Намояндагиҳои бонкҳои АМА дар Тоҷикистон боз мешаванд?

© Хадамоти матбуоти БМТМулоқоти Фирдавс Толибзода бо ҷаноби Салем Ал-Ҳармӣ
Мулоқоти Фирдавс Толибзода бо ҷаноби Салем Ал-Ҳармӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2023
Обуна шудан
Намояндагони Бонки марказии АМА бо роҳбарияти Бонки миллӣ кушодани намояндагиҳо ва филиалҳои бонкҳои ин кишвар дар Тоҷикистон баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Ахиран мулоқоти муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс бо мудири бахши робита бо ташкилотҳои давлатӣ ва суратҳисобҳои ғайрибонкии Бонки марказии Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) Салем Ал-Ҳармӣ сурат гирифт.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти Бонки милии Тоҷикистон хабар додааст.
Фирдавс Толибзода зимни мулоқот изҳор дошт, ки феълан дар Тоҷикистон барои ҷалби сармояи мустақим ва фаъолияти озоду бемамонияти сармоягузорони хориҷӣ дар бахши иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ шароити хуби фаъолият ва заминаи меъёрию ҳуқуқии мукаммал муҳайё карда шудааст.
Салем Ал-Ҳармӣ зимни ин мулоқот қайд кард, ки ҳавасмандии худро барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла низоми бонкӣ баён дошт.
Председатель Национального банка Таджикистана Холикзода Хоким - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2023
Раиси БМТ аз рушди иқтисоду ММД-и Тоҷикистон ва доллар гуфт
Зимни мулоқот махсус масъалаҳои марбут ба кушодани намояндагиҳо ва филиалҳои бонкҳои АМА дар Тоҷикистон, имконияти саҳмгузорӣ ба сармояи бонкҳои Тоҷикистон аз ҷониби сармоягузорони ин кишвар, баррасӣ шуд.
Инчунин тарафҳо мсъалаи бонкдории исломӣ, кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни бонкҳои марказии АМА ва Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни низоми бонкӣ, аз ҷумла табодули маълумот ва омӯзиши таҷрибаи АМА дар самти бонкдории исломӣ баррасӣ карданд.
Илова бар ин, ҷонибҳо бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд байни бонкҳои марказии АМА ва Тоҷикистон дар самтҳои мухталифи бахши бонкӣ ва ба имзо расонидани лоиҳаи нави Ёддошти тафоҳум дар самти мубодилаи маълумот ва таҷриба миёни бонкҳои марказӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Лентаи хабарҳо
0