https://sputnik.tj/20230927/ghizo-libos-dastur-rahmon-general-mavrid-navaskaron-1059628943.html
Ғизою либоси хуб диҳед: Дастури Раҳмон ба генералҳо дар мавриди даъвати наваскарон
Ғизою либоси хуб диҳед: Дастури Раҳмон ба генералҳо дар мавриди даъвати наваскарон
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низомӣ машварати корӣ баргузор намуда, аз даъвати тирамоҳии наваскарон гуфт
2023-09-27T13:29+0500
2023-09-27T13:29+0500
2023-09-27T13:37+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
эмомалӣ раҳмон
президент
даъват
даъвати тирамоҳӣ
сарбозон
генерал
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/1b/1059628596_0:143:3072:1871_1920x0_80_0_0_2f09246479612ffefac8dae34d254cd2.jpg
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ муташаккилона гузаронида шавад. Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон дар машварати корӣ бо иштироки генералҳои баландпоя таъкид кардаст. Дар ҷаласа аз ҷумла додситони кулли Тоҷикистон, Юсуф Раҳмон, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймуъмин Ятимов, вазири мудофиа Шералӣ Мирзо ва дигар генералҳо иштирок доштанд. Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба мақомдорони бахши низомӣ таъкид кардаст, ки бо сару либос ва озуқаворӣ хизматчиёни ҳарбии қувваҳои мусаллаҳ ҳарчи беҳтар таъмин шаванд. Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон даъвати тирамоҳӣ моҳҳои октябр ва нояб идома хоҳад дошт. Тайи ин муддат шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005-и Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ даъват мегарданд. Ахиран ба прокуророни ҳарбии гарнизонҳои Тоҷикистон дастур дода шуд, ки назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонун дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбиро таҳким бахшанд.Додситонҳои низомӣ дастур гирифтанд, ки назоратро дар кори комиссияҳои даъват ва комиссариатҳои ҳарбӣ боз ҳам пурзӯр созанду барои пешгирию бартараф кардани омилҳои коррупсионӣ ва минбаъд роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо қарорҳои лозимӣ қабул намоянд.
https://sputnik.tj/20230922/sarboz-navisandai-konibodom-zindon-mahkum-1059546452.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/1b/1059628596_46:0:2777:2048_1920x0_80_0_0_cc7d5d4b8065748ec570dbbdc274d059.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
супориш, эмомалӣ раҳмон, дастур, сарбозон, тирамоҳӣ, наваскарон
супориш, эмомалӣ раҳмон, дастур, сарбозон, тирамоҳӣ, наваскарон
Ғизою либоси хуб диҳед: Дастури Раҳмон ба генералҳо дар мавриди даъвати наваскарон
13:29 27.09.2023 (Навсозишуда: 13:37 27.09.2023) Раисҷумҳури Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низомӣ машварати корӣ баргузор намуда, аз даъвати тирамоҳии наваскарон гуфт
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ муташаккилона гузаронида шавад.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон дар машварати корӣ бо иштироки генералҳои баландпоя таъкид кардаст.
Дар ҷаласа аз ҷумла додситони кулли Тоҷикистон, Юсуф Раҳмон, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймуъмин Ятимов, вазири мудофиа Шералӣ Мирзо ва дигар генералҳо иштирок доштанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба мақомдорони бахши низомӣ таъкид кардаст, ки бо сару либос ва озуқаворӣ хизматчиёни ҳарбии қувваҳои мусаллаҳ ҳарчи беҳтар таъмин шаванд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон даъвати тирамоҳӣ моҳҳои октябр ва нояб идома хоҳад дошт. Тайи ин муддат шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005-и Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ даъват мегарданд.
Ахиран ба прокуророни ҳарбии гарнизонҳои Тоҷикистон дастур дода шуд, ки назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонун дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбиро таҳким бахшанд.
Додситонҳои низомӣ дастур гирифтанд, ки назоратро дар кори комиссияҳои даъват ва комиссариатҳои ҳарбӣ боз ҳам пурзӯр созанду барои пешгирию бартараф кардани омилҳои коррупсионӣ ва минбаъд роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо қарорҳои лозимӣ қабул намоянд.