https://sputnik.tj/20231009/azsargiri-bino-navi-istgohi-rohi-ohan-khujand-1059867319.html
Азсаргирии сохтмони бинои нави Истгоҳи роҳи оҳан дар шаҳри Хуҷанд
Азсаргирии сохтмони бинои нави Истгоҳи роҳи оҳан дар шаҳри Хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти роҳи оҳани Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯяд, ки корҳои сохтмони истгоҳ (вокзал)-и роҳи оҳани “Хуҷанд” аз азсар гирифта шуд.
2023-10-09T17:59+0500
2023-10-09T17:59+0500
2023-10-09T18:13+0500
дар тоҷикистон
роҳи оҳан
хуҷанд
суғд
бино
сохтмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102400/84/1024008406_0:321:3070:2048_1920x0_80_0_0_41893a1cb918cba8ae47787b9351d14c.jpg
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Сохтмони бинои нави истгоҳ (вокзал)-и нави роҳи оҳани “Хуҷанд”бомаром идома дорад ва дар ҳоли ҳозир ҳаҷми корҳои иҷрошуда 70%-ро ташкил медиҳад.Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон сардори Идораи Роҳи оҳан дар минтақаи Хуҷанд Убайдулло Обидов иттилоъ дод.Ба иттилои вай , айни замон қолаби чорошёнаи бино, инчунин бинои таҳхона сохта шудааст ва корҳои сохтмонӣ айни замон 70%-ро ташкил медиҳад.Ба иттилои манбаъ, ин бино аз ҳисоби КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” сохта мешавад ва барои сохтмони ин бино ин корхона ҳудуди 6 млн сомонӣ ҷудо намудааст.Ба иттилои манбаъ, қарор аст маросими тантанавии ифтитоҳи бинои нави истгоҳи роҳи оҳан дар рӯзҳои ҷашни Рӯзи ваҳдат дар соли оянда баргузор мешавад.Ёдовар мешавем, ки бинои пешинаи якошёнаи вокзал ҳанӯз соли 2011 тахриб шуда, соли 2012 бунёди бинои чорошёнаи вокзал оғоз гардида буд.Бо сабаби мушкили молиявӣ сохтмони бинои нави вокзал ба муддати якчанд сол мавқуф гузошта шуд.
https://sputnik.tj/20230731/sodiroti-alumin-madan-tojikiston-1058538573.html
хуҷанд
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102400/84/1024008406_339:0:3070:2048_1920x0_80_0_0_57bb1f9fe8af80aa4b1dfe3cfdba2734.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, хуҷанд, вокзал, истгоҳ, сохтмон, идома, роҳи оҳан
тоҷикистон, суғд, хуҷанд, вокзал, истгоҳ, сохтмон, идома, роҳи оҳан
Азсаргирии сохтмони бинои нави Истгоҳи роҳи оҳан дар шаҳри Хуҷанд
17:59 09.10.2023 (Навсозишуда: 18:13 09.10.2023) Мақомоти роҳи оҳани Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯяд, ки корҳои сохтмони истгоҳ (вокзал)-и роҳи оҳани “Хуҷанд” аз азсар гирифта шуд.
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Сохтмони бинои нави истгоҳ (вокзал)-и нави роҳи оҳани “Хуҷанд”бомаром идома дорад ва дар ҳоли ҳозир ҳаҷми корҳои иҷрошуда 70%-ро ташкил медиҳад.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон сардори Идораи Роҳи оҳан дар минтақаи Хуҷанд Убайдулло Обидов иттилоъ дод.
Ба иттилои вай , айни замон қолаби чорошёнаи бино, инчунин бинои таҳхона сохта шудааст ва корҳои сохтмонӣ айни замон 70%-ро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ин бино аз ҳисоби КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” сохта мешавад ва барои сохтмони ин бино ин корхона ҳудуди 6 млн сомонӣ ҷудо намудааст.
Ба иттилои манбаъ, қарор аст маросими тантанавии ифтитоҳи бинои нави истгоҳи роҳи оҳан дар рӯзҳои ҷашни Рӯзи ваҳдат дар соли оянда баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки бинои пешинаи якошёнаи вокзал ҳанӯз соли 2011 тахриб шуда, соли 2012 бунёди бинои чорошёнаи вокзал оғоз гардида буд.
Бо сабаби мушкили молиявӣ сохтмони бинои нави вокзал ба муддати якчанд сол мавқуф гузошта шуд.