https://sputnik.tj/20230731/sodiroti-alumin-madan-tojikiston-1058538573.html
Содироти алюмину маъдан аз Тоҷикистон тариқи роҳи оҳан кам шудааст
Содироти алюмину маъдан аз Тоҷикистон тариқи роҳи оҳан кам шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Дар нимсолаи якуми соли 2023 ҳаҷми боркашонӣ тариқи роҳи оҳани Тоҷикистон 3,2 млн тонро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 % зиёд аст
2023-07-31T09:00+0500
2023-07-31T09:00+0500
2023-07-31T09:00+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
бор
роҳи оҳан
зиёд шуд
кам
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0b/1057050999_0:56:3252:1885_1920x0_80_0_0_7974da38cab6ed85f4eb942dcbf70e17.jpg
ДУШАНБЕ, 31 июл – Sputnik. Содироти молҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон тариқи роҳи оҳан беш аз 378 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 170 ҳазор тонна кам мебошад. Дар ин бора КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" иттилоъ дода, молҳоеро ном бурдаст, ки содироташон кам шудааст. Ба иттилои ин корхона, аз ҷумла содироти пахта қариби 15 ҳазор тон, маҳсулоти зудвайроншаванда қариби 20 ҳазор тонна, меваҳои хушк 8,3 ҳазор тонна, алюмин беш аз 6 ҳазор тонна, маъдани ранга 57 ҳазор тонна кам шудааст. Содироти семент аз тариқи роҳи оҳани Тоҷикистон низ ба андозаи беш аз 79 ҳазор тон кам гардидааст. Воридоти молҳои хоҷагии халқ тариқи роҳи оҳан ба 2,5 млн тон баробар гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 626 ҳазор тонна зиёд мебошад. Аз ҷумла воридоти бензин ба андозаи 65 ҳазор тонна, сӯзишвории реактивӣ беш аз 19 ҳазор тонна, мазут 28,5 ҳазор тонна, равғанҳои молиданӣ 2,6 ҳазор тонна, гази моеъ беш аз 64 ҳазор тонна, сӯзишвории дизелӣ 67 ҳазор тонна, орд 26 ҳазор тон афзоиш ёфтааст. Мақомоти бахши нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, ҳиссаи роҳи оҳан дар интиқоли байналмиллалии бор назаррас буда, 70%-и борҳо ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд.Таъкид шудааст, ки ҷиҳати дастгирии мизоҷони ватанӣ дар самти боркашонӣ, аз ҷумла содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз 30% то 80% сабукиҳо пешниҳод шудаанд.
https://sputnik.tj/20230730/panj-shirkat-havoi-rusi-tojikiston-musofirbari-1058534905.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0b/1057050999_32:0:2763:2048_1920x0_80_0_0_bd7fa884af741070b022914d0e0c428e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш, коҳиш, содирот, воридот, роҳ, оҳан
афзоиш, коҳиш, содирот, воридот, роҳ, оҳан
Содироти алюмину маъдан аз Тоҷикистон тариқи роҳи оҳан кам шудааст
Дар нимсолаи якуми соли 2023 ҳаҷми боркашонӣ тариқи роҳи оҳани Тоҷикистон 3,2 млн тонро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 % зиёд аст
ДУШАНБЕ, 31 июл – Sputnik. Содироти молҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон тариқи роҳи оҳан беш аз 378 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 170 ҳазор тонна кам мебошад.
Дар ин бора КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" иттилоъ дода, молҳоеро ном бурдаст, ки содироташон кам шудааст.
Ба иттилои ин корхона, аз ҷумла содироти пахта қариби 15 ҳазор тон, маҳсулоти зудвайроншаванда қариби 20 ҳазор тонна, меваҳои хушк 8,3 ҳазор тонна, алюмин беш аз 6 ҳазор тонна, маъдани ранга 57 ҳазор тонна кам шудааст.
Содироти семент аз тариқи роҳи оҳани Тоҷикистон низ ба андозаи беш аз 79 ҳазор тон кам гардидааст.
Воридоти молҳои хоҷагии халқ тариқи роҳи оҳан ба 2,5 млн тон баробар гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 626 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Аз ҷумла воридоти бензин ба андозаи 65 ҳазор тонна, сӯзишвории реактивӣ беш аз 19 ҳазор тонна, мазут 28,5 ҳазор тонна, равғанҳои молиданӣ 2,6 ҳазор тонна, гази моеъ беш аз 64 ҳазор тонна, сӯзишвории дизелӣ 67 ҳазор тонна, орд 26 ҳазор тон афзоиш ёфтааст.
Мақомоти бахши нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, ҳиссаи роҳи оҳан дар интиқоли байналмиллалии бор назаррас буда, 70%-и борҳо ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд.
Таъкид шудааст, ки ҷиҳати дастгирии мизоҷони ватанӣ дар самти боркашонӣ, аз ҷумла содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз 30% то 80% сабукиҳо пешниҳод шудаанд.