https://sputnik.tj/20231009/lavrov-rusiya-isroilu-falastinro-ba-otashbas-davat-mekunad-1059868456.html
Лавров: Русия Исроилу Фаластинро ба оташбас даъват мекунад
Лавров: Русия Исроилу Фаластинро ба оташбас даъват мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири хориҷаи Русия гуфт, ки кишвараш ҳамроҳ бо Иттиҳодияи Араб аз Исроилу Фаластин хостаанд, ки ба амалиётҳои ҷангӣ хотима диҳанд
2023-10-09T18:59+0500
2023-10-09T18:59+0500
2023-10-09T18:59+0500
русия
дар русия
фаластин
исроил
оташбас
даъват
сергей лавров
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/05/1057562186_0:77:3365:1970_1920x0_80_0_0_274555abd500c8bdc34e884062787f5e.jpg
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар пайи музокирот дар Маскав бо Аҳмад Абулгейт, дабири кулли Иттиҳодияи Араб гуфт, Русия ва ин Созмон аз Исроил ва Фаластин даъват доранд, ки ба амалиётҳои ҷангӣ хотима бахшанд."Мо мавқеъи худро дар мавриди қабулнопазирии ҳама гуна хушунат тасдиқ кардем. Ҳам Иттиҳодияи Араб ва ҳам Русия дар баробари, тақрибан назари яксон доранд ва даъват доранд, ки ҳама гуна амалиётҳои ҷангӣ ва хушунат қатъ гардад ва тарафҳо пушти мизи музокирот нишинанд", - гуфт Лавров.Оқои Лавров таъкид кард, ки Русия зӯроварӣ дар ҳама шакл ва зуҳуротро маҳкум мекунад ва ҳамаи тарафҳоро ба қатъи ҳамагуна амалиёти ҷангӣ даъват мекунад.Ёдовар мешавем, ки шаби 7 октябр Исроилро навори Ғазза мушакборон кард. Ҳамин тариқ, ҷунбиши фаластинии Ҳамос амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо" алайҳи ин кишварро эълон кард.Ҳамос иддао кард, ки беш аз 35 сарбоз ва муҳоҷири исроилиро асир гирифтааст. Нерӯҳои дифои Исроил (IDF) аз оғози амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғазза хабар доданд.Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, дар паёме ба мардум гуфт, ки Исроил дар ҳолати ҷанг қарор дорад ва гуфтааст, ки ӯ барои сафарбаркунии густурдаи захираҳо дастур додааст.Раисиҷумҳури Фаластин Маҳмуд Аббос дар як нишасти изтирорӣ бо шуморе аз мақомоти расмӣ бар ҳаққи мардуми Фаластин барои дифоъ аз худ аз нерӯҳои исроилӣ ва муҳоҷирин таъкид кард.
https://sputnik.tj/20231009/tojikistoniyon-nizo-ghazza-isroil-oseb-vukh-1059861574.html
русия
фаластин
исроил
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/05/1057562186_318:0:3047:2047_1920x0_80_0_0_cd17d0eae4a14c83da9eccc55945e2da.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, фаластин, исроил, оташбас, даъват, лавров, ҳукумати русия
русия, фаластин, исроил, оташбас, даъват, лавров, ҳукумати русия
Лавров: Русия Исроилу Фаластинро ба оташбас даъват мекунад
Вазири хориҷаи Русия гуфт, ки кишвараш ҳамроҳ бо Иттиҳодияи Араб аз Исроилу Фаластин хостаанд, ки ба амалиётҳои ҷангӣ хотима диҳанд
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар пайи музокирот дар Маскав бо Аҳмад Абулгейт, дабири кулли Иттиҳодияи Араб гуфт, Русия ва ин Созмон аз Исроил ва Фаластин даъват доранд, ки ба амалиётҳои ҷангӣ хотима бахшанд.
"Мо мавқеъи худро дар мавриди қабулнопазирии ҳама гуна хушунат тасдиқ кардем. Ҳам Иттиҳодияи Араб ва ҳам Русия дар баробари, тақрибан назари яксон доранд ва даъват доранд, ки ҳама гуна амалиётҳои ҷангӣ ва хушунат қатъ гардад ва тарафҳо пушти мизи музокирот нишинанд", - гуфт Лавров.
Оқои Лавров таъкид кард, ки Русия зӯроварӣ дар ҳама шакл ва зуҳуротро маҳкум мекунад ва ҳамаи тарафҳоро ба қатъи ҳамагуна амалиёти ҷангӣ даъват мекунад.
Ёдовар мешавем, ки шаби 7 октябр Исроилро навори Ғазза мушакборон кард. Ҳамин тариқ, ҷунбиши фаластинии Ҳамос амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо" алайҳи ин кишварро эълон кард.
Ҳамос иддао кард, ки беш аз 35 сарбоз ва муҳоҷири исроилиро асир гирифтааст. Нерӯҳои дифои Исроил (IDF) аз оғози амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғазза хабар доданд.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, дар паёме ба мардум гуфт, ки Исроил дар ҳолати ҷанг қарор дорад ва гуфтааст, ки ӯ барои сафарбаркунии густурдаи захираҳо дастур додааст.
Раисиҷумҳури Фаластин Маҳмуд Аббос дар як нишасти изтирорӣ бо шуморе аз мақомоти расмӣ бар ҳаққи мардуми Фаластин барои дифоъ аз худ аз нерӯҳои исроилӣ ва муҳоҷирин таъкид кард.