https://sputnik.tj/20231005/tavsifi-ahmadzoda-sharoit-khizmati-sarbozon-artish-1059791568.html
Тавсифи Аҳмадзода аз шароити хизмати сарбозон дар артиш
Тавсифи Аҳмадзода аз шароити хизмати сарбозон дар артиш
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Суғд зимни гусели наваскарон аз шароити будубоши хизматчиёни ҳарбӣ тавсиф кард, ки бо чораандешиҳои ҳукумат ва Вазорати мудофиаи кишвар беҳбуд ёфтааст
2023-10-05T09:02+0500
2023-10-05T09:02+0500
2023-10-05T09:02+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
суғд
хизмати ҳарбӣ
даъват
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103005/95/1030059517_0:159:3077:1889_1920x0_80_0_0_d916c4aa4218b6c10813960337f71f51.jpg
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд 1500 нафар ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон гусел карда шуданд. Маросими гусел дар "Амфитеатр" бо иштироки теъдоди зиёди ҷавонон, волидон ва роҳбарони минтақа, аз ҷумла раиси Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода баргузор шуд. Вай гуфт, таълиму тарбия ва руҳану ҷисман омода намудани ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат беш аз пеш аҳамияти муҳим пайдо менамояд. "Насли ҷавон дар сафи қувваҳои мусаллаҳ дарси шуҷоату мардонагӣ ва ҳифзи хоки поки Ватанро меомўзанд", - гуфт раиси вилоят. Таъкид шуд, ки дар рӯзи нахустин Ворух ва Чоркуи Исфара, Саразми Панҷакент, Чашмасори Бобоҷон Ғафуров, Навбаҳори Мастчоҳ, Деҳмой ва Ҳаёти Нави ноҳияи Ҷаббор Расулов, Меҳробод ва Ориёни Ашт ва Фондарёи Айнӣ нақшаи даъватро иҷро кардандРаиси Суғд таъкид намуд, ки шароити будубоши хизматчиёни ҳарбӣ бо чораандешиҳои ҳукумат ва Вазорати мудофиаи кишвар беҳбуд ёфтааст"Падару модарон боварӣ ҳосил намудаанд, ки шароити хизмат ва зисту зиндагонӣ дар қисмҳои ҳарбӣ сол то сол рў ба беҳбудӣ оварда, барои сарбозону афсарон тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаааст", - гуфт ӯ. Маврид ба зикр аст, ки даъвати тирамоҳии наваскарон дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон моҳҳои октябр ва ноябр давом хоҳад дошт.
https://sputnik.tj/20230927/ghizo-libos-dastur-rahmon-general-mavrid-navaskaron-1059628943.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103005/95/1030059517_173:0:2902:2047_1920x0_80_0_0_570814710d783d1199184169987162d6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷавонон, суғд, хизмати ҳарбӣ, чораандешӣ, гусел
ҷавонон, суғд, хизмати ҳарбӣ, чораандешӣ, гусел
Тавсифи Аҳмадзода аз шароити хизмати сарбозон дар артиш
Раиси Суғд зимни гусели наваскарон аз шароити будубоши хизматчиёни ҳарбӣ тавсиф кард, ки бо чораандешиҳои ҳукумат ва Вазорати мудофиаи кишвар беҳбуд ёфтааст
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд 1500 нафар ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон гусел карда шуданд.
Маросими гусел дар "Амфитеатр" бо иштироки теъдоди зиёди ҷавонон, волидон ва роҳбарони минтақа, аз ҷумла раиси Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода баргузор шуд.
Вай гуфт, таълиму тарбия ва руҳану ҷисман омода намудани ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат беш аз пеш аҳамияти муҳим пайдо менамояд.
"Насли ҷавон дар сафи қувваҳои мусаллаҳ дарси шуҷоату мардонагӣ ва ҳифзи хоки поки Ватанро меомўзанд", - гуфт раиси вилоят.
Таъкид шуд, ки дар рӯзи нахустин Ворух ва Чоркуи Исфара, Саразми Панҷакент, Чашмасори Бобоҷон Ғафуров, Навбаҳори Мастчоҳ, Деҳмой ва Ҳаёти Нави ноҳияи Ҷаббор Расулов, Меҳробод ва Ориёни Ашт ва Фондарёи Айнӣ нақшаи даъватро иҷро карданд
"Ман аз номи худ ба ҳамаи падару модарон барои тарбияи чунин фарзандони ватандӯст ва бо ору шуҷоъ изҳори сипос менамоям", - илова намуд роҳбари вилоят.
Раиси Суғд таъкид намуд, ки шароити будубоши хизматчиёни ҳарбӣ бо чораандешиҳои ҳукумат ва Вазорати мудофиаи кишвар беҳбуд ёфтааст
"Падару модарон боварӣ ҳосил намудаанд, ки шароити хизмат ва зисту зиндагонӣ дар қисмҳои ҳарбӣ сол то сол рў ба беҳбудӣ оварда, барои сарбозону афсарон тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаааст", - гуфт ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки даъвати тирамоҳии наваскарон дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон моҳҳои октябр ва ноябр давом хоҳад дошт.