурати ҳушманд аз тариқи телефони ҳамроҳи кишоварзон ва боғдорон аз шароити пеши рӯ огоҳ шуда ва иқдомоти мавриди ниёзе, ки мебоистӣ анҷом шавад, ба онҳо эълон мегардад”, - гуфт Муҳаммад Ҳасани Номӣ.
Вай афзуд, соли гузашта Ҷумҳурии исломии Эрон бо баргузории рӯйдоди Эрони қадим зимни фароҳамсозии зерсохтӣ бо меҳварияти рушд ва тавсеаи донишбунёни эронии мудирияти буҳрон ифтихори мизбонӣ аз ҳазор маҳсули фанноварона аз 30 кишвари ҷаҳонро дошт.
“Ба ҳамин манзур имсол ман ва ҳамкоронам дар Созмони мудирияти буҳрони Эрон дар назар дорем рӯйдоди фаннии мазкурро барои эҷоди пули иртиботии беҳтар байни ширкатҳои донишбунёни эронӣ ва сиёсатгузорони ҳавзаи мудирияти буҳрон баргузор намоем”, гуфт Муҳаммад Ҳасани Номӣ.
Вай ба намояндагӣ аз ҶИЭ аз шумо ҳозирин ҷиҳати ширкат дар ин нишаст ва ҳузур дар намоишгоҳҳои ҷонибии он даъват кард.
Конфронси осиёии “Паст кардани офатҳо – 2023: татбиқи самараноки тадбирҳо” дар Душанбе бо ширкати ниҳодҳои мубориза бо офоти табии 30 кишвари Осиё ва Уқёнусия аз сӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон ва Маркази осиёии коҳиши хатари офатҳои табиӣ (ADRC) баргузор шуд.
Дар ин конфронс, бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, нахуст, бештар бар пешрафт дар таҳкими системаҳои идоракунии хатари офатҳои табиӣ тавассути табодули таҷрибаҳои хоси мухотироти табиӣ дар кишварҳое, ки роҳи баромад ба баҳр ва обҳои озод надоранд, дуввум, таҷриба ва дарсҳои омӯхташуда аз офатҳои калонтарини охир дар кишварҳои узв, сеюм, ибтикороти нав ва равишҳои ҷадиди кишварҳои узв ва созмонҳои шарик дар робита ба омодагӣ офатҳои мураккаб ва офоте, ки ба ҳам иротибот надоранд, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Тоҷикистон як кишвари кӯҳистонӣ ва маҳрум аз дастрасӣ ба обҳои озод буда, ҳамасола бо офоти мухталифи табиӣ, назири барфкӯчу тарма, обхезиву сел ва заминлағжишу ярчу ғайра мувоҷеҳ мешавад.