https://sputnik.tj/20231010/rustam-emomali-khostor-moshin-barqi-1059889525.html
Рустами Эмомалӣ хостори пурра ба мошинҳои барқӣ гузаштани ширкатҳои мусофирбарӣ шуд
Рустами Эмомалӣ хостори пурра ба мошинҳои барқӣ гузаштани ширкатҳои мусофирбарӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷаласаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, татбиқи барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 баррасӣ гардид
2023-10-10T18:59+0500
2023-10-10T18:59+0500
2023-10-10T18:59+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
мошин
рустами эмомалӣ
маҷлиси вакилони халқии шаҳрӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1f/1051077306_175:1201:2048:2254_1920x0_80_0_0_fc367d0a47b74103617cfe285bc3b301.jpg
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Раиси пойтахти Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ дастур додааст, ки ширкатҳои мусофирбарии шаҳр пурра ба низоми нақлиёти барқӣ гузаронида шаванд. Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, Рустами Эмомалӣ зимни ҷаласаи вакилони халқии пойтахт татбиқи Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028-ро баррасӣ кардаст. Аз ҷумла масъулинро муваззаф кардааст, ки барои беҳтар намудани хизматрасонии ширкатҳои кироякаши таксӣ, пурра ба низоми нақлиёти барқӣ гузаронидани паркҳои нақлиётии ширкатҳо, бунёд намудани нуқтаҳои барқгирӣ ва дигар масъалаҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд, омадааст дар иттилоия. Қабланг Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки дар доираи барномаи рушди худравҳои барқӣ, воридоти бештар, фароҳам овардани рушди инфрасохтор, бахши васлсозии ин қабил мошинҳо ва таҳкими он ҳамчун як бахши нав дар иқтисоди кишвар дар назар аст.Тоҷикистон ҳамзамон барои рафъи ҳавои олуда, барои воридкунандагони худравҳои барқӣ сабукиҳо, аз ҷумла озодӣ аз пардохти боҷи гумрукиро пешкаш кардаст.Қаблан вазири нақлиёти Тоҷикистон, Азим Иброҳим низ гуфт, ки ҳар сол ба кишвар аз хориҷа бо маблағи садҳо млн доллар маводи сӯзишворӣ ворид мегардад. Дар ҳоле ки ба гуфти ӯ зарфиятҳои истеҳсоли барқ ва истифода аз мошинҳои барқӣ дар кишвар хеле зиëд аст.
https://sputnik.tj/20230801/nabard-litiy-tilloi-tojikiston-1058584639.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1f/1051077306_0:768:2048:2304_1920x0_80_0_0_b68fc1a09041048ae3bdec7d92190d32.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гузариш, худрав, барқӣ, тоҷикистон, муваззаф
гузариш, худрав, барқӣ, тоҷикистон, муваззаф
Рустами Эмомалӣ хостори пурра ба мошинҳои барқӣ гузаштани ширкатҳои мусофирбарӣ шуд
Дар ҷаласаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, татбиқи барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Раиси пойтахти Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ дастур додааст, ки ширкатҳои мусофирбарии шаҳр пурра ба низоми нақлиёти барқӣ гузаронида шаванд.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, Рустами Эмомалӣ зимни ҷаласаи вакилони халқии пойтахт татбиқи Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028-ро баррасӣ кардаст.
Аз ҷумла масъулинро муваззаф кардааст, ки барои беҳтар намудани хизматрасонии ширкатҳои кироякаши таксӣ, пурра ба низоми нақлиёти барқӣ гузаронидани паркҳои нақлиётии ширкатҳо, бунёд намудани нуқтаҳои барқгирӣ ва дигар масъалаҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд, омадааст дар иттилоия.
Қабланг Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки дар доираи барномаи рушди худравҳои барқӣ, воридоти бештар, фароҳам овардани рушди инфрасохтор, бахши васлсозии ин қабил мошинҳо ва таҳкими он ҳамчун як бахши нав дар иқтисоди кишвар дар назар аст.
Тоҷикистон ҳамзамон барои рафъи ҳавои олуда, барои воридкунандагони худравҳои барқӣ сабукиҳо, аз ҷумла озодӣ аз пардохти боҷи гумрукиро пешкаш кардаст.
Қаблан вазири нақлиёти Тоҷикистон, Азим Иброҳим низ гуфт, ки ҳар сол ба кишвар аз хориҷа бо маблағи садҳо млн доллар маводи сӯзишворӣ ворид мегардад. Дар ҳоле ки ба гуфти ӯ зарфиятҳои истеҳсоли барқ ва истифода аз мошинҳои барқӣ дар кишвар хеле зиëд аст.