https://sputnik.tj/20231011/putin-tashkil-davlat-mustaqili-falastin-1059910180.html
Танҳо зӯрӣ не: Путин ташкили давлати мустақили Фаластинро зарур хонд
Танҳо зӯрӣ не: Путин ташкили давлати мустақили Фаластинро зарур хонд
Sputnik Тоҷикистон
Бартарафсозии ташаннуҷ дар Шарқи наздик ҳалли масъалаҳои бунёдии сиёсӣ, пеш аз ҳама таъсиси давлати соҳибихтиёри Фаластинро тақозо мекунад
2023-10-11T21:01+0500
2023-10-11T21:01+0500
2023-10-11T21:01+0500
владимир путин
исроил
кушта
маҷруҳ
исроил
фаластин
има
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/17/1058986386_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_609223f695e7c8cd912b26e4990660ee.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Мушкили Фаластин дар қалби ҳар фарди мусалмон аст, изҳор дошт президенти Русия, Владимир Путин, дар форуми Ҳафтаи энергетикӣ. Вай дар доираи ин ҳамоиш шиддати авзоъ дар Шарқи наздикро шарҳ дода, гуфт, ин ҷо ҳалли масъалаҳои бунёдии сиёсӣ, пеш аз ҳама таъсиси давлати соҳибихтиёри Фаластин зарур аст. Путин афзуд, ИМА ба механизмҳои ҳалли мушкили Фаластин беэътиноӣ карда, ба ҷои ҳалли мушкилоти бунёдӣ бархе кумакҳои моддӣ пешниҳод карданд."️Маълум нест, ки вазъро дар ояндаи наздик ором кардан мумкин аст ё на, хатари густариши муноқиша берун аз ҳудуди он бо оқибатҳои ногувор вуҷуд дорад", - ҳушдор дод Путин. Вай қаблан шиддати муноқишаи Фаластин ва Исроил натиҷаи нокомии сиёсати Амрико ва нодида гирифтани қарорҳои Шӯрои Амнияти СММ хонда буд. Путин таъкид кард, ки ИМА ба инҳисори танзими қазия машғул шуда, мутаассифона мусолиҳа ва пайдо кардани созиши барои ҳарду ҷониб мақбул талош накарданд."Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ин фишор ҳар дафъа манфиатҳои мардуми бумии Фаластин, зарурати иҷрои қарорҳои Шӯрои амнияти СММ дар бораи таъсиси давлати соҳибихтиёри Фаластинро нодида мегирифт", - гуфт Путин.Ӯ ба зарурати кам кардани хисорот ба мардуми осоишта ва ба сифр кам кардани он таъкид намуд. Шиддати даргирӣ миёни Фаластин ва Ироил 7 октябри соли равон сурат гирифта, бар асари зарбаҳои тарафайн ҳазорҳо нафар аз ҳарду тараф куштаю маҷруҳ гардиданд.
https://sputnik.tj/20231009/lavrov-rusiya-isroilu-falastinro-ba-otashbas-davat-mekunad-1059868456.html
исроил
фаластин
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/17/1058986386_239:0:2970:2048_1920x0_80_0_0_bdb475bfd130f03da08882aea8eb7aa6.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин, шарқи наздик, фаластин, исроил
владимир путин, шарқи наздик, фаластин, исроил
Танҳо зӯрӣ не: Путин ташкили давлати мустақили Фаластинро зарур хонд
Бартарафсозии ташаннуҷ дар Шарқи наздик ҳалли масъалаҳои бунёдии сиёсӣ, пеш аз ҳама таъсиси давлати соҳибихтиёри Фаластинро тақозо мекунад
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Мушкили Фаластин дар қалби ҳар фарди мусалмон аст, изҳор дошт президенти Русия, Владимир Путин, дар форуми Ҳафтаи энергетикӣ.
Вай дар доираи ин ҳамоиш шиддати авзоъ дар Шарқи наздикро шарҳ дода, гуфт, ин ҷо ҳалли масъалаҳои бунёдии сиёсӣ, пеш аз ҳама таъсиси давлати соҳибихтиёри Фаластин зарур аст.
"Мушкилоти Фаластин дар назари мусалмонон беадолатӣ маҳсуб мешавад, дар ҳоле, ки Исроил ва ИМА аз ҳалли низомӣ ҳимоят мекунанд", - гуфт ӯ.
Путин афзуд, ИМА ба механизмҳои ҳалли мушкили Фаластин беэътиноӣ карда, ба ҷои ҳалли мушкилоти бунёдӣ бархе кумакҳои моддӣ пешниҳод карданд.
"️Маълум нест, ки вазъро дар ояндаи наздик ором кардан мумкин аст ё на, хатари густариши муноқиша берун аз ҳудуди он бо оқибатҳои ногувор вуҷуд дорад", - ҳушдор дод Путин.
Вай қаблан шиддати муноқишаи Фаластин ва Исроил натиҷаи нокомии сиёсати Амрико ва нодида гирифтани қарорҳои Шӯрои Амнияти СММ хонда буд.
Путин таъкид кард, ки ИМА ба инҳисори танзими қазия машғул шуда, мутаассифона мусолиҳа ва пайдо кардани созиши барои ҳарду ҷониб мақбул талош накарданд.
"Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ин фишор ҳар дафъа манфиатҳои мардуми бумии Фаластин, зарурати иҷрои қарорҳои Шӯрои амнияти СММ дар бораи таъсиси давлати соҳибихтиёри Фаластинро нодида мегирифт", - гуфт Путин.
Ӯ ба зарурати кам кардани хисорот ба мардуми осоишта ва ба сифр кам кардани он таъкид намуд.
Шиддати даргирӣ миёни Фаластин ва Ироил 7 октябри соли равон сурат гирифта, бар асари зарбаҳои тарафайн ҳазорҳо нафар аз ҳарду тараф куштаю маҷруҳ гардиданд.