Лавров: кишварҳои ИДМ бар ин назаранд, ки ба низоъи Фаластин хотима дода шавад

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров на саммите G20 в Нью-Дели
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров на саммите G20 в Нью-Дели - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2023
Обуна шудан
Ба таъкиди вазири умури хориҷии Русия кишвараш умед довард, ки поёни низоъ давлати Фаластинро ба вуҷуд хоҳад овард
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Маскав умедвор аст, ки пас аз поёни марҳилаи доғи муноқишаи Ховари Миёна ҳама ба ӯҳдадории иҷрои қарорҳои Шӯрои Амнияти СММ дар бораи таъсиси давлати Фаластин ҷиддӣ муносибат хоҳанд кард.
Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии русия дар Бишкек ба хабарнигорон изҳор дошт.
"Имрӯз мо ба ин мавзӯъ дахл кардем, ҳама як фикр доранд:бояд фавран муноқиша қатъ гардад, қонунҳои башардӯстонаи байналмилали риоя гарданд, аз ҳар гуна зуҳуроти террористӣ, истифодаи бетартибонаи қувва, ки аз он шумораи зиёди шаҳрвандони ҳарду ҷониб зарар мебинанд, пешгирӣ шавад. Тавре дирӯз Владимир Путин гуфт, мо бояд ба моҳияти мушкилот тамаркуз кунем", - қайд кард вазир.
Видеообращение президента РФ В. Путина к участникам Делового форума БРИКС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2023
Танҳо зӯрӣ не: Путин ташкили давлати мустақили Фаластинро зарур хонд
Вай афзуд, ки тӯли даҳсолаҳои зиёд тасмимҳои Созмони Милал барои таъсиси давлати Фаластин тахриб шудаанд. Инро пеш аз ҳама Иёлоти Муттаҳида анҷом медиҳад, ки мехоҳад талошҳои миёнҷигариро ғасб кунад, Русия, СММ, Иттиҳодияи Аврупоро ба як сӯ кашад ва кори миёнаравҳои байналмилалиро халалдор созад.
"Мо воқеан умедворем, ки баробари ба поён расидани муноқиша ҳама масъулияти иҷрои қарорҳои Шӯрои Амнияти СММ дар бораи таъсиси давлати Фаластин бар асоси принсипҳое, ки аз ҷониби СММ тасдиқ шудаанд, масъулияти ҷиддӣ хоҳанд гирифт", - гуфт Лавров.
Лавров аз ҳарду ҷониб даъват кард, ки ба қонунҳои башардӯстона эҳтиром гузоранд ва аз истифодаи бетарафии нерӯ худдорӣ кунанд.
Лентаи хабарҳо
0