https://sputnik.tj/20231019/elomi-mavjudiyati-jabhai-jadid-ziddi-tolibon-az-suyi-generali-gurezi-dar-amriko--1060049811.html
Эъломи мавҷудияти ҷабҳаи ҷадид зидди толибон аз сӯйи генерали гурезӣ дар Амрико
Эъломи мавҷудияти ҷабҳаи ҷадид зидди толибон аз сӯйи генерали гурезӣ дар Амрико
Sputnik Тоҷикистон
Дар Амрико бо узвияти мақомҳо ва генералҳо гурезии ҳукумати пешини Афғонистон бар зидди толибон ҷабҳаи ҷадид бо номи номи "Ҷабҳаи муттаҳид" таъсис дода шуд
2023-10-19T19:15+0500
2023-10-19T19:15+0500
2023-10-19T19:15+0500
афғонистон
генерал
гурезаҳо
ҷабҳаи муқовимати миллии афғонистон
таъсис
има
амрико
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/0a/1050623526_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_78be3d4f3a7880c17ff99564c4dfe0e5.jpg
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Як ҷабҳаи ҷадиди зидди гурӯҳи толибон* бо узвияти бархе аз мақомҳо ва генералҳо гурезии ҳукумати пешини зери номи "Ҷабҳаи муттаҳиди Афғонистон" корашро дар шаҳри Вашингтон пойтахти Амрико оғоз кард, иттилоъ дододааст Sputnik Тоҷикистон.БА иттилои манбаъ аъзои ҷабҳаи муттаҳиди Афғонистон ахиран ҳангоми гушоиши дафтари ин ҷабҳа дар Вашингтон ҳадаф аз сохти онро талош барои баргашти дубораи низоми ҷумҳурият дар Афғонистон, нигаҳдории арзишҳои миллӣ ва таъйини сарнавишти мардуми барпояи интихобот эълом кардаанд.Масъуд Батовар, аз мақомҳои ҳукумати пешин ва масъули сиёсии ин ҷабҳа гуфт, ки гурӯҳи толибон* дар ҳамкорӣ бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ дубора бар Афғонистон чира шудаанд.Ба гуфта вай, ин гурӯҳ бо ҷабр қудратро ба даст гирифтанд ва аз замони чирагии дубораашон, бар хилофи иродаи мардум рафтор мекунад.Масъули сиёсии ин ҷабҳа афзӯдааст: "ба мо гуфта шуда буд, ки гуруҳи толибон* тағйир карданд, гурӯҳи толибон* сулҳ мекунанд, ҳукумати ҳамашумул ташкил медиҳанд, сохторҳои давлатиро таътил намекунанд, ба ҳуқуқи занон ва озодии баён эҳтиром мегузоранд, аммо шумо дидед ки ҳеҷ корӣ накарданд. Гурӯҳи толибон* ҳечгуна тағйир мусбате накардаанд. Толибон* бадтар аз даҳаи 90 дар баробари мардум рафтор мекунанд".Бахтовар ҳамчунон хостори пуштибонии кишварҳо ва ҷараёнҳои сиёсӣ дохилӣ шуд.Дар ҳамин ҳол, Абдуқайюм Раҳимӣ, волии Ҳирот дар ҳукумати пешин ва аз аъзои ин ҷабҳа, толибонро як гурӯҳ "террористӣ" хонда ва мегуяд, ки ин гурӯҳ барпояи як паймони нодурусти дубора қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтаанд.Муттаҳид сохтани насли ҷадиди Афғонистон ҷамъоварӣ кумакҳои башардӯстонаи байналмилалӣ ба мардум аз аҳдофи дигари ин ҷабҳаи унвон шудааст.Ёдоварӣ мекунем, ки пеш аз ин низ чандини ҷараёнҳои сиёсӣ ва низомӣ дар кишварҳои мухталиф аз сӯйи шуморе аз мақомҳои ҳукумати пешин аъзои порлумони кишвар таъсис шудааст, аммо танҳо ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва ҷабҳаи озодии бештарин даргириҳоро дар баробари гурӯҳи толибон* дар ҷараёни ду соли чирагии ин гурӯҳ доштааст.*- Созмон ё гурӯҳе, ки барои амалҳои террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20231019/guftugui-namoyandagoni-ima-bo-masulini-uzbekiston-dar-borai-havopaymohoi-afghoniston-1060037905.html
