Роҳбандии қариб думоҳа дар Душанбе - тасвирбаён

Обуна шудан
Ба далели анҷоми корҳои сохтмонӣ дар яке аз кӯчаҳои ноҳияи Синои Душанбе ҳаракати тамоми воситаҳои нақлиёт дар ин самт то охири ноябр масдуд мегардад
То 30 ноябр ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз кӯчаи Ҳабибулло Назаров то назди бинои "Элит-строй-сервис" -и пойтахт муваққатан қатъ мегардад.
Дар ин бора шаҳрдории Душанбе бо нашри як иттилоия хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, қатъ гардидани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ба далели корҳои сохтмонӣ ва навсозии кӯчаи Ҳуснободи ноҳияи Сино амалӣ мегардад.
Норов: Тоҷикистон ба долони иқтисодии транзитӣ табдил меёбад
"Аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш мешавад, ки талаботи аломатҳои роҳ ва дигар нишонаҳои гузоштаро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати он истифода намоянд", - омадааст дар муроҷиатнома.
Маврид ба зикр аст, ки солҳои охир дар шаҳри Душанбе сохтмону таҷдиди роҳҳо авҷ гирифта, ҳангоми татбиқи корҳои сохтмонӣ ҳаракат дар ҷодаҳо маҳдуд мешавад.
Шаҳрдорӣ мегӯяд, маҳдудиятҳо бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ роҳандозӣ мегардад.
Лентаи хабарҳо
0