https://sputnik.tj/20211117/vmkb-ozhonsi-oqokhon-loihaho-peshnihod-1043597471.html
Раиси нави ВМКБ ба мудири Ожонси Оқохон дар умури муҳити зист лоиҳаҳои нав пешниҳод кард
Раиси нави ВМКБ ба мудири Ожонси Оқохон дар умури муҳити зист лоиҳаҳои нав пешниҳод кард
Sputnik Тоҷикистон
Ҳодӣ Ҳусейнӣ, мудири Ожонси Оқохон оид ба макони зист дар Тоҷикистон бо Алишер Мирзонабот, раиси навтаъйини ВМКБ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
2021-11-17T16:30+0500
2021-11-17T16:30+0500
2021-11-17T19:05+0500
дар тоҷикистон
хоруғ
вмкб
бунёди оқохон
таъминоти аҳолӣ бо оби тоза
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/11/1043597347_0:110:2048:1262_1920x0_80_0_0_6f03ba95d9073bfcd8b9c9299195abee.jpg
ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Алишер Мирзонабот аз мақомдорони Ожонси Оқохон барои саҳмашон дар рушди минтақа изҳори миннатдорӣ карда, бархе лоиҳаҳои навро пешниҳод кардааст. Ба иттилои дафтари матбуотии ҳукумати ВМКБ, дар мулоқот зикр шудааст, ки бо дастгирии шарикони рушд дар шаҳри Хоруғ хатти оби нӯшокӣ бунёд гардид, ки барои беҳтар гардидани сифати зиндагии мардум ва беҳбуди инфрасохтори шаҳр пешбинӣ шудааст. Манбаъ афзуд, Алишер Мирзонабот нақшаҳои минбаъдаи кориеро, ки ба лоиҳаҳои пешин ворид нагардида буданд, ба миён гузоштааст. "Аз ҷумла зинакунонии маҳаллаи Заводи Нон ва Шарифободи шаҳри Хоруғ дар доираи низоми бехатарии шаҳр, бунёди чоҳи амуди дар маҳалаи Валдош Гулмамадов бо мақсади таъмини сокинони маҳалли ва бошандагони маҳаллаи Чухт Хоруғ бо оби тозаи нӯшокӣ ва бунёди хатти ташноб дар маҳаллаи Шарифобод аз нақшаҳои нав унвон гардиданд", - омадааст дар иттилоия. Раиси ВМКБ дар ин самт аз мудири Ожонси макони зисти Оқохон дар Тоҷикистон ҳамкории дуҷониба хостааст. Инчунин ҷонибҳо аз дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои зиёд намудани майдончаҳои варзишӣ дар вилоят зикр намуда, азмашонро барои идомаи кор дар ин бахш баён доштаанд. Созиш шудааст, ки мақомоти ВМКБ ҳамкориро бо Ожонси Оқохон дар умури муҳити зист таҳким мебахшанд.
https://sputnik.tj/20211115/serfarzand-general-tahsildidai-rusiya-raisi-navi-vmkb-1043555620.html
хоруғ
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/11/1043597347_0:0:2048:1536_1920x0_80_0_0_a439a2cebdcafafec6415bbe0863be19.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пешниҳод, мудир, ожонс, оқохон, навтаъйин
пешниҳод, мудир, ожонс, оқохон, навтаъйин
Раиси нави ВМКБ ба мудири Ожонси Оқохон дар умури муҳити зист лоиҳаҳои нав пешниҳод кард
16:30 17.11.2021 (Навсозишуда: 19:05 17.11.2021) Ҳодӣ Ҳусейнӣ, мудири Ожонси макони зисти Оқохон дар Тоҷикистон бо Алишер Мирзонабот, раиси навтаъйини ВМКБ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Алишер Мирзонабот аз мақомдорони Ожонси Оқохон барои саҳмашон дар рушди минтақа изҳори миннатдорӣ карда, бархе лоиҳаҳои навро пешниҳод кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии ҳукумати ВМКБ, дар мулоқот зикр шудааст, ки бо дастгирии шарикони рушд дар шаҳри Хоруғ хатти оби нӯшокӣ бунёд гардид, ки барои беҳтар гардидани сифати зиндагии мардум ва беҳбуди инфрасохтори шаҳр пешбинӣ шудааст.
Манбаъ афзуд, Алишер Мирзонабот нақшаҳои минбаъдаи кориеро, ки ба лоиҳаҳои пешин ворид нагардида буданд, ба миён гузоштааст.
"Аз ҷумла зинакунонии маҳаллаи Заводи Нон ва Шарифободи шаҳри Хоруғ дар доираи низоми бехатарии шаҳр, бунёди чоҳи амуди дар маҳалаи Валдош Гулмамадов бо мақсади таъмини сокинони маҳалли ва бошандагони маҳаллаи Чухт Хоруғ бо оби тозаи нӯшокӣ ва бунёди хатти ташноб дар маҳаллаи Шарифобод аз нақшаҳои нав унвон гардиданд", - омадааст дар иттилоия.
Раиси ВМКБ дар ин самт аз мудири Ожонси макони зисти Оқохон дар Тоҷикистон ҳамкории дуҷониба хостааст.
Инчунин ҷонибҳо аз дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои зиёд намудани майдончаҳои варзишӣ дар вилоят зикр намуда, азмашонро барои идомаи кор дар ин бахш баён доштаанд.
Созиш шудааст, ки мақомоти ВМКБ ҳамкориро бо Ожонси Оқохон дар умури муҳити зист таҳким мебахшанд.