https://sputnik.tj/20231011/khujand-elektrobus-vorid-1059899797.html
Навсозии инфрасохтори мусофирбарӣ дар Хуҷанд: электробусҳо ворид карда мешаванд
Навсозии инфрасохтори мусофирбарӣ дар Хуҷанд: электробусҳо ворид карда мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Суғд бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосирро дар корхонаи "Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд" шинос шуд
2023-10-11T14:27+0500
2023-10-11T14:27+0500
2023-10-11T14:27+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
сохтмон
нақша
кор
хуҷанд
автобус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1e/1051045975_0:194:2953:1855_1920x0_80_0_0_a6e6548838b4cd7e9cbb08e06c34a3f4.jpg
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Корхонаи "Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд" навсозӣ шуда, ба шаҳр мусофирбарҳои ҷадид ворид карда мешаванд. Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, айни замон татбиқи лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд" ҷараён дошта, то ин марҳила беш аз 50 дарсади корҳо ба сомон расонида шудааст. Манбаъ афзуд, ки раиси Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти татбиқи лоиҳа шинос гардидааст, ки дар доираи он беш аз 100 адад автобуси мусофиркашон ворид гардида, системаи пардохти корти нақлиётӣ ба кор андохта шудааст.Дар назар аст, ки барои беҳтар намудани хизматрасонӣ 20 адад электробус ворид карда шавад, афзуд дафтари матбуоти ҳукумати Суғд. Инчунин мувофиқи нақша бунёди 13 адад сехҳои истеҳсолӣ ва таъмирӣ, нуқтаи таъмини сузишворӣ, шустушӯи нақлиёт, назорати даромаду баромади нақлиёти мусофиркашон ва фаъолияти муназзами он дар хатсайрҳо, ошхона, сехи рангуборкунӣ, чоҳи зеризаминӣ, ҳавзи захираи об барои сухторнишонӣ ва ғайра бунёд мешавад. "Дастгоҳу таҷҳизот аз кишварҳои Чин, Туркия ва Россия ворид гардида, имкон медиҳад то дар самти фаъолияти муассиса дигаргунии ҷиддӣ ва вавобгӯ ба талаботи замонави ҷорӣ гардад", - омадааст дар иттилоия. Раиси вилоят зимни шиносоӣ ҷиҳати назорати қатъии корҳои сохтмонӣ, воридоти дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ, сари вақту босифат ба итмом расонидани тамоми корҳо, мақсаднок истифодабарии маблағҳо дастур дод.
https://sputnik.tj/20231010/rustam-emomali-khostor-moshin-barqi-1059889525.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1e/1051045975_111:0:2842:2048_1920x0_80_0_0_777109ed6fadf646edfa6b51b2a76c04.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хуҷанд, электробус, ворид, нақлиёт, мусофирбарӣ
хуҷанд, электробус, ворид, нақлиёт, мусофирбарӣ
Навсозии инфрасохтори мусофирбарӣ дар Хуҷанд: электробусҳо ворид карда мешаванд
Раиси Суғд бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосирро дар корхонаи "Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд" шинос шуд
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Корхонаи "Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд" навсозӣ шуда, ба шаҳр мусофирбарҳои ҷадид ворид карда мешаванд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, айни замон татбиқи лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд" ҷараён дошта, то ин марҳила беш аз 50 дарсади корҳо ба сомон расонида шудааст.
Манбаъ афзуд, ки раиси Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти татбиқи лоиҳа шинос гардидааст, ки дар доираи он беш аз 100 адад автобуси мусофиркашон ворид гардида, системаи пардохти корти нақлиётӣ ба кор андохта шудааст.
Дар назар аст, ки барои беҳтар намудани хизматрасонӣ 20 адад электробус ворид карда шавад, афзуд дафтари матбуоти ҳукумати Суғд.
Инчунин мувофиқи нақша бунёди 13 адад сехҳои истеҳсолӣ ва таъмирӣ, нуқтаи таъмини сузишворӣ, шустушӯи нақлиёт, назорати даромаду баромади нақлиёти мусофиркашон ва фаъолияти муназзами он дар хатсайрҳо, ошхона, сехи рангуборкунӣ, чоҳи зеризаминӣ, ҳавзи захираи об барои сухторнишонӣ ва ғайра бунёд мешавад.
"Дастгоҳу таҷҳизот аз кишварҳои Чин, Туркия ва Россия ворид гардида, имкон медиҳад то дар самти фаъолияти муассиса дигаргунии ҷиддӣ ва вавобгӯ ба талаботи замонави ҷорӣ гардад", - омадааст дар иттилоия.
Раиси вилоят зимни шиносоӣ ҷиҳати назорати қатъии корҳои сохтмонӣ, воридоти дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ, сари вақту босифат ба итмом расонидани тамоми корҳо, мақсаднок истифодабарии маблағҳо дастур дод.