https://sputnik.tj/20230901/norov-tojikiston-doloni-iqtisodi-tranziti-tabdil-1059175396.html
Норов: Тоҷикистон ба долони иқтисодии транзитӣ табдил меёбад
Норов: Тоҷикистон ба долони иқтисодии транзитӣ табдил меёбад
Sputnik Тоҷикистон
Дабири кулли СҲШ эълон кардааст, ки давлати Тоҷикистон барои сохтмон ва бозсозии роҳ дар қисмати шарқи кишвар беш аз 200 млн доллар масраф хоҳад кард
2023-09-01T16:59+0500
2023-09-01T16:59+0500
2023-09-01T17:26+0500
дар тоҷикистон
бозсозӣ
роҳ
сохтмон
сҳш
вмкб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102909/02/1029090248_0:0:3069:1727_1920x0_80_0_0_0ea1529ca3cf640f968ad495ecca51d7.jpg
ДУШАНБЕ, 1 сен – Sputnik. Собиқ дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай дар саҳифи иҷтимоиаш навиштааст, ки Тоҷикистон барои сохтмон ва бозсозии роҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарқи кишвар 2,5 млрд сомонӣ (227 млн доллар) масраф хоҳад кард.Ёдовар мешавем, ки қаблан кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай эълон карда буданд, ки ният доранд, долонҳои нақлиётию транзитии минтақавӣ ташкил кунанд.Чунин изҳорот дар баёнияи муштараке, ки дар паи ҷаласаи 21-уми Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои СҲШ қабул шуд, омада буд."Роҳбарони ҳайатҳо нияти кишварҳои узвро ҷиҳати ноил шудан ба истифодаи самараноки иқтидори транзити СҲШ, ташаккули долонҳои нақлиётию транзити минтақавӣ, татбиқи лоиҳаҳои бузург, ки ба таҳкими ҳамбастагии нақлиётӣ дар фазои созмон мусоидат мекунанд, тасдиқ намуданд", - гуфта мешуд дар ҳуҷҷат.Кишварҳои узви СҲШ дар да ин маҷлис таъсиси хатсайрҳои нав ва модернизатсияи хатсайрҳои мавҷудаи байналмилалиро ҳам барои нақлиёти автомобилӣ ва ҳам роҳи оҳан қайд карда буданд.
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102909/02/1029090248_112:0:2843:2048_1920x0_80_0_0_b7ef212015473adfe6a88e33feca4a1e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, владимир норов, долони транзитӣ, сҳш, бозсозӣ, иқтисод, сохтмон, бозсозӣ, роҳ
тоҷикистон, владимир норов, долони транзитӣ, сҳш, бозсозӣ, иқтисод, сохтмон, бозсозӣ, роҳ
Норов: Тоҷикистон ба долони иқтисодии транзитӣ табдил меёбад
16:59 01.09.2023 (Навсозишуда: 17:26 01.09.2023) Собиқ дабири кулли СҲШ эълон кардааст, ки давлати Тоҷикистон барои сохтмон ва бозсозии роҳ дар қисмати шарқи кишвар беш аз 200 млн доллар масраф хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 1 сен – Sputnik. Собиқ дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай дар саҳифи иҷтимоиаш навиштааст, ки Тоҷикистон барои сохтмон ва бозсозии роҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарқи кишвар 2,5 млрд сомонӣ (227 млн доллар) масраф хоҳад кард.
“Сохтмони ин роҳ на танҳо барои аҳолии минтақа аҳамияти бузурги иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад, балки дар ояндаи наздик ба долони иқтисодии транзитӣ байни Чин-Тоҷикистон-Афғонистони Шимолӣ ва Чин-Тоҷикистон-Ӯзбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия-Аврупо табдил хоҳад ёфт”,- таъкид кардааст оқои Норов.
Ёдовар мешавем, ки қаблан кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай эълон карда буданд, ки ният доранд, долонҳои нақлиётию транзитии минтақавӣ ташкил кунанд.
Чунин изҳорот дар баёнияи муштараке, ки дар паи ҷаласаи 21-уми Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои СҲШ қабул шуд, омада буд.
"Роҳбарони ҳайатҳо нияти кишварҳои узвро ҷиҳати ноил шудан ба истифодаи самараноки иқтидори транзити СҲШ, ташаккули долонҳои нақлиётию транзити минтақавӣ, татбиқи лоиҳаҳои бузург, ки ба таҳкими ҳамбастагии нақлиётӣ дар фазои созмон мусоидат мекунанд, тасдиқ намуданд", - гуфта мешуд дар ҳуҷҷат.
Кишварҳои узви СҲШ дар да ин маҷлис таъсиси хатсайрҳои нав ва модернизатсияи хатсайрҳои мавҷудаи байналмилалиро ҳам барои нақлиёти автомобилӣ ва ҳам роҳи оҳан қайд карда буданд.