https://sputnik.tj/20220506/hamkoriho-ekologi-hifzi-muhiti-zist-tojikistonu-uzbekiston-1048234061.html
Баррасии ҳамкориҳои экологӣ ва ҳифзи муҳити зист миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон
Баррасии ҳамкориҳои экологӣ ва ҳифзи муҳити зист миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон эълон карданд, ки тасмим доранд ҳамкориҳо дар бахши экологӣ ва ҳифзи муҳити зистро тақвият диҳанд
2022-05-06T12:09+0500
2022-05-06T12:09+0500
2022-05-06T13:49+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
экология
муҳити зист
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/06/1048233815_321:0:3962:2048_1920x0_80_0_0_a5f81d58754a2b39e16a36e9c7949d49.jpg
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Ин масъала ахиран дар шаҳри Душанбе зимни дидори Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва ҳайати Кумитаи давлатии экология ва ҳифзи муҳити зисти Ӯзбекистон баррасӣ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон.Тибқи иттилои манбаъ, дар ин дидор маҷмуи масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба ва дурнамои рушд дар соҳаи ҳифзи муҳити зист миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ гардид.Манбаъ таъкид кардааст, ки дар доираи сафари ҳайати Кумитаи давлатии экология ва ҳифзи муҳити зисти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, ки аз 4 то 11 май идома хоҳад ёфт, баргузории ҳамоишҳову дидорҳои вобаста ба соҳаи экологӣ ва муҳити зист, табодули таҷриба ва эҳёи нерӯи ҳамкории дутарафа дар назар аст.Ҳамзамон қарор аст, намояндагони Кумитаи давлатии экологӣ ва ҳифзи муҳити зисти Ӯзбекистон аз мамнуъгоҳҳо ва парваришгоҳҳои мавзеъҳои табиии махсус ҳифзшавандаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои Шӯроободу Данғараи вилояти Хатлон ва ноҳияи Дарвози Бадахшон боздид хоҳанд кард.Ёдрас менамоем, ки Давлаталӣ Саид, муовини аввали сарвазири кишвар пештар эълом карда буд, Тоҷикистону Ӯзбекистон тасмим доранд, гардиши савдоро ба 1 миллиард доллар расонанад.
https://sputnik.tj/20220505/namoyandagon-shirkat-sayyohi-uzbekiston-vorid-tojikiston-1048212647.html
ӯзбекистон
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/06/1048233815_791:0:3522:2048_1920x0_80_0_0_21151ae29b2b51ec7cc5913196920f53.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ӯзбекистон, баррасӣ, ҳамкорӣ, экологӣ, ҳифзи муҳити зист, душанбе
тоҷикистон, ӯзбекистон, баррасӣ, ҳамкорӣ, экологӣ, ҳифзи муҳити зист, душанбе
Баррасии ҳамкориҳои экологӣ ва ҳифзи муҳити зист миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон
12:09 06.05.2022 (Навсозишуда: 13:49 06.05.2022) Мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон эълон карданд, ки тасмим доранд, ҳамкориҳо дар бахши экологӣ ва ҳифзи муҳити зистро тақвият диҳанд
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Ин масъала ахиран дар шаҳри Душанбе зимни дидори Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва ҳайати Кумитаи давлатии экология ва ҳифзи муҳити зисти Ӯзбекистон баррасӣ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин дидор маҷмуи масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба ва дурнамои рушд дар соҳаи ҳифзи муҳити зист миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ гардид.
Манбаъ таъкид кардааст, ки дар доираи сафари ҳайати Кумитаи давлатии экология ва ҳифзи муҳити зисти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, ки аз 4 то 11 май идома хоҳад ёфт, баргузории ҳамоишҳову дидорҳои вобаста ба соҳаи экологӣ ва муҳити зист, табодули таҷриба ва эҳёи нерӯи ҳамкории дутарафа дар назар аст.
Ҳамзамон қарор аст, намояндагони Кумитаи давлатии экологӣ ва ҳифзи муҳити зисти Ӯзбекистон аз мамнуъгоҳҳо ва парваришгоҳҳои мавзеъҳои табиии махсус ҳифзшавандаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои Шӯроободу Данғараи вилояти Хатлон ва ноҳияи Дарвози Бадахшон боздид хоҳанд кард.
Ёдрас менамоем, ки Давлаталӣ Саид, муовини аввали сарвазири кишвар пештар эълом карда буд, Тоҷикистону Ӯзбекистон тасмим доранд, гардиши савдоро ба 1 миллиард доллар расонанад.