Болтаев барои Тоҷикистон медали тило овард

© AFP 2023 / WANG ZHAOТаджикский боксер Давлат Болтаев на Азиаде - 2023
Таджикский боксер Давлат Болтаев на Азиаде - 2023 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2023
Обуна шудан
Муштзани тоҷик дар 19-умин Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу медали тило гирифт. Ҳамин тариқ нишони тило дар сандуқи варзишии Тоҷикистон аз ин мусобиқа ба 2 адад расид
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Давлат Болтаев барандаи нишони тилои 19-умин Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу дар вазни то 92 кило шуд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Болтаев дар даври ниҳоӣ бо муштзани чинӣ, Хуажен Хан вориди майдон шуда, бо қарори доварон бо ҳисоби 3:2 пирӯз эълон гардид.
То роҳ ёфтан ба даври ниҳоӣ Болтаев муштзани Кореяи Ҷанубӣ, Ҷаеминг Ҷионгро шикаст дод.
Ин дуюмин нишони тилои Тоҷикистон аз 19-умин Бозиҳои Осиё дар Чин мебошад. Нахустин нишони тилоро аз ин мусобиқа ҷудокор Сомон Маҳмадбеков ба даст овард. Темур Раҳимов дар вазни зиёда аз 100 кило нишони нуқра ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кило нишони биринҷӣ гирифта буданд.
Олимпийские кольца. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2023
Дар Бозиҳои олимпии Порис пӯшидани ҳиҷоб иҷозат дода хоҳад шуд?
Паҳлавонони тоҷик Ҳақназар Назаров ва Хайрандеш Муродзода дар риштаи кураш медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ қаблан қарор кард, варзишгароне, ки дар Бозиҳои Осиё медали тило ба даст меоранд, соҳиби хонаи сеҳуҷрагӣ дар пойтахт мешаванд. Шаҳрдорӣ барои медали нуқра хонаи дуҳуҷрагӣ ва барои нишони биринҷӣ хонаи якҳуҷрагӣ мукофот таъйин намудаст.
Дар баробари хонаи истиқоматӣ барои ҳар медали ин мусобиқот ҷоизаи президенти Тоҷикистон таъйин шудааст, ки барои нишони тило - 150 ҳазор сомонӣ, медали нуқра - 100 ҳазор сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0