афғонистон
има
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/0a/1050623526_81:0:2812:2048_1920x0_80_0_0_f84f9a0dbf754d485a0b41b3633a7e44.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, амрико, има, ҷабҳа, толибон, генерал, гурезӣ, таъсис
афғонистон, амрико, има, ҷабҳа, толибон, генерал, гурезӣ, таъсис
Эъломи мавҷудияти ҷабҳаи ҷадид зидди толибон аз сӯйи генерали гурезӣ дар Амрико
Дар Амрико бо узвияти мақомҳо ва генералҳо гурезии ҳукумати пешини Афғонистон бар зидди толибон ҷабҳаи ҷадид бо номи номи "Ҷабҳаи муттаҳид" таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Як ҷабҳаи ҷадиди зидди гурӯҳи толибон* бо узвияти бархе аз мақомҳо ва генералҳо гурезии ҳукумати пешини зери номи "Ҷабҳаи муттаҳиди Афғонистон" корашро дар шаҳри Вашингтон пойтахти Амрико оғоз кард, иттилоъ дододааст Sputnik Тоҷикистон.
БА иттилои манбаъ аъзои ҷабҳаи муттаҳиди Афғонистон ахиран ҳангоми гушоиши дафтари ин ҷабҳа дар Вашингтон ҳадаф аз сохти онро талош барои баргашти дубораи низоми ҷумҳурият дар Афғонистон, нигаҳдории арзишҳои миллӣ ва таъйини сарнавишти мардуми барпояи интихобот эълом кардаанд.
Масъуд Батовар, аз мақомҳои ҳукумати пешин ва масъули сиёсии ин ҷабҳа гуфт, ки гурӯҳи толибон* дар ҳамкорӣ бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ дубора бар Афғонистон чира шудаанд.
Ба гуфта вай, ин гурӯҳ бо ҷабр қудратро ба даст гирифтанд ва аз замони чирагии дубораашон, бар хилофи иродаи мардум рафтор мекунад.
Масъули сиёсии ин ҷабҳа афзӯдааст: "ба мо гуфта шуда буд, ки гуруҳи толибон* тағйир карданд, гурӯҳи толибон* сулҳ мекунанд, ҳукумати ҳамашумул ташкил медиҳанд, сохторҳои давлатиро таътил намекунанд, ба ҳуқуқи занон ва озодии баён эҳтиром мегузоранд, аммо шумо дидед ки ҳеҷ корӣ накарданд. Гурӯҳи толибон* ҳечгуна тағйир мусбате накардаанд. Толибон* бадтар аз даҳаи 90 дар баробари мардум рафтор мекунанд".
Бахтовар ҳамчунон хостори пуштибонии кишварҳо ва ҷараёнҳои сиёсӣ дохилӣ шуд.
Дар ҳамин ҳол, Абдуқайюм Раҳимӣ, волии Ҳирот дар ҳукумати пешин ва аз аъзои ин ҷабҳа, толибонро як гурӯҳ "террористӣ" хонда ва мегуяд, ки ин гурӯҳ барпояи як паймони нодурусти дубора қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтаанд.
Муттаҳид сохтани насли ҷадиди Афғонистон ҷамъоварӣ кумакҳои башардӯстонаи байналмилалӣ ба мардум аз аҳдофи дигари ин ҷабҳаи унвон шудааст.
Ёдоварӣ мекунем, ки пеш аз ин низ чандини ҷараёнҳои сиёсӣ ва низомӣ дар кишварҳои мухталиф аз сӯйи шуморе аз мақомҳои ҳукумати пешин аъзои порлумони кишвар таъсис шудааст, аммо танҳо ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва ҷабҳаи озодии бештарин даргириҳоро дар баробари гурӯҳи толибон* дар ҷараёни ду соли чирагии ин гурӯҳ доштааст.
*- Созмон ё гурӯҳе, ки барои амалҳои террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.