Гуфтугӯи намояндагони ИМА бо масъулини Ӯзбекистон дар бораи ҳавопаймоҳои Афғонистон

© Соцсети 209 Shaheen CorpsВВС Афганистана
ВВС Афганистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2023
Обуна шудан
Иёлоти муттаҳида дар ҳол гуфтугӯ бо Ӯзбекистон дар бораи сарнавишти ҳавопаймоҳои интиқолёфта аз сӯйи артиши пешини Афғонистон ба ин кишвар аст
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Сафири Амрико дар Ӯзбекистон Ҷонатан Ҳиник ахиран гуфт, ки мақомҳои Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон бо давлати Ӯзбекистон дар бораи сарнавишти ҳавопаймоҳо ва чархболҳои низомии интиқолдодашуда аз сӯйи артиши Афғонистон ба хоки Ӯзбекистон дар моҳи августи 2021 идома медиҳанд.
Ҳиник дар посух ба пурсише дар бораи сарнавишти ҳавопаймоҳо ва чархболҳое, ки аз Афғонистон ба хоки Ӯзбекистон бурда шудаанд, ба нашрияи интернетии gazeta.uz гуфт: "танҳо метавонам бигӯям, ки мо ба ҳамкорӣ бо давлати Ӯзбекистон дар бораи макони ниҳоии ин ҳавопаймоҳо идома медиҳем. Натиҷаро эълом хоҳем кард".
Ин дипломат таъйид кард, ки ин ҳавопаймо ҳамчунон дар минтақаи Сурхондарё дар ҷануби Ӯзбекистон ва ҳаммарз бо Афғонистон қарор дорад.
Моҳи августи соли 2021, халабонони неруҳои ҳавоии Афғонистон, пас аз рӯй кор омадани гурӯҳи толибон* дар Афғонистон ба ҳамроҳи бастагони худ бо ҳавопаймоҳо ва чархболҳои неруии ҳавои Афғонистон ба Ӯзбекистон ва Тоҷикистон гурехтанд.
Расонаҳои маҳаллӣ ба нақл аз мақомоти Ӯзбекистон гузориш доданд, ки Тошканд қасд надорад ҳавопаймоҳои низомиро ба Афғонистон бозгарданд, зеро ин ҳавопаймоҳо мутааллиқ ба Иёлоти Муттаҳида аст.
Заместитель министра иностранных дел Афганистана Аббас Станакзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2023
Станакзай: Ҳамсояҳо аз муҳоҷирони афғон ба унвони фишор бар Афғонистон истифода мекунанд
Сентябри соли гузашта нашрияи онлайнии “Politico” гузориш дод, ки Иёлоти Муттаҳида дар ҳоли баррасии имкони интиқоли 50 ҳавопаймо ва болгарди низомӣ ба Ӯзбекстон ва Тоҷикистон дар муқобили кумак дар мубориза бо террористон дар Афғонистон аст.
Дар оғози моҳи августи 2021, гурӯҳи толибон* юришҳои худро дар баробари неруҳои давлатии Афғонистон афзоиш доданд. 15 август ҷангҷуёни гурӯҳи толибон* вориди Кобул шуданд ва рӯзи пас аз он эълом карданд, ки ҷанг поён ёфтааст. Дар ҷараёни ду ҳафтаи охири моҳи август тахлияи дастаҷамъии шаҳрвандони кишварҳои ғарбӣ ва афғонистониҳои ҳамкор бо онҳо аз фурудгоҳи Кобул, ки зери ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, сурат гирифт.
Дар шаби 31 август артиши ИМА фурудгоҳи Кобулро тарк кард ва ба тақрибан 20 соли ҳузури низомии Амрико дар Афғонистон поён дод. Дар оғози моҳи сентябр таркиби давлати муваққати такқавмӣ ва такгурӯҳии гурӯҳи толибони Афғонистон ба раёсати Муҳамад Ҳасан Охунд, ки дар давраи аввали ҳукумати толибон* ба унвони сарпарасти вазорати умури хориҷа хизмат мекард ва аз соли 2001 таҳти таҳримҳои СММ қарор дошт, эълом шуд.
*- созмон ё гурӯҳе, ки барои амалҳои террористиаш зери таҳримҳои СММ қарор дорад
Лентаи хабарҳо
0