https://sputnik.tj/20231011/vazorat-mudofia-davat-artish-tojikiston-1059898458.html
Вазорати мудофиа натиҷаҳои даҳрӯзаи аввали даъват ба артиши Тоҷикистонро эълон кард
Вазорати мудофиа натиҷаҳои даҳрӯзаи аввали даъват ба артиши Тоҷикистонро эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар 10 рӯзи ташкилу баргузории чорабиниҳои даъватӣ ва гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ нақшаи пешбинигардидаи тирамоҳӣ беш аз 55% иҷро гардид
2023-10-11T13:29+0500
2023-10-11T13:29+0500
2023-10-11T13:29+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
сарбоз
нақша
даъват
хизмат
ҳарбӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/10/1040931369_0:159:3077:1890_1920x0_80_0_0_733d88baef975acc6b3f9f0e9d3e829c.jpg
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми даҳрӯзаи аввали даъват ба хизмати ҳарбӣ 15 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш додаанд.Ба иттилои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, дар нахустин рӯзи даъват ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод дар баробари ВМКБ нақшаро иҷро карданд. "Ҳамин тавр, иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии соли равон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар давоми даҳ рӯз 65%-ро ташкил медиҳад", - омадааст дар иттилоия. Иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар вилояти Хатлон беш аз 60%-ро ташкил медиҳад, ки дар ҳамин шабу рӯзи даъвати тирамоҳии соли 2022 он ба 54% баробар буд. Дар даҳрӯзаи аввал иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар вилояти Суғд 43%-ро ташкил медиҳад, ки ба иттилои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёдтар мебошад. Дар ин муддат нақшаи пешбинигардида дар шаҳри Душанбе 45% иҷро гардид. Даъвати тирамоҳии наваскарон дар Тоҷикистон аввали моҳи октябр оғоз гардида, то охири ноябр идома хоҳад дошт.
https://sputnik.tj/20231005/tavsifi-ahmadzoda-sharoit-khizmati-sarbozon-artish-1059791568.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/10/1040931369_173:0:2904:2048_1920x0_80_0_0_3a2cc6e9ce7e3e0524c1e7165bc1310b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фоиз, нақша, даъват, артиш, тоҷикистон, вазорати мудофиа
фоиз, нақша, даъват, артиш, тоҷикистон, вазорати мудофиа
Вазорати мудофиа натиҷаҳои даҳрӯзаи аввали даъват ба артиши Тоҷикистонро эълон кард
Дар 10 рӯзи ташкилу баргузории чорабиниҳои даъватӣ ва гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ нақшаи пешбинигардидаи тирамоҳӣ беш аз 55% иҷро гардид
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми даҳрӯзаи аввали даъват ба хизмати ҳарбӣ 15 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш додаанд.
Ба иттилои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, дар нахустин рӯзи даъват ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод дар баробари ВМКБ нақшаро иҷро карданд.
"Ҳамин тавр, иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии соли равон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар давоми даҳ рӯз 65%-ро ташкил медиҳад", - омадааст дар иттилоия.
Иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар вилояти Хатлон беш аз 60%-ро ташкил медиҳад, ки дар ҳамин шабу рӯзи даъвати тирамоҳии соли 2022 он ба 54% баробар буд.
Дар даҳрӯзаи аввал иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар вилояти Суғд 43%-ро ташкил медиҳад, ки ба иттилои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёдтар мебошад.
Дар ин муддат нақшаи пешбинигардида дар шаҳри Душанбе 45% иҷро гардид.
Даъвати тирамоҳии наваскарон дар Тоҷикистон аввали моҳи октябр оғоз гардида, то охири ноябр идома хоҳад дошт.