https://sputnik.tj/20231012/gushaki-lavrov-muhriddin-yovaran-jalasai-idm-video-1059920852.html
Гӯшакии Лаврову Муҳриддин бо ёварон пеш аз оғози ҷаласаи ИДМ - видео
Гӯшакии Лаврову Муҳриддин бо ёварон пеш аз оғози ҷаласаи ИДМ - видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар Бишкек вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат варзид
2023-10-12T17:33+0500
2023-10-12T17:33+0500
2023-10-12T17:44+0500
сергей лавров
сироҷиддин муҳриддин
идм
бишкек
маҷлис
дар тоҷикистон
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/0c/1059920683_4:0:1586:890_1920x0_80_0_0_ec915a40e68b894c9aed42fb06646a8d.jpg
Тибқи рӯзномаи ҷаласа роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии ИДМ зиёда аз 20 масъаларо баррасӣ карда, дар бораи масоили мубрами байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар сиғаи Иттиҳод мубодилаи афкор намуданд.Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронии худ таъкид кард, ки ИДМ барои Тоҷикистон яке аз саҳнаҳои калидии ҳамкории бисёрҷониба боқӣ мемонад.Лавров: кишварҳои ИДМ бар ин назаранд, ки ба низоъи Фаластин хотима дода шавадВазир қайд намуд, ки Тоҷикистон низ дар татбиқи консепсияи раёсати кунунӣ дар созмон ҳиссаи худро гузошта, дар ин росто соли 2023 дар Душанбе ҷаласаҳои Шурои байнидавлатӣ оид меъёрикунонӣ, метрология ва иҷозатномадиҳӣ, Шурои байнидавлатӣ оид ба кайҳон, инчунин Шурои вазирони адлияи кишварҳои иштирокдори ИДМ-ро муваффақона доир кард.Раҳмон ба Қирғизистон меравадАз натоиҷи ҷаласа вазирон масъалаҳои баимзорасонии Аҳднома дар бораи таъсиси Созмони байналмилалӣ оид ба забони русӣ, Нақшаи чорабиниҳои роҷеъ ба омодагӣ ва дар соли 2025 таҷлил намудани 80-солагии ғалаба дар ҷанги Бузурги Ватанӣ, Барномаи байнидавлатии тадбирҳои муштараки мубориза бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2024-2028, инчунин як қатор созишнома ва изҳоротҳоро мувофиқа карда, ба баррасии сарони давлатҳо манзур намуданд.
бишкек
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/0c/1059920683_201:0:1388:890_1920x0_80_0_0_a17fed619f3bc66bf25c68b1e7e9c38c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, идм, лавров, муҳриддин, ҷаласа, гӯшакӣ, бишкек
тоҷикистон, идм, лавров, муҳриддин, ҷаласа, гӯшакӣ, бишкек
Гӯшакии Лаврову Муҳриддин бо ёварон пеш аз оғози ҷаласаи ИДМ - видео
17:33 12.10.2023 (Навсозишуда: 17:44 12.10.2023) Дар Бишкек вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат варзид
Тибқи рӯзномаи ҷаласа роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии ИДМ зиёда аз 20 масъаларо баррасӣ карда, дар бораи масоили мубрами байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар сиғаи Иттиҳод мубодилаи афкор намуданд.
Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронии худ таъкид кард, ки ИДМ барои Тоҷикистон яке аз саҳнаҳои калидии ҳамкории бисёрҷониба боқӣ мемонад.
Вазир қайд намуд, ки Тоҷикистон низ дар татбиқи консепсияи раёсати кунунӣ дар созмон ҳиссаи худро гузошта, дар ин росто соли 2023 дар Душанбе ҷаласаҳои Шурои байнидавлатӣ оид меъёрикунонӣ, метрология ва иҷозатномадиҳӣ, Шурои байнидавлатӣ оид ба кайҳон, инчунин Шурои вазирони адлияи кишварҳои иштирокдори ИДМ-ро муваффақона доир кард.
Аз натоиҷи ҷаласа вазирон масъалаҳои баимзорасонии Аҳднома дар бораи таъсиси Созмони байналмилалӣ оид ба забони русӣ, Нақшаи чорабиниҳои роҷеъ ба омодагӣ ва дар соли 2025 таҷлил намудани 80-солагии ғалаба дар ҷанги Бузурги Ватанӣ, Барномаи байнидавлатии тадбирҳои муштараки мубориза бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2024-2028, инчунин як қатор созишнома ва изҳоротҳоро мувофиқа карда, ба баррасии сарони давлатҳо манзур намуданд